Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргузашти марде, ки аз Австралия ба Тоҷикистон муҳоҷир шуд


Ҷефрӣ Дилон зиёда аз 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад
Ҷефрӣ Дилон зиёда аз 20 сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад

Баръакси ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо орзуи рӯзгори беҳтар барои худу фарзандон талоши ҳиҷрат ба хориҷаро доранд ва зери зулму ситам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, оилае аз Австролиёи дурдаст аз будубош ва кораш дар Тоҷикистон изҳори хушбахтӣ мекунад.

Ҷефрӣ Дилон, сарвари ин хонавода мегӯяд обуҳаво ва имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ӯро водор кардааст, ки дар инҷо бимонанд ва ба чорводориву боғпарварӣ машғул гардад. Дар ин соҳа ӯ бо навгониҳои хеш соҳиби бренди худ шуд ва як қисми бозори Тоҷикистонро бо паниру ширу ҷурғот таъмин мекунад.

Ин зану шавҳар тибқи як барномаи кишоварзӣ бори аввал дар соли 2002 ба Тоҷикистон омадаанд. Он вақт ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва сипас забони яғнобӣ майл намуда, дар ноҳияи Зафаробод муқимӣ гаштаанд. Баъдан тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамин минтақа кор кунанд.

Ҷамшеди Австролиёӣ, исми мустаори Ҷефрӣ Дилон аст, ки наздики 20 сол ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш дар як гӯшаи Тоҷикистон, ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод зиндагӣ мекунад. Оила дар инҷо 100 буз ва 10 гови хушзот дорад.

Пешаи Ҷамшед кишоварзист ва деҳқониву чорводориро, ба гуфтаи худаш, аз кӯдакӣ сар кардааст. Дар Зафаробод аз соли 2007 зиндагӣ мекунад ва фермаи чорводориро соли 2015 кушод. Таҷрибае, ки дар ин роҳ омӯхтааст ба дигар чорводорони маҳал низ меомӯзонад. Ҳоло онҳо технологияеро ба роҳ мондаанд, ки вазъи заминҳои хушкидаро беҳтар мекунад ва аз ин роҳ даромад ба даст меоранд.

“Дар тамоми давлатҳо деҳқон бой намешавад. Фоидааш ҳаст ва фоидаи он мустаҳкам (устувор) мебошад. Мисол имрӯз ҳаст ва пагоҳ нест не, оҳиста- оҳиста фоида мешавад. Агар шумо тез бой шудан хоҳед, деҳқон нашавед”, - мегӯяд Ҷефрӣ Дилон.

Видеоро инҷо бинед:

“Аз имкониятҳои Тоҷикистон истифода барем, муҳоҷир шудан даркор нест”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:42 0:00

Як сабаби асосии интихоби Тоҷикистон барои Ҷефрӣ ва хонадонаш ин будааст, ки кишвар табиати бою рангин дорад. Маҳз ба ҳамин хотир онҳо аз кишвари Автстролиё ба Тоҷикистон омаданд ва дар инҷо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ шинохта шудаанд.

Дар ҳоле, ки бисёре аз кишоварзони Тоҷикистон аз молиёт (андоз)-и баланд, камбуди об ва гарон будани нуриҳои минералӣ шикоят мекунанд, Ҷефрӣ Дилон (Ҷамшед) аз вазъият розӣ аст.

"Тоҷикистон бисёр имконияти хуб дорад, об, замин ва боду ҳавои аҷоиб дорем. Агар аз ин имкониятҳо истифода барем, муҳоҷир шудан ҳам даркор нест. Ҳама дар ҳаминҷо кор ва даромад ёфта метавонад, аз замини худамон хӯрда метавонем. Зарур нест, ки аз дигар давлат равғани зард, гӯшт ё шири қоқ биёрем. Чӣ қадар аҳолие, ки дар инҷо ҳаст, ду се баробар бошад ҳам, ҳамаамон аз ҳамин замин хурда метавонем", - бовар дорад Ҷефрӣ Дилон.

Тиҷоратии асосии хонавода аз фурӯши панир ва ширу ҷурғот иборат аст. Муштариёни асосии онҳо мағозаҳои калони шаҳри Душанбе ва Хуҷанд будаанд. Тамғаи онҳо "Ҷингилапо" аст. Панири онҳо чор намуд таъм дорад. Ба панир сиёҳдона, мурч ва дигар гиёҳҳои хушбукунандаро ҳамроҳ мекунанд. Бетанӣ Дилон ё Бунафша, ҳамсари Ҷефрӣ Дилон омода кардани панирро дар Ҳоланд ва Шветсария омӯхтааст.

Бунафша берун аз корҳои тиҷоративу чорводориаш ҳамчунин ба деҳқонӣ ҳам машғул мешавад ва ба қавли худаш ғизои хонаводаро аз боғаш мегиранд.

“Ҳар хел сабзавоте, ки ин ҷо ҳаст барои худамон мекорем. Помидору ин чизҳо дар ин ҷо, албатта ҳаст ва ман онро барои зимистон захира кардаам. Ба ғайр аз ин баъзе намуди сабзавоте ҳаст, ки аз дигар ҷо овардаем, масалан инро ҳоло чидам номашро “чилики духтар” мегӯянд. Дар тарафи Афғонистону Ҳиндустон ва ҳам дар Амрико ҳаст. Якум соле аст, ки инро коридам. Дар тобистон тез авҷ мегирад ва бисёр ҳосил медиҳад”, - гуфт Бунафша.

Ҷое, ки онҳо зиндагӣ доранд, яке аз минтақаҳои гармтарини Тоҷикистон аст ва деҳқонони дигар бештар аз камобӣ шикоят доранд. Вале Бунафша мегӯяд, ин мушкилро бо технологияи нав ҳал кардаанд.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, онҳо низоми қатрагиро ҷорӣ кардаанд.

Соли 2019 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи шири ин оила бо номи “Ҷаҳида” боз шуд. Ҷамшед ва Бунафша соҳиби 7 фарзанд ҳастанд, ки ҳоло бештарашон дар давлатҳои Аврупо пайи таҳсиланд. Ин оила ният дорад, ки аз Тоҷикистон наравад ва фарзандонашон низ баъди таҳсил кору зиндагиро дар инҷо ихтиёр намоянд. Ба ин хотир дар водии Яғноб барои сайёҳон меҳмонхонаву маркази хидматрасонӣ сохта истодаанд.

XS
SM
MD
LG