Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил баъди кушта шудани ду сарбозаш ба чанд макон дар Ғазза ҳамла кард


Ғазза. 19 октябри соли 2025
Ғазза. 19 октябри соли 2025

Исроил рӯзи якшанбеи 19-уми октябр дар посух ба кушта шудани ду сарбозаш ба чандин макон дар Навори Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Мақомоти Исроил гуфтанд, аз таркиши як мушаки зиддитонкӣ ва ҳамчунин тирандозии ҷангҷӯён ба неруҳои исроилӣ дар Рафаҳ, ду сарбози ин кишвар кушта шудаанд.

Исроил гуфтааст, чанд макони вобаста ба "Ҳамос", аз ҷумла як нақб ва анборҳои силоҳро ҳадаф қарор додааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, дастур додааст, ки артиш "ба таври қотеъ" ба "нақзи оташбас аз сӯи Ҳамос" посух диҳад.

Артиши Исроил баъди иҷрои ин ҳамлаҳо ба Ғазза эълом кард, ки “неруҳои дифоии ин кишвар ҳамчунон ба тавофуқи оташбас пойбанд хоҳанд буд ва ба ҳаргуна нақзи он посух медиҳанд”.

Шохаи низомии "Ҳамос" ҳам эълом кардааст, ки оташбасро риоя мекунад ва аз даргириҳо дар Рафаҳ хабар надоштааст. Мақомоти "Ҳамос" гуфтанд, аз моҳи март ба ин тараф бо гуруҳҳои ҳозир дар минтақаи Рафаҳ робита надоранд. "Ҳамос" аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Созмони дифои мадании Ғазза, ки зери назари "Ҳамос" фаъолият мекунад гуфт, бар асари ҳамлаҳои Исроил 33 нафар дар саросари Ғазза кушта шудаанд. Баъзе сокинони Ғазза гуфтаанд, Исроил ба як мактаб дар минтақаи Нусайрот ҳамла кард, ки гурезаҳо онҷо меистоданд.

Дар ҳамин ҳол як мақоми амниятии Исроил 19-уми октябр гуфт, ин кишвар вурудҳои кумакҳоро ба Ғазза муваққатан манъ мекунад, зеро ба гуфтаи ӯ "Ҳамос" ба таври ошкоро тавофуқи оташбасро нақз кардааст. Бо ин ҳол, расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки интиқоли кумакҳо ба Ғазза аз рӯзи душанбеи 20-уми октябр ва дар пайи фишорҳои Амрико оғоз мешавад. Вебсайти "Аксиос" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт, Исроил ба Вашингтон иттилоъ додааст, ки гузаргоҳро аз субҳи душанбе барои вуруди кумакҳо ба Ғазза боз хоҳад кард.

Тавофуқи оташбас дар Ғазза 13-уми октябр дар Миср имзо шуд ва ба ҷанги дусола дар ин минтақа поён дод. Созиши сулҳ миёни Исроил ва “Ҳамос” бо талошҳои чор кишвар ва тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба даст омад. Доналд Трамп дар ин маросим гуфт, ки ҷанги дусола дар Ғазза поён ёфт.

Ғазза пас аз ду соли ҷанг ба харобазор табдил ёфтааст. Мардуми Ғазза дар ҷустуҷӯи сарпаноҳ ва пайдо кардани ғизо ҳастанд, ки ҳоло кишвару созмонҳои байналмилалӣ ба ин борика интиқол медиҳанд.

Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар ду соли ахир беш аз 67 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуд. Исроил пас аз он ба ин минтақа ҳамла кард, ки ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ин кишвар ворид шуда, 1200 нафарро кушт ва 250 нафарро гаравгон гирифт.

XS
SM
MD
LG