Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 созмони ҷаҳонӣ озодии ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

12 созмони байнулмилии ҳомии ҳуқуқ дар солгарди боздошти Бузургмеҳр Ёров аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки ин вакили дифои шинохтаро "бидуни қайду шарт" озод кунад. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Амнести Интернешнел, Созмони норвежии Ҳелсинки ва нуҳ созмони дигар дар изҳороте бо номи "Вакиле, ки баноҳақ як даҳа боз дар боздошт аст", гуфтанд, Бузургмеҳр Ёров барои дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумат ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст.

"Мақомоти Тоҷикистон бояд айбномаи Бузургмеҳр Ёровро бекор ва ӯро фавран озод кунанд. Ҳукуматдорон инчунин бояд ҳамаи вакилони дифоъ ва онҳоеро, ки беасос ва худсарона барои татбиқи осоиштаи ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, раҳо намоянд", - омадааст дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Бузургмеҳр Ёров ба унвони вакили шуҷое ном бурдаанд, ки аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумат ва онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешуданд, ҳимоя мекард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, Бузургмеҳр Ёров дар маҳбас шиканҷа шуда, мақомот дидори ҳамсарашро низ маҳдуд кардаанд. "Тибқи гузоришҳо, ба хонаводааш фишор овардаанд, ки аз номи ӯ ҳимоят накунанд".

Мақомоти Тоҷикистон то ҳоло ба ин изҳорот ягон вокуниш накардаанд. Аммо дар гузашта гуфтаанд, Ёровро барои ҷурмҳои муайян зиндонӣ намудаанд.

Бузургмеҳр Ёровро соли 2015 боздошт ва ба иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомот Ёров замоне боздошт карданд, ки ӯ ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шуруъ кард.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули Бунёди ҳамномаш мегӯяд, баъди ҳашт соли дар маҳбас будан ва татбиқи қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр 10 солу 2 моҳ монда буд. Бо ҳукми наве, ки соли 2023 содир шуд, муҳлати ҷазои адвокат ба 20 солу 2 моҳ зиёд шуд. Дар изҳороти нави созмонҳои ҳомии ҳуқуқ омадааст, мақомоти Тоҷикистон бо “айбнома сохта” муҳлати ҳабси Бузургмеҳр Ёровро то соли 2043 дароз карданд. Он вақт Бузургмеҳр Ёров 72 сола мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки озод шавад, вале мақомот будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.

Бузургмеҳр Ёров 53-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард ва сарвари анҷумани адвокатии “Сипар” буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG