Натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонӣ дар Молдова нишон медиҳанд, ки ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" аксари курсиҳои порлумонро ба даст овардааст. Аҳзоби рӯ ба Русия ҳамагӣ 24 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд.
Интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми сентябр барои Молдова муҳим буд, чун маълум мекард, ки ин кишвар роҳашро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо давом медиҳад ё ба Русия наздик мешавад.
Баъди ҳисоби 99,52 дарсади баргаҳои раъй маълум шуд, ки ба тарафдории ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ", ки роҳбараш раиси ҷумҳур Мая Санду аст, зиёда аз 50 дарсади интихобкунандаҳо овоз доданд. Ин ҳизб аз 101 курсии порлумон 55 курсиро азхуд кардааст, ки барои ташкили ҳукумат кофӣ аст. Санду ва ҳизбаш тарафдори наздик шудани Молдова ба Иттиҳоди Аврупо ва узвият дар ин созмон аст. Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ", ки роҳбараш Майя Санду аст, аз соли 2021 аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад.
Гуруҳи "Ватандӯстон", ки аз аҳзоби сотсиалист ва коммунистӣ ташкил шудааст, зиёдтар аз 24 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. Ин аҳзоб, ки тарафдори Русия гуфта мешаванд 26 курсии порлумонро соҳиб шудаанд.
Дар ҷойи сеюм ҳизби "Алтернатива" аст, ки қариб 8 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ин ҳизб ба Ион Чебан, шаҳрдори собиқи Кишинев тааллуқ дорад.
Дар овоздиҳии рӯзи 28-уми сентябр 1,6 миллион нафар ё 52 дарсади шаҳрвандони ҳаққи раъй ширкат карданд. Ба гузориши бахши молдовании Радиои Озодӣ, 47 дарсади раъйдиҳандагон дар дохили кишвар ва боқимонда дар хориҷ овоз доданд.
Рақобати асосӣ дар ин маърака миёни ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" ва аҳзоби рӯ ба Русия буд.
Игор Додон, раиси ҷумҳури собиқи Молдова ва роҳбари ҳизби сотсиалистӣ аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки рӯзи 29-уми сентябр барои гузарондани тазоҳуроти сулҳомез дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шаванд. Додон гуфтааст, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ тақаллуб ҷой дошт.
Игор Додон ва ҳампаймонаш Васил Тарлев эълон кардаанд, ки агар ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ" аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст орад, натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунанд.
Ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" эълон кард, ки "гурӯҳҳои ҷиноие, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешаванд" дар интихобот дахолат кардаанд. Маскав ҳамагуна дахолат дар умури кишварҳои дигарро рад кардааст.
Мая Санду, раиси ҷумҳури феълии Молдова аз шаҳрвандон хост, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, аз демократияи кишвар муҳофизат кунанд. "Молдова, хонаи ҳамаи мо дар хатар қарор дорад, имрӯз ҳамаи шумо муҳим ҳастед. Шумо метавонед бо раъйи худ кишварро наҷот диҳед", - гуфт Санду.
Молдова яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо ба ҳисоб меравад.