Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки ба 770 ҳазор муҳоҷир, ки сеякашон занону кӯдаконанд, мӯҳлат дода буданд, ки ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва акнун он мӯҳлат ба поён мерасад.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шомили ин рӯйхат ҳастанд, маълум нест. Бархе муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бе ин ҳам шароити кору зиндагӣ дар Русия сахт шудааст ва онҳо пеш аз онки ихроҷ шаванд, худашон ин кишварро тарк карданд.
Муҳоҷири аз Русия баргашта: “Касоне, ки қонунӣ ҳам буданд, бо ҳар баҳона пеш мекарданд. Корхонае мо кор мекардем, ҳар моҳ меомаданд. Мепурсиданд, ки дар куҷо сабти ном ҳастед. Мегуфтем, инҷо. Мегуфтанд, инҷо одами зиёд мумкин нест. Барои ҳамин дигар нахостем.”
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки нисбат ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон қонунӣ нест, пас аз 10-уми сентябр чора меандешанд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки ин муҳоҷиронро аз кишвар ихроҷ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, фишор болои муҳоҷирон ба ҳадди тоқатнопазир афзоиш ёфтааст.
Муҳоҷири тоҷик: “Қонунгузориҳо пурзӯртар шуданд. Вақтҳои ахир ба ҳадде расид, ки агар мехсотанд, ҳатто ҳуҷҷатҳои додаи худашонро ғайриқонунӣ бароварда, депорт мекарданд. Барои онҳо баҳона ёфтан ҳеч мушкилӣ надорад.”
Ҳудуди як миллион сокини Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиранд. Танҳо соли гузашта, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, беш аз 30 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар ихроҷ карданд ва фишору азияти муҳоҷирон дар ин кишвар идома дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки пас аз 10-уми сентябр чӣ теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик ба кишвар ихроҷ мешаванд.
Гуфтугӯ