Бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон донишҷӯён, хонандагони мактаб, омӯзгор ва кормандони мақомоти давлатӣ рӯзҳои 27-28 сентябр ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.
Дар барқияи ҳукумати вилояти Хатлон, ки Радиои Озодӣ бо он шинос шуд, омадааст, "кормандони ташкилотҳо, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, донишҷӯёни коллеҷҳо, донишкада ва донишгоҳҳои вилоят" дар "соатҳои фориғ аз таҳсил" барои пахтачинӣ ба хоҷагии ба номи "Файзалӣ Саидов"-и ноҳияи Кушониён фиристода шаванд.
Телевизиони "Хатлон" дар гузорише хабар додааст, ки беш аз ҳазор донишҷӯи Донишгоҳи Бохтар ва коллеҷҳо ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.
Ду устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷалби онҳо ба пахтачинӣ маҷбурӣ буд. "Дастур омад, ки бояд ҳама омӯзгорон ва донишҷӯён рӯзҳои шанбе-якшанбе ба пахтачинӣ раванд. Агар наравем, метавонанд, ягон мушкил эҷод кунанд", - гуфт яке аз устодони донишгоҳ.
Дар наворе, ки саҳифаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ нашр кардааст, дида мешавад, ки хонандагони мактабро ба пахтачинӣ бурдаанд.
Фиристодани хонандагони мактаб, донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба пахтачинӣ як таҷрибаи кори иҷборӣ боқимонда аз замони Шӯравӣ аст. Истифодаи нерӯи ноболиғон дар ҷамъоварии пахта ҳамеша мояи интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ буда, дар гузашта таҳрими маҳсулотеро ба миён овардааст, ки аз пахтаи чидашуда ба дасти кӯдакон истеҳсол мешавад.
Вилояти Хатлон ягона минтақаи Тоҷикистон нест, ки хонандагон ва омӯзгорон маҷбурӣ ба ҷамъоварии пахта фиристода мешаванд. Рӯзи 19-уми сентябр хабаргузории "Азия-Плюс" гузориш дод, ки бархе аз омӯзгорон ва хонандагон дар вилояти Суғдро вақти дарс ва рӯзҳои истироҳат иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд. Дертар Раёсати маорифи вилояти Суғд тасдиқ кард, ки баъзе омӯзгорон "танҳо бо хоҳиши худ ба ҷамъоварии ҳосили пахта мераванд". Аммо мақомот фиристодани омӯзгорон ба майдони пахтаро дар соатҳои дарсӣ рад карданд.
Ба пахтачинӣ фиристодани хонандагон дар гузашта боиси сар задани фоҷиаҳо низ шудааст. Аз ҷумла моҳи ноябри соли гузашта дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як мошини “Портер”, ки хонандагонро ба пахтачинӣ мебурд, дучори сонеҳа ё тасодуф гашт. Дар ин ҳодиса се хонанда – ду духтар ва як писар – ҷароҳати сахт бардоштанд.
Чанд сол пеш ба пахтачинӣ фиристодани хонандагони мактабро дар Тоҷикистон расман манъ карданд, чун ба гуфтаи мақомот ба рафти таҳсили онҳо зарар мерасонад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, аз корҳои вазнини кӯдакон пешгирӣ кунанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳанӯз ба ин хабарҳо вокунише накардааст.