Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 10 сол зиндон. Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи дуздии барқро имзо кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Торнамо ё вебсайти президент хабар дод, ки ҳадаф аз қабули қонун “некӯаҳволии шаҳрвандон” аст. Қаблан пешниҳоди ҷазои ҷиноӣ барои дуздии барқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

Қонун баъди нашр шуданаш дар рӯзномаҳои расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Аз ин пеш, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон рӯзи 11-уми апрел тарҳи ҷазоро барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии барқ тасвиб кардаанд. Ҷаласа бе ҳузури хабарнигорони расонаҳои мустақил гузашт. Аз ин рӯ, маълум нест, ки аъзои порлумон дар бораи сахттар кардани ҷазо барои дуздии барқ баҳс карданд ё не.

Пешниҳоди ҷазо барои напардохтани пули барқ рӯзи 27-уми март дар ҷаласаи ҳукумат аз забони президент Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Баъди камтар аз як ҳафта, 2-юми апрел, Маҷлиси намояндагон пешниҳоди президентро ҷонибдорӣ ва ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард. Ҷазои ҷиноӣ барои дуздии барқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.

Бар пояи тарҳи қонуне, ки вакилони ҳарду палатаи порлумон қабул карданд, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ аз 27 то 41 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то се сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Агар дуздии барқ ба миқдори калон ва ё аз ҷониби шахси мансабдор анҷом шавад, гунаҳкор аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё аз се то шаш сол зиндонӣ мешавад. Муқаррароти нави қонун барои дуздии барқ ба миқдори махсусан калон ё аз сӯи гуруҳҳои муташаккил, аз шаш то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дуздӣ ё корбурди ғайриқонунии барқ то ин вақт гуноҳи маъмурӣ ба шумор рафта, ҷазояш то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд. Мақомот бовар доранд, ки бо сахттар кардани ҷазо, дуздии барқ камтар мешавад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 27-уми март дар ҷаласаи ҳукумат аз “истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард."

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз мардумро гунаҳкор мекунанд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро намедиҳанд ва ё онро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд. Сокинон, баръакс, даъво доранд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG