Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Паёмбар Муҳаммад иҷоза додааст, ки занон имоматӣ кунанд”


Шерин Ханкан, яке аз имомони масҷиди "Марям" дар Копенҳаген, Дания
Шерин Ханкан, яке аз имомони масҷиди "Марям" дар Копенҳаген, Дания

Масҷиди “Марям” дар шаҳри Копенҳаген, ки баръакси масҷидҳои дигар имомаш занонанд, тақрибан як моҳи пеш расман мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Ҳоло дар ин масҷид намозҳои панҷвақта гузошта мешавад ва, ба қавли Шерин Ханкан – яке аз имомҳои зан – онҳо ҳудуди 50 намозгузор доранд.

Фикр мекунам, занон дар тамоми ҷаҳон дар масъалаи баробарӣ бо мардон мушкил доранд. Ин натанҳо мушкили ислом, балки мушкили ҳамаи динҳо ва ниҳодҳост.
Шерин Ханкан

Бинои масҷиди “Марям” дар асл моҳи феврали имсол омода шудааст, вале Шерин Ханкан мегӯяд, аз ифшои нишонии масҷид худдорӣ карда буданд, то фитнае эҷод нашавад. “Дар гӯшаҳои дунё имомони зан зиёданд. Ҳанӯз соли 1820 дар Чин имоми зан пайдо шудааст. Мо кори худро ба оҳистагӣ пеш мебарем ва ҳар зану марди мусалмон метавонад узви ҳаракати мо бошад”, – афзуд ӯ.

Имомони масҷиди “Марям” дар Копенҳаген натанҳо намозҳои панҷвақтаро роҳбарӣ мекунанд, балки никоҳи сокинони мусалмони ин кишварро низ мебанданд. Шерин Ханкан гуфт, ба ҳайси имоми масҷид дар панҷ никоҳи мусалмонӣ иштирок кардааст ва афзуд, ки “ин масъулияти хеле бузург аст. Мо пеш аз никоҳ бо ҷавонон суҳбат карда, тасдиқи онро мегирем, ки волидонашон мухолифи никоҳ ҳастанд, ё не. Агар онҳо мухолиф бошанд, пас ҷонибҳоро ба музокирот мехонем”.

Шерин Ханкан аз падари суриягӣ ва модари финландӣ ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, дар хонаводаи онҳо занону духтарон аз эҳтироми хос бархурдор буданд ва дар рӯҳияе бузург шудаанд, ки бояд қадру манзалати худро бидонанд. Ханкан мегӯяд, хонаводаи онҳо аз намояндагони масеҳият ва ислом ташкил шуда, ӯ мусалмон ба дунё омадааст. “Бисёриҳо гумон мекунанд, ман исломро қабул кардаам, аммо ингуна нест. Ман мусалмон ба дунё омадаам. Шаш моҳ дар Қоҳира забони арабиро омӯхтам ва баъдан дар Сурия низ таълими исломро гирифтам”, - афзуд ӯ.

Ин имоми масҷиди “Марям” мегӯяд, ки ҳадафи онҳо аз ташкили масҷид ва гузоштани имоматӣ ба дӯши занон ҳимоят аз занҳо ва эҳтиром гузоштан ба ҳаққи онҳост. Ханкан гуфт, идеяи ташкили масҷид аз ӯ буд ва имоматиро дар баробари вай Солиҳа Фотеҳ низ бар уҳда дорад. Шерин Ханкан дар посух ба суоли инки бисёриҳо иддао доранд, дар ислом ҳаққи занон бештар нақз мешавад, гуфт, “фикр мекунам, занон дар тамоми ҷаҳон дар масъалаи баробарӣ бо мардон мушкил доранд. Ин натанҳо мушкили ислом, балки мушкили ҳамаи динҳо ва ниҳодҳост.”

Дар гузашта дар ин бинои мутааллиқ ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ намози занон гузошта мешуд
Дар гузашта дар ин бинои мутааллиқ ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ намози занон гузошта мешуд

Ӯ мегӯяд, “агар ба замони паёмбари ислом нигоҳ кунем, Оиша ва Умми Салама намози занонро имоматӣ мекарданд. Имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки занон фақат дар хонаҳо намози таровиҳро барои занони аҳли хонавода метавонанд раҳбарӣ кунанд. Далелҳои зиёде ҳаст, ки вақте Умми Варақа имоматӣ мекард, натанҳо занон, балки мардон ҳам барои намозгузорӣ меомаданд. Паёмбар Муҳаммад ба занон иҷоза додааст, ки намозро имоматӣ кунанд. Аммо вақте халифа Умар омад, ӯ масҷидро ҷои махсус кард. Ӯ аз занон хост, ки намозҳоро дар хонаҳояшон бихонанд ва шарт нест, ба масҷид оянд. Ман ба ин боварам, ки ҳоло бисёрии мусалмонҳо аз суннати халифа Умар пайравӣ мекунанд, на аз суннати паёмбар.”

Шерин Ханкан инчунин иддао дар бораи он ки занон ҳангоми имоматӣ метавонанд таваҷҷуҳи мардонро ба худ кашида рӯҳашонро аз гуфтугӯ бо Худо ва ниёш дур баранд, нодуруст хонд. Вай гуфт, ин ҷо масъалаи таваҷҷуҳи мардон нест, балки баҳси тақсими қудрат миёни занону мардон аст. “Барои он ки вақте занон намозҳоро имоматӣ карда ва хутба мехонанд, масҷидҳоро роҳбарӣ мекунанд, каме нирӯмандтар мешаванд ва метаванонд вазъи кунуниро то ҳадде тағйир диҳанд. Хавф аз инҷо сарчашма мегирад”, - таъкид кард ӯ.

Дар Тоҷикистон то чанд соли пеш дар баъзе аз масҷидҳо, аз ҷумла масҷиди мутааллиқ ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ намози занон бо имоматии худи онҳо гузошта мешуд. Вале Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон намозгузории занҳо ва, инчунин, имоматии онҳоро ҷоиз надонистааст. Дар вебсайти расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ гуфта шудааст, ки “тибқи мазҳаби ҳанафӣ имомат кардани зан барои дигар занҳо бо кароҳат ҷоиз аст. Агар зан имом шавад, мисли мардон пеш наистода, балки дар миёни саф меистад.”

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор масҷиди ҷомеъ, ҷомеи марказӣ ва панҷвақта сабтином шуда, имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъин мешаванд.

XS
SM
MD
LG