Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти бештари ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат


Зиндони шаҳри Ваҳдат
Зиндони шаҳри Ваҳдат

Бо гузашти як рӯз аз вуқӯи нооромӣ дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки дар пайи он шуморе аз зиндониҳо куштаву нигаҳбонон захмӣ гаштаанд, мақомот ба ғайр аз як хабари кӯтоҳ иттилои дигаре намедиҳанд.

Ба гуфтаи онҳо, чанде аз зиндониён баъд аз зуҳри сеюми феврал дар Муассисаи ислоҳиии 3/2, маъруф ба маҳбаси 6, дар шаҳри Ваҳдат, бо мақсади “қатл ва фирор” ба нигаҳбонони зиндон ҳамла кардаанд.

Барои ин, ба иттилои расмӣ, онҳо пешакӣ абзори ҳамларо омода намудаанд. Дар натиҷа ба маълумоти расмӣ 3 ва ғайрирасмӣ то 7 маҳбус кушта, чанд корманди зиндон захмӣ гаштаанд.

Як афсари Раёсати адои ҷазо гуфт, ки дар ин ҳамла раҳбари тозатаъйини зиндони шаҳри Ваҳдат ва муовинаш шадидан захмӣ шудаанд.

Дар аксҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, пайкари 5 тан дида мешавад, ки дар саҳни маҳбас оғӯштаи хун хобидаанд. Бархе аз пойгоҳҳои интернетӣ дар хориҷи кишвар ному насаби 7 танро нашр кардаанд.

Радиои Озодӣ бо наздикони яке аз кушташудагон тамос гирифт.

Тасдиқ шуд, ки Сӯҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар ин воқеа ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар соли 2019 бо айбномаи ҷалби шаҳрвандон ба ҷанг дар қаламрави кишварҳои дигар ба зиндон маҳкум шуда буд.

Ҷасади Сӯҳроб Ҳасанов шаби 3-юми феврал ба наздиконаш дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дода шуда, фавран дафн гаштааст. Наздиконаш ба муоинаи пайкари ӯ даст наёфтаанд.

Ҷамолиддин Ҳасанов, ки соли 2017 аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуда буд, ширкаткунандаи дигари ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат будааст. Яке аз пайвандонаш рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ӯро намояндагони мақомот гӯрондаанд.

"Нагузоштанд, ки хешовандон ҷасадро бинанд. Ҳатто модараш. Даҳ нафарро ба қабристон роҳ доданду бас," -- гуфт мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш.

Дар бораи ширкаткунандагони дигари ошӯб маълумоти дақиқ нашр нашудааст.

Ҳоло, тақрибан дар 200-метрии Муассисаи ислоҳии рақами 3/2 дар шаҳри Ваҳдат постгоҳи кормандони ВКД ташкил шудааст. Ҳеч касро барои рафтан ба зиндон иҷоза намедиҳанд.

Ба иттилои яке аз афсарони постгоҳ, дар пайи ҳодисаи 3-юми феврал Комиссияи муштараки мақомоти интизомӣ ташкил шуда, сабабу омилҳои қазияро таҳқиқ мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳанӯз ҳам таҳти назорат. Ваҳдат як рӯз баъди ошӯб дар зиндон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Соли 2019 низ дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ ё созмони террористии “Давлати исломӣ” масъулиятро пазируфт. Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳарду маврид бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ. Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст. Ин дар ҳолест, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номид.

XS
SM
MD
LG