Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаҳои сокинон сарду торик мешавад. “Лимит” ё корҳои “профилактикӣ”?


Сокинон барои ғизо омода кардан аз гази моеъ истифода мекунанд, ки чандон бехатар нест.
Сокинон барои ғизо омода кардан аз гази моеъ истифода мекунанд, ки чандон бехатар нест.

Сокинони аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки чанд рӯзи ахир интиқоли нерӯи барқ беогоҳӣ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.

Ин шикоятҳо аз Кӯлобу Данғара то Рӯдакию Ваҳдат ва Исфараю Масчоҳро дар бар мегиранд. Мардум мегӯянд, рӯзона аз соати 8 то 17 ва шабона аз 21 то 5-и субҳ барқ қатъ мешавад, аммо далелашро намедонанд.

Солҳои пеш маъмулан аз охири моҳи октябр ё ноябр мақомот дар интиқоли нерӯи барқ ба хонаи сокинон маҳдудият эълон мекарданд, вале имсол бидуни ҳеч огоҳӣ барвақттар “лимит” оғоз шудааст.

Фотима Солиева, сокини деҳаи Меҳани шаҳри Ваҳдат мегӯяд, се рӯз шуд рӯзона аз соати 8 то 16 барқ надоранд ва касе ҳам сабабшро нагуфтааст. “Намедонем, ки лимит ҳаст ё не. Ҳозир минтақаи мо таъмири роҳ рафта истодааст. Гуфтем, шояд ягон пояи барқро дуруст мекунанд ё ягон кори дигар, шояд барои ҳамин кушта бошанд”.

Видеоро инҷо бинед:

Лимити истифодаи нерӯйи барқ ҷорӣ шуд ё ин таъмири шабака аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Вале сокинон мегӯянд, бебарқӣ рӯзгори бе ин ҳам мушкили онҳоро мушкилтар кардааст. Мастура Солиева, сокини дигари шаҳри Ваҳдат мегӯяд, акнун маҷбур шудаанд худро барои бебарқӣ омода кунанд ва ба газу дегдони аловӣ рӯй биёранд.

Ӯ гуфт, хонаҳояшон торик мешавад ва на оби гарм доранд, на ғизои дуруст омода карда метавонанд. Бо қатъи барқ низ интиқоли об ба хонаҳояшон қатъ мешавад.

Даҳҳо нафар аз гӯшаву канори кишвар ба Радиои Озодӣ бо ирсоли навору далелҳо хостори донистани сабаби вазъ шудаанд. Мақомот ҷорӣ шудан реҷа ё “лимит”-ро тасдиқ намекунанд.

Дӯстмурод Тоҳиров, сартанзимгари Шабакаҳои интиқоли барқи Тоҷикистон мегӯяд, онҳо то 1-уми октябр низоми тақсимоти барқии кишварро ба давраи тирамоҳу зимистон омода мекунанд ва корҳои “профилактикӣ” мегузаронанд, аммо ин “лимит нест”.

“Танҳо супориш шуд, ки ҳамин хатҳои барқӣ, зеристгоҳҳо, трансформаторҳо, генераторҳоро дар Норак ва тамоми ҷойҳои дигар барои давраи тирамоҳу зимистон омода бошанд. То 1 октябр, давомашро намедонам”,--илова кард Тоҳиров.

Сокинони пойтахт низ дар баробари манотиқи дигар, аз бебарқӣ шикоят доранд. Бошандагони шаҳру навоҳии минтақаи Кулоб бо ирсоли наворҳо иддао мекунанд, ки шуруъ аз 22-юми сентябр дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7 соат барқ доранд.

Аммо як масъули баландпояи Шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном барем, ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шуруъ аз 23-юми сентябр расман дастури ҷорӣ кардани лимити барқро гирифтаанд ва эҳтимол якуми октябр барои аҳолӣ низ ба таври расмӣ эълон шавад. Аммо ниҳодҳои масъул дар Тоҷикистон вазъро барои мардум расман шарҳ намедиҳанд.

Солҳост дар Тоҷикистон бо оғози фасли тирамоҳ реҷаи нақшавии додани барқ ҷорӣ мешавад, ки мақомот онро ба кам шудани ҳаҷми об дар обанбори неругоҳи Норак рабт медиҳанд. Ба ҷуз пойтахт, шаҳрҳо ва маркази вилоятҳо, сокинони манотиқи дигари кишвар умдатан дар як шабонарӯз 7-8 соат барқ доранд. Ин маҳдудият аз охирҳои моҳи сентябр то нимаҳои моҳи апрел идома мекунад. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба барқ дар маҷмуъ 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ аст. Ҳарчанд бино ба омори расмӣ дар нимаи аввали соли 2025 аллакай 11,8 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст.

Аммо зоҳиран мардуми Тоҷикистон ду-се соли ахир чунин аҳвол хоҳанд дошт, зеро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, декабри соли 2024 дар паёме ба порлумон гуфт, то моҳи майи соли 2027 "норасоии нерӯи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад". Ҳарчанд аз ин пештар низ ин гуна ваъда шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG