Ин нахустин марҳила аз тарҳи сулҳи президенти Амрико Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанге аст, ки беш аз 67 ҳазор кушта ба ҷой гузошт ва тайи ду сол Ховари Миёнаро дигаргун кард.
Музокирот миёни Исроил ва намояндагони "Ҳамос" бар сари оташбас, рӯзи 6 октябр -- як рӯз пеш аз дуввумин солгарди ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил, дар Миср оғоз шуд.
Доналд Трамп шоми чаҳоршанбе дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, "бо бисёр ифтихор эълон мекунам, ки Исроил ва "Ҳамос" ҳар ду марҳилаи аввали тарҳи сулҳро имзо карданд. Ин яъне ҳама гаравгонҳо ба зудӣ озод хоҳанд шуд ва Исроил нерӯҳои худро то хатти тавофуқшуда ақиб хоҳад кашид, ҳамчун нахустин гом ба сӯи сулҳи пойдор, маҳкам ва ҳамешагӣ".
Агар ин созиш ба таври комил иҷро шавад, ду тарафро ба қатъи ҷанг наздик хоҳад кард. Ҷанге, ки ба як даргирии минтақавӣ табдил шуд, -- кишварҳои Эрон, Яман ва Лубнонро даргир кард ва Исроилро дар инзивои бештари байналмилалӣ қарор дод.
Нашри хабари созиш, боиси ҷашн дар Исроил, Ғазза ва фаротар аз он шуд. Хонаводаҳои гаравгонҳои исроилӣ дар сарзамини худ ба оташбозӣ пардохтанд ва фаластиниҳо бо каф задан ва шодӣ аз эҳтимоли поёни хунрезӣ, истиқбол карданд.
Аммо созише, ки Доналд Трамп шоми чаҳоршанбе эълон кард, ҷузъиёти зиёде надошт ва пурсишҳои бепосухеро боқӣ гузоштааст, ки метавонад монанди талошҳои пешини сулҳ, шикананда бошад.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, рӯзи панҷшанбе вазирони ҳукумати худро барои қабули созиш даъват мекунад. Ӯ дар баёнияе гуфт, "бо қабули марҳилаи аввали тарҳ, ҳама гаравгонҳои мо ба хона боз хоҳанд гашт. Ин муваффақияти дипломатӣ ва пирӯзии миллӣ ва ахлоқӣ барои давлати Исроил аст".
"Ҳамос" низ тасдиқ кардааст, ки созише барои поёни ҷанг ба даст омадааст ва гуфт, ин тавофуқ шомили хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза ва мубодилаи гаравгонҳо ва зиндониён аст.
Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин рӯз "Ҳамос" 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 тани дигарро ба гарав бурд. Дар пайи ҳамлаҳои наздик ба ду соли Исроил ба Ғазза, 67 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Гуфтугӯ