Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб донишҷӯён барои кишоварзон паҳбод месозанд


Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ дар Кӯлоб барои кишоварзон паҳбод ё дрон месозад.

Ин паҳподҳои дорои ҳуши маснӯӣ қарор аст кори кишварзонро осон кунанд. Ин яке аз натиҷаҳои ташкил ёфтани Академияи ҳуши маснуист. Ҳоло қарор аст барои донишгоҳ се озмоишгоҳи дигар харидорӣ кунанд.

Алмосшоҳ Шоҳиён, раиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ мегӯяд, "ҳоло ҳамон квадракоптерҳоро сохтан лозим аст. Мо квадракоптерҳое месозем, ки характери ҳарбӣ надоранд. Инҳо фақат барои пошидани дору ва барои муайян кардани ҳосилнокӣ ҳаст. Вақте зеҳни сунъӣ ба кор дарояд, дигар дар онҷо дурӯғ гуфта намешавад, ки дар ин замин ин қадар пахта ҳаст ваё аз ин зардолу ин қадар ҳосил мегирем".

Дар Кӯлоб донишҷӯён барои кишоварзон паҳпод месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ дар Кӯлоб нав таъсис ёфта, то ин вақт ҳамчун донишкада фаъолият мекард.

Сохтани паҳподҳоро донишгоҳ бо кӯмаки мутахассисони чинӣ оғоз мекунанд. Ҳамзамон бояд мутахассисони худро омода кунанд.

Алмосшоҳ Шоҳиён,раиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияи рақамӣ мегӯяд, "мо бо Донишгоҳи Шихези шартнома ба имзо расондем. Тибқи он, агар онҳо қисматҳоро таъмин кунанд, дар асоси барнома, барномасозҳои мо онро омода мекунанд".

Паҳподҳое, ки бояд сохта шаванд, ҳатто ба ҳисобу китоб ва оморгирӣ ёрӣ мерасондааст.

Ин таҷрибаи нахустин аст, ки насиби кишварзони минтақа мешавад. Он дар оянда ба минтақаҳои дигари кишвар низ паҳн хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG