Аз он гилему палосҳое, ки барои мукофоти паҳлавонони майда- чуйда бурда будем, танҳо ду палосу як қолини нимдошт ба дасти ғолибони гўштин расид. Боқимондаашро роҳбарони хоҷагиҳо дуздида ба номи чанд мурдаи пеш аз «танзим»-ӣ акт карданд. Ду буз то сари гўштин нарасида, ҳаром мурд, ягона гови барои паҳлавонони «бўзбала» ҷудокардашуда, базўр ба корд расид. Мо, баъд ҳар пои онро ба паҳлавонони алоҳида дода, се гўштингирро хурсанд кардем.
- Чӣ чор пой дорад?.. Намедонам. Лекин сардовари гўштин гуфт ки:- «Говҳо ду хел мешаванд - чорпоя ва сепоя. Ман шаҳодат медиҳам, ки ин гов аз аввал, авлодан сепоя буд...» ва аз чӣ сабаб бошад, боз илова кард, ки: вай ҳам кўдаку - чўдак дорад... Шикамба ба паҳлавонони дуранг ё ба қавли ҳамон сардовар «ничя»-кардагӣ расид. Онҳо бо маслиҳати довар ва салоҳдиди тарафайн шикамбаро байни худашон тақсим карданд. Яке шикамбаро гирифт, дигаре ашёи даруни онро...
Акнун чанд калима дар бораи рафти гўштин: Гўштин нағз сар шуд. Ба боду ҳавои мусоиду офтобии баҳорӣ нигоҳ накарда, паҳлавонони мо қаҳрамонона мағлуб мешуданд. Ҳанўз ҳуштаки довар ба охир нарасида, мебинӣ ки паҳлавони мо сар то қадамаш пури апилка аз майдон баромад. Аз ин гўштин танҳо завхозамон хурсанд буд, ки он ду мошин апилкаи овардааш ба воситаи пушти паҳлавононамон боз ба ноҳия бармегардад.
Чӣ хеле ки қайд карда гузаштем, дар аввал ҳама кор хуб буд. тамошобинон якта нимта аз теппаҳои атроф ғелида, ба майдон меафтоданд. Милисаҳо ҷаршудагонро дубинкашапак карда, ба ҷояшон бармегардонданд. Баъзе «қаҳрамонон»-и дар байни мардум пинҳоншуда, ба сари милисаҳо баклашкаҳои холӣ мепартофтанд. Хулоса, ҳам гўштингирону ҳам тамошобинон, ҳатто милисаҳо худро далеру нотарс меҳисобиданд ва ҷасорат нишон медоданд...
Аз афташ ҳавои тозаи беруни шаҳр баъзе майнаҳоро ба кор дароварда буд, ки чанд галстукдор, ҳатто байни худ, ба қавли худашон, фалсафаронӣ мекарданд.
- Ба ҳамин мардуми мо аслан театр-пеатр лозим нест, чунки дар хуни мо ҷасурӣ ва чолокӣ ҳаст. Ба мо бештар гўштин ва футбол лозим,- мегуфт кӯлоҳдоре бо як даст арақи пешонаашро пок кардаю, бо дасти дигараш аз кисса шишаи арақро бароварда.
- Чӣ сухани оқилонае!- аз баклашкаи холӣ «пиёла» бурида, сухани шарикашро тақвият медод дигаре,- ин бе ягон намуди эълону реклама омадани мардумро бинед! Худи ҳамон ҷасорати хунӣ инҳоро кашида ба майдон меорад!
- Бале, қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ин ҷо гап дар бепулии тамошо ҳам нест,- ҳасиби аз гармӣ арақкардаеро аз киссаи дарун бароварда мегуфт сеюме,- чуноне ки худатон гувоҳ ҳастед, бештари тамошобинон ба номи паҳлавони ҳамқишлоқашон маблағи иловагӣ мегузоранд ва аз довар талаб мекунанд, ки номи маблағгузорро ҳарчӣ баландтар эълон кунанд. Худи ҳамин нишонаи ба ҷасурӣ ва қаҳрамонӣ майл доштани мардуми мост!
- Росташро гўям, ҳамин мардуми мо одам не, ҳама ориёиянд!- бо остини куртааш арақи сару рўяшро пок карда, хулоса кард галстукдори аллакай ширакайф...
Ниҳоят он ду паҳлавони «срупп», ки мо ҳамон гови раҳматиро барои онҳо оварда будем, барои аз худ кардани як гўсфанди ниммурда ба майдон баромаданд...Зунуки мардуми ориёӣ гирифт, бозори мурғон хомўш шуд. Акнун ҳатто бе микрофон садои дашноми милисаро шунидан мумкин буд. Умуман як лаҳза ҳама қариб ба одам монанд шуданд...
Лекин ҳама корро як мўйсафеди аз ноҳияи бегона омада вайрон кард. Вай дар байни мардум аз ҷой хеста худ ба худ ғур-ғур кард:
- Ман ба ориёият чӣ кор дорам... Саҳар чои зормондая бисёртар гирифта будем... Гўштин - гўштину дастбахок - дастбахок... ва аз байни мардум баромада, ба паси теппа тоб хурданӣ шуду, сари роҳ хам шуда кулўхеро бардошт.
Аз теппаи муқобил диданд, ки касе хам шуда аз замин чизеро бардошт.
- «Сангборон!.. Гурез, ки мурдем»!.. Ягона ҷумлаи ба гўши ман расида ҳамин буд... Ман нав фаҳмидам, ки барои ба шўр омадани ориёиёни ҷасур, аз замин бардоштани ҳамин як кулўхи вай... тозакунӣ бас будааст. Ягон боди самуму сунами, ягон намуди заминларзаю вулқон бо ин суръат ин қадар кўдаку мўйсафедро маҷақ карда гузашта наметавонист. Ба гумонам, бо чунин якдилию ҳамдигарфаҳмӣ гурехтанро танҳо мардуми шариф ва ба ҷасорат майлдоштаи мо метавонанду халос. Шахсан, ман дар сагҷаккиши аввал таги по мондам...
Вақте ба худ омадам дар атроф на ориёие буду на ода... ҷонзоде. Фақат он ду паҳлавони номӣ дар болои опилкаи боқимонда нишаста бо ҳам қарта мезаданд ва аз афташ, ба ин восита насиби кӣ гаштани ҳамон гўсфанди ниммурдаро муайян карданӣ буданд...