Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории сил домани муҳоҷирони тоҷикро сар надодааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сирояти бемории сил дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик, яке аз табақаҳои осебпазир дар хориҷ аз кишвар, зиёд шудааст. Омори маъюскунанда аз Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бо бемориҳои сил, ВИЧ/CПИД ва вараҷа дар Тоҷикистон аст, ки чанде пеш натиҷаи барномаи чаҳорсолаи корашро баррасӣ кард.

Дар санади Кумита гуфта мешавад, бо вуҷуди коҳиши бемории сил дар Тоҷикистон дар солҳои охир, гирифтории муҳоҷирон ба ин беморӣ зиёдтар шудааст. Масалан, агар соли 2019 дар кишвар аз байни 100 ҳазор кас бештар аз 65 тан ба сил гирифтор мешуд, пас, ин рақам дар соли 2024 то ба 33 нафар поин омадааст.

Маргумир аз бемории сил ҳам дар Тоҷикистон дар 5 соли охир бисёр кам шудааст ва аз ҳисоби 100 ҳазор нафар аз аҳолии Тоҷикистон соли 2023 фақат як нафар мефавтидааст. Дар панҷ сол, яъне соли 2018 ин омор баландтар буда, сил ҷони беш аз 3 нафарро мегирифтааст.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба ватан бармегарданд, дар Барномаи давлатии мубориза бо бемории сил барои солҳои 2021-2025 аз гурӯҳҳои осебпазир дар баробари беморӣ унвон шудаанд ва дар воқеъ сирояти беморӣ дар миёни онҳо афзудааст.

Бар асоси омори расмӣ, дар 7 соли гузашта кашфи бемории сил дар миёни муҳоҷирон то 4.6 дар сад зиёд шудааст. Агар теъдоди онҳо дар миёни гирифторон соли 2016 тақрибан 16 дар садро ташкил медод, пас дар соли 2023 аз марзи 20 дар сад ҳам гузаштааст.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ ва табибон, дастрасии номуносиби муҳоҷирон ба хадамоти тандурустии кишвари мизбони муҳоҷирон, яке аз сабабҳои ин тамоюл буда метавонад.

Агарчӣ номи кишвари мизбонро бурда нашудааст, вале таври маълум садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва ҳамин равуои зиёд ва ё мутаҳаррик будани аҳолӣ яке аз омилҳое ҳисоб шудааст, ки мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон мушкил мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро қабул кард, ки ҳадафи он коҳиши бемории сил ва таъсири он ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Ташхису табобати муносиби ҳама навъҳои сил, коҳиши сирояту фавт ва роҳ надодан ба густариши беморӣ аз вазифаҳои аслӣ дар барнома унвон шудаанд.

Дар кишвар то соли 2023 бештар аз 4 ҳазор гирифтори сил сабт шуда ва ба гуфтаи мақомот муолиҷа гирифтаанд. Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бо бемории сил, ВИЧ/CПИД ва вараҷа гуфтааст, ки иҷрои барнома натиҷа дод ва маргу мир аз бемории сил дар 4 соли гузашта фавқуллода кам шудааст.

Соли 2024 дар кишвар фақат як нафар аз бемории сил фавтидааст ва соли 2023 ягон мавриди беморӣ сабт нашудааст. Мақомот таъриф кардаанд, ки хариди таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ бо кӯмаки созмонҳои байналмилал, ки бо ҳуши маснӯӣ кор мекунанд, имкон додаанд, ташхису ошкор кардани гирифторони силу муолиҷаи онҳо зуд ва осонтар шавад.

XS
SM
MD
LG