"Лимит" ё маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳафт моҳ боз идома дошт, рӯзи 11-уми апрел бекор карда шудааст. "Маҳдудияти барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуд," – гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯйи “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ.
Аз моҳи сентябри соли 2024 сокинон расман аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб, яъне ҳафт соат, нерӯи барқ мегирифтанд. Вале Аҳмад Баротов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ду рӯз пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “саҳар ҳамагӣ ду соат барқ медиҳанд. Соати панҷ медиҳанд, соати ҳафт хомӯш мекунанд. Бегоҳӣ низ ҳамин хел."
"Ваъда карда буданд, ки аз якуми апрел барқ доимӣ мешавад. Дар моҳи Рамазон низ ҳамин хел карданд. Халқи бечора на хӯрок хӯрда метавонист, на ягон чиз пухта метавонист," – афзуд ӯ.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар моҳи январи имсол ба хабарнигорон гуфта буд, ки “вобаста ба боду ҳаво, вобаста ба сатҳи резиши об дар дарёи Вахш ва сатҳи об дар обанбори Норак" дастрасии мардум ба барқ дар моҳи феврал беҳтар мешавад. Бархилофи ваъдаи вазир, "лимит" беш аз ду моҳи дигар идома кард.
Бебарқӣ аз як сӯ, гарм шудани ҳаво аз тарафи дигар кори баъзе аз тоҷиронро душвор гардонд. Наргис Наҷмиддинова, фурӯшанде аз ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 9-уми апрел гуфт, "барои кори мо яхдон зарур аст. Барқро зуд хомӯш мекунанд. Ҳатто телефон қувва гирифта наметавонад. Барқ нест, иртибот ҳам нест, ҳамроҳи як кас гап зада наметавонӣ. Инҳоро бинед, азбаски барқ нест, вайрон шудаанд."
Навор:
Маҳдудияти нерӯи барқ аз мушкилиҳоест, ки дар бештар аз 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст.
Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ гуфта мешавад, вале кишвар дар соли 2024 беш аз 22 миллиард киловат соат барқ истеҳсол ва ба зиёда аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷ барқ содир кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2012 ба ин сӯ борҳо эълон кардааст, ки бо рӯйи даст гирифтани барномаҳои роҳбурдӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои зиёди хурду миёна ва шиддат бахшидани бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ба истиқлоли энержӣ ноил мешавад.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 ҳангоми ба кор андохтани як чархаи нерӯгоҳи "Роғун" гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт, вале аз он замон то кунун ин афсона воқеиятест, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.
Ӯ рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, аз ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" ва навсозии чархаҳои "Норак"-у "Қайроққум" ва ба анҷом расидани бунёди "Себзор" соли 2027 ба камбуди барқ дар кишвар хотима хоҳанд дод.
Бархе ба татбиқаш дар ҳоли ҳозир мутмаин нестанд. Баъзеи дигар шиор ё ваъдаи навбатӣ барои дилгарм кардани мардум дар остонаи маъракаҳои муҳиме чун интихобот медонанд.