Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар мурофиаи паси дарҳои баста Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро беасос дониста гуфтанд, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунанд.
Баъди эълони ҳукм, вакили мудофеи хабарнигор аз бинои маҳбас бо ду гӯшвори ӯ берун омад ва онҳоро ба модари хабарнигор дод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ду гӯшвораро рамзи ду духтари Рухшона номидаанд, ки аз модар ҷудо шуданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо шеваи ғайриоддӣ ба ҳукми хабарнигор эътироз кардаанд. Онҳо бо нашри акси гушвора ё ҳалқаҳои гуногун дар саҳфаҳои худ хостори озодии хабарнигор шудаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Дар як муроҷиатнома дар Фейсбук ҳам даҳҳо нафар ҳашт сол зиндонӣ кардани модари ду кӯдаки хурдсолро хилофи қонун хонда, хостаанд, парвандаи хабарнигор бозбинӣ ва ӯ ба назди фарзандонаш баргардонида шавад.
Созмонҳои ҳомии хабарнигорон низ ҳукми Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карданд.
Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" рӯзи 7-уми феврал дар изҳороте ҳукми хабарнигори тоҷикро “ғайриодилона” хонда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки Рухшона Ҳакимова ва 8 рӯзноманигори дигари зиндониро озод кунанд.
Дар се соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 10 рӯзноманигору блогер боздошту зиндонӣ шудаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро кишвари саркубгари озодии сухан номидаанд.
Гуфтугӯ