Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари арабиву исломӣ аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хостаанд, қатъномаи пешниҳодии Амрико дар бораи сулҳи Ғаззаро фавран қабул кунад. Дар ин қатънома бори аввал ба имкони ташкили кишвари Фаластин ишора шудааст.
Амрико, Қатар, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Покистон, Урдун ва Туркия рӯзи ҷумъаи 14-уми ноябр ҳимояти муштараки худро аз қатъномаи пешниҳодии Амрико эълон карданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи гузашта матни пешакии ин қатъномаро дар Шӯрои амният матраҳ кард. Ин санад идомаи оташбас дар Навори Ғаззаро бар асоси тарҳи пешниҳоди сулҳи Доналд Трамп пешбинӣ мекунад. Бархилофи нусхаҳои қаблӣ, дар қатъномаи нав бори аввал ба имкони ташкили кишвари Фаластин ишора шудааст.
Тавофуқи оташбас дар Ғазза 13-уми октябр дар Миср имзо шуд ва ба ҷанги дусола дар ин минтақа поён дод. Бо гузашти як моҳ аз имзои ин санад, мақомдорони Амрико, Исроил ва Созмони Милал ин оташбасро "шикананда" тавсиф карданд.
Хабаргузории Фаронса навиштааст, тибқи пешнависи қатънома як шӯрои сулҳ барои Ғазза ба унвони ниҳоди интиқолӣ ташкил мешавад. Ба қавли манбаъ, роҳбарии ин шӯро ба таври рамзӣ ба уҳдаи Доналд Трамп хоҳад буд ва ин ниҳод то поёни соли 27 амал мекунад.
Қатъномаи пешниҳодии Амрико ҳамчунин эҷоди "нерӯи муваққати байнулмилалии субот"-ро дар Ғазза дар назар дорад. Бар асоси ин пешниҳод Исроил, Миср ва пулиси омӯзишдидаи фаластинӣ таъмини амният дар минтақаҳои марзӣ ва халъи силоҳи гуруҳҳои мустақар дар Ғаззаро ба уҳда хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол Русия низ нусхаи пешнависи қатъномаи дигарро дар ихтиёри аъзои Шӯрои амният гузоштааст. Дар ин санад ба ташкили шӯрои сулҳ ва истиқрори нерӯи байнулмилалӣ ишора шудааст.
Бар асоси гузоришҳо, Русия аз Дабири кулли СММ мехоҳад гузоришеро дар бораи имкони фиристодани нерӯи таъмини субот ба Ғазза таҳия кунад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, ки рад шудании пешниҳоди ин кишвар пайомадҳои ҷидӣ барои сулҳ дар минтақа хоҳад дошт.
Қарор аст Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи душанбеи 17-уми ноябр қатъномаи Амрикоро ба овоз монад. Ин раъйгирӣ метавонад оташбас ва ояндаи сиёсии Навори Ғаззаро мушаххас кунад.
Дар остонаи овоздиҳӣ ба қатъномаи Амрико дар Шӯрои амният, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар зери фишори вазирони тундрави кобинааш ба ташкили ҳаргуна ҳукумати фаластинӣ мухолифат кард.