Ба гуфтаи роҳбарияти нерӯгоҳ, бо фаро расидани моҳи сеюми тобистон ҳам, об то ҳол пурра ҷамъ нашудааст. Фазлиддин Шоҳиддинов, мудири ин нерӯгоҳ мегӯяд, ки "обанбор ҳоло дар сатҳи 903 қарор дорад, яъне, шаш метр то пур шудан".
Ин нерӯгоҳ бо 9 агрегати бузург, дар давраи Шӯравӣ бунёд шудааст. Соли 2019 корҳои таҷдиди он бо маблағгузории яке аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон, оғоз ёфт. Ба ҷойи чарха ё агрегатҳои фарсуда, таҷҳизоти нав насб карда мешавад. То имрӯз ду чархаи нав ба кор даромадааст.
Фазлиддин Шоҳиддинов, мудири Норак мегӯяд, ки "дар раванди таҷдид, ҳамаи он чархаҳо то соли 2032 иваз карда мешаванд. Мо аллакай ду агрегатро иваз кардем ва онҳо ба кор даромаданд".
Соли гузашта, яке аз чархаҳои таҷдидшуда бо ҳузури президент ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи масъулин, таҷдиди нерӯгоҳ ба зиёд шудани тавлиди барқ мусоидат хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, норасоии об дар обанбор мояи нигаронист. Дар фасли тобистон, Тоҷикистон одатан барқи кофӣ тавлид мекунад, аммо дар тирамоҳу зимистон камбуди нерӯ ба мушоҳида мерасад.
Аммо агар оби кофӣ то он замон дар обанбор ҷамъ нашавад, эҳтимол дорад, ки мардум боз бо "лимит"-и барқ рӯбарӯ шаванд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон охири декабри соли гузашта дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, аз моҳи майи соли 2027 камбуди энергетикӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад ва кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбад.
Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо аз моҳи октябр то моҳи апрел реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро, ки дар миёни мардум бо "лимит" машҳур аст, ҷорӣ мекунад ва далели онро паст шудани сатҳи об дар обанбори неругоҳи "Норак" унвон мекунад. Мардум дар ин давра аз камбудӣ барқ ва мушкилоти вобаста ба он зиёд шикоят мекунанд.
Тоҷикистон мегӯяд, ки дар фасли тобистон барқро барзиёд истеҳсол мекунад ва ҳатто онро ба Афғонистон ва Узбекистону Қирғизистони ҳамсояаш мефурӯшад.
Аммо сокинони манотиқи гуногуни кишвар шикоят доранд, ки тобистони имсол мисли фасли зимистон барқ дар манзилҳояшон барои чанд соат қатъ мешавад.
Ин сокинон мегӯянд, дар зимистон мақомот шарҳ медоданд, ки далели хомӯш кардани барқ камобӣ аст, аммо дар тобистони серобӣ, сабаб чӣ бошад, намедонанд.
Далер Ҷумъа, вазири энергжӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ маҳдудияти барқро дар фасли тобистон тасдиқ намуда, сабаби онро таъсири гармиҳои ахир ба таҷҳизотҳои энергетикӣ гуфт.
Гуфтугӯ