Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёти зидди муҳоҷирон бо бераҳмӣ идома дорад"


Новосибирск, Русия. Акс аз бойгонӣ
Новосибирск, Русия. Акс аз бойгонӣ

Як гузориши телевизиони "Настоящее время", тарҳи Радиои Озодӣ, нишон додааст, ки бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ дар Русия якбора афзуда, ҳамлаҳо бар пояи бадбинии миллию нажодӣ торафт бештар мешаванд. Ин раванд, ба гуфтаи муаллифи гузориш Карина Меркурева, ҳам дар сатҳи ҷамъиятӣ ва ҳам дар сатҳи давлатӣ мушоҳида мегардад.

Радиои Озодӣ: Карина, ба мушоҳидаҳои шумо, оё вазъи бегонаситезӣ дар сатҳи давлатии Русия то кадом андоза бадтар шудааст? Оё барои тавсеаи он дар сатҳи давлат кӣ ва чӣ гуна мусоидат мекунад?

Карина Меркуева: "Пеш аз ҳама бояд гӯям, ки дар Русия омори ҷудогонаи ҳодисаҳо бар асоси нажодпарастӣ сабт намешаванд ва мо дар гузориши худ бар пояи маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ амал кардем. Дар бораи афзоиши бегонабадбинӣ муҳаққиқони маркази “Мемориал” ва “Сова” хабар медиҳанд. Дар гузориши онҳо гуфта мешавад, ки афзоиши ҳамла бар асоси бегонаситезӣ дар Русия соли 2024 ба нишондодҳои соли 2011 наздик шудааст. Баъд аз соли 2011 ин ҳодисаҳо коҳиш ёфта буданд, аммо ҳоло якбора зиёд шудаанд. Агар мо дар бораи сатҳи давлатӣ гап занем, бояд бигӯем, ки афкори зидди муҳоҷирон аз забони мақомоти баландпоя садо медиҳад. Инҳо: ҳам раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин, ҳам раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин мебошанд. Бояд таъкид кунем, ки инҳо фақат гап намезананд, балки амал мекунанд. Масалан, маҳз Бастрикин гуфт, агар шаҳрвандоне, ки нав соҳиби шиносномаи Русия шудаанд ва агар нахоҳанд дар комиссариати ҳарбӣ ба қайд гирифта шаванд, онҳоро бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум кард. Яъне, онҳо фишорро болои муҳоҷироне, ки нав соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, афзоиш медиҳанд.

Дар Русия бегонаситезӣ ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи маишӣ ҷой доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Ҳамчунин, бояд ба забону шеваи гуфтугӯи мансабдорон таваҷҷуҳ кунем. Худи ҳамин Бастрикин вақтҳои зиёд мегӯяд: "муҳоҷиронро қапидем". Ҳамин ифода худаш бисёр табъизомез аст. Дар соли 2024 ба полис салоҳияти бештаре дода, ихроҷи муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ имконпазир карданд. Бе ин ҳам мурофиаҳои додгоҳии муҳоҷирон бо поймолкунии фаровони ҳуқуқи онҳо ва дар фурсати бисёр кӯтоҳ ҷараён мегирифтанд. Ҳоло салоҳиятҳои полис бештар шудааст. Фишор на танҳо болои муҳоҷирон, балки ба аъзои оилаҳои онҳо ҳам сурат мегирад. Агар фарзандони хориҷиҳо забони русиро надонанд, акнун ба мактаб қабул карда намешаванд. Мо дидем, ки танҳо 19 дарсади кӯдаконро ба имтиҳон роҳ дода, ба дигарҳо гуфтанд, ки ҷой нест ё ҳуҷҷатҳояшон дуруст набуд. Дар пасманзари ин ҳама вазъият амалиёти зидди муҳоҷирон бо хушунат ва бераҳмӣ идома доранд. Фишор ҳамеша вуҷуд дорад ва ин ҳама баёнгари табъйизи бисёр ҷиддӣ мебошад."

Радиои Озодӣ: Шумо бо чанд сокини Русия ҳамсуҳбат шудаед, ки ғайрирус ҳастанд ва таҷрибаҳои талхи худро аз бегонаситезӣ нақл мекунанд. Ба назари шумо, мешавад гуфт, ки амнияти муҳоҷирон дар кадом минтақаи Русия бадтар асту дар кадом гӯшааш сабуктар?

Карина Меркуева: "Ман бо такя ба таҳқиқоти маркази “Сова” метавонам суҳбат кунам, ки омори ҳамлаҳоро бар пояи нафрати нажодӣ ҷамъоварӣ мекунад. Аз рӯйи гузориши ин созмон дар соли 2024 шаҳри Маскав аз ҷиҳати ҳамлаҳои бештар ба муҳоҷирон аз ҳама хатарнок дониста мешавад. Дар ҷойи дуюм Санкт-Петербург аст. Ду сол пеш Санкт-Петербург дар ҷои аввал буд. Баъди ин, вилоятҳои Маскав, Новосибирск, Кострома, минтақаи Краснодар қарор доранд. Бояд дар ёд дошт, ки минтақаҳои дигарро намешавад комилан бехатар номид. Фақат гумони мо ин аст, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба маълумот аз минтақаҳои дигар дастрасӣ надоранд. Дар он минтақаҳо иттилоъ бештар баста аст ва мақомот нашри хабарҳоро сахт назорат мекунанд. Яъне, мушкил дар ҳама минтақаҳо ҳаст, аммо дар дигарҳо онҳо бараъло ба чашм мехӯранд.

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, дар Русия баъзе аз созмонҳои миллатгаро ҳамкори полис ҳастанд, ки дар амалиёти зидди муҳоҷирон иштирок мекунанд. Дар бораи онҳо маълумот доред?

Карина Меркуева: "Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch мегӯянд, ки ҳузури созмонҳои ростгарои ашаддӣ афзудааст. Яке аз ин гурӯҳҳо “Русская община” аст, ки соли 2020 таъсис ёфт ва соли 2024 ҳузури он барҷастатар шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ соли 2024 афзоиши ҳамлаҳоро бар пояи бегонаситезӣ мушоҳида карданд. Албатта, мо наметавонем бигӯем, ки пайдоиши ин гурӯҳ сабаб шудааст, чун вазъ дар кишвар дар робита бо ҷанги зидди Украина дар маҷмуъ бадтар шуд, бешубҳа, ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ба вазъи муҳоҷирон таъсир кард. “Русская община” дар рейдҳои зидди муҳоҷирон, гоҳо ҳамроҳи ходимони полис, ОМОН ва хадамоти муҳоҷират фаъолона иштирок мекунад.

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, онҳо гоҳе худашон ҳамлаҳоро ташкил мекунанд. Масалан, аз дасти ин гурӯҳ ба наздикӣ дар вилояти Ленинград як шаҳрванди Арманистон ҷон дод. Бо вуҷуди амалҳои ғайриқонунӣ, полис онҳоро ба амалиёти муштараки худ ҷалб карда, аз онҳо фосилагирӣ намекунад ва аз ин роҳ ба онҳо салоҳияти бештар медиҳад. Масалан, бар пояи таҳқиқоти рӯзноманигории Би-би-сӣ ва “Медуза”, ин созмон ҳамчунин бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ мекунад. Як узви ин гурӯҳ гуфтааст, ки бо дастури мустақили ФСБ амал мекунанд. “Медуза” ба қарибӣ таҳқиқеро нашр кард, ки дар он мегӯяд, “Русская община” инчунин аз раҳбарони маҳаллӣ дар минтақаҳо ҳам супоришҳо мегирад. Яъне, нуфузи онҳо зиёд аст ва ин раванд ташвишовар мебошад. Аз ҳоло маълум аст, ки омори ҳамлаҳо бар пояи бегонаситезӣ дар соли 2025 назар ба соли гузашта бештар мешавад ва ин вазъият мояи нигаронӣ аст."

XS
SM
MD
LG