Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро аз Эмомалӣ Раҳмон шахси “муқаддас” месозанд?


Акси Эмомалӣ Раҳмон дар пештоқи як бинои давлатӣ дар Душанбе.
Акси Эмомалӣ Раҳмон дар пештоқи як бинои давлатӣ дар Душанбе.

“Падари миллат”, “нури Яздон”, “машъалафрӯзи фардои дурахшон” — аз камтарин тавсифҳое буданд, ки тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар зодрӯзи ӯ гуфтанд ва талош намуданд, ин санаро чун як “ид” таҷлил кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки мухолифонаш ва бархе аз созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ӯро “диктатор” ва “саркӯбгари дигарандешон” меноманд, рӯзи 5-уми октябр 73-сола шуд.

Мухолифон мегӯянд, имсол зодрӯзи ӯро мисли як “иди муқаддас” дар Тоҷикистон таҷлил карданд, ки баёнгари оғози ба як раҳбари ҳукумати сулолавӣ табдил додани Эмомалӣ Раҳмон ва сохтани як шахси “муқаддас” аз ӯ буд.

Рӯзи забон дар соя монд

Имсол зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро духтараш Озода Раҳмон ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Тоҷикистон бо қироати шеъре табрик кард. Навори шеърхонии Озода Раҳмон дар саҳифаҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Зодрӯзи Пешвои миллат муборак бод!” нашр шуд. Ӯ падарашро барои “лаъл кардани санг”, “тухми муҳаббат коштан” ва “сулҳу оштӣ” овардан тавсиф кард ва ӯро “қиблагоҳи некном” номида, аз Худо хост, ки “мудом сояи болои сарашон” бошад.

Ба ин табрики хонаводагӣ, ки метавонист байни падару фарзанд бимонад, ҳолу ҳавои иҷтимоӣ дода шуд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон низ имсол дар иқдоми камсобиқае табрикоти раҳбарони бархе аз кишварҳои минтақаро нашр кард. Ба ҷуз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ва Си Ҷинпин, раҳбари Чин, дигар аксари онҳо раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ буданд.

Ба ин тартиб “Рӯзи забони давлатӣ”, ки аз соли 2009 ба ин сӯ аз рӯзи 22-юми июл ба 5-уми октябр, зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон кӯчонида шуд, дар соя монд.

Як корманди Идораи маориф дар шаҳри Душанбе, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, чорабиниҳои бахшида ба забон аксаран ба таҷлили зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтанд.

“Субҳи ҳамон рӯз дар чатҳои гурӯҳӣ директорони мактаб зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд. Вақте мо ҳам ба чорабинӣ рафтем, дигар тамоми гап дар бораи зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон буд. Рӯзи забонро ҳам гаҳ-гоҳе ёд мекарданд, вале танҳо ба он хотир, ки Эмомалӣ Раҳмон барои рушдаш чӣ корҳое кардааст,” — гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Шахси “муқаддас” ё “диктатори заиф”

Мухолифон мегӯянд, бо чунин шева таҷлил кардани зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштан ба як ҷашн аст, ки дар оянда мехоҳанд барои тақвияти кеши шахспарастӣ ихтисос диҳанд.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, як созмони мухолифин дар хориҷ аз кишвар мегӯяд, бо баҳонаи барҷаста сохтани таҷлил аз зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, аз ӯ як шахси муқаддасе месозанд, ки дигар мардум ба ҷуз ӯ ва фарзандонаш касеро натавонад дар сари қудрат тасаввур кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар сиёсат инро оғози сулоласозӣ меноманд, ки дар Тоҷикистон аз соли 2015, замоне, ки қонун ба Раҳмон мақому унвони “Пешвои миллат” дод, оғоз шудааст.

“Агар шумо ба шеъру таронаҳо дар васфи ӯ нигоҳ кунед, дигар комилан ӯро чун як одами муқаддас ситоиш мекунанд. Бо шукӯҳ таҷлил кардани зодрӯзи ӯ, сатҳи муқаддас буданро мехоҳанд тақвият диҳанд. Ба хотире, ки асос гузоранд ба як сулола ва гӯянд, ки дигар касе ба сатҳи ин хонавода нест ва танҳо ҳаминҳо метавонанд кишварро идора кунанд, чунин роҳ пеш мегиранд. Воқеан, Тоҷикистонро аз як хонавода кардаанд ва аз ин нигоҳ бояд онҳо талош кунанд, ки мардум ба ҷуз як нафар касеро тасаввур накунад. Фақат як ном ва як чеҳраро ба ҳар шакле набошад, дар зеҳнҳо насб кунанд,” — гуфт Гадоев.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Гадоев, “Эмомалӣ Раҳмон заифтарин диктатор дар минтақа аст”, ки агар Чин ва Русия аз ҳукумати ӯ пуштибонӣ накунанд, дар хурдтарин вазидани боди нооромӣ қудраташро аз даст медиҳад.

Намоиши садоқат ё тарс

Расонаҳои озод дар Тоҷикистон аксаран баста шудаанд ва рӯзноманигорону фаъолон, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекарданд, аксаран зиндонӣ шуданд ё аз тарси зиндонӣ шудан хомӯширо ихтиёр карданд. Бештар дар Тоҷикистон расонаҳои давлатӣ фаъол мондаанд, ки пур аз ситоиши Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳастанд, ки аксари нозирон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд дар роҳи ҷойгузини падар шудан аст.

Як фаъоли тоҷик аз Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тавсифи Эмомалӣ Раҳмон ва табрики зодрӯзи ӯ ба ҳамдигар аз як сӯ хости элитаи ҳукмрон бошад, аз сӯи дигар як роҳи “худширинкунӣ” ё содиқ нишон додани афродест, ки дар сохторҳои поёнии ҳукумат кор мекунанд. Бархе ҳам, ба гуфтаи ӯ, танҳо ба хотире, ки ба ӯ шубҳа накунанд, ки “душмани миллат” аст ва мабод, рӯзе боздошту зиндонӣ шавад, бо ҳар шаклу шева талош мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмонро биситояд.

“Ҳарчанд зодрӯзи президент иди давлатӣ нест, вале вақте мансабдорон ҳар сол онро ба таври барҷаста таҷлил мекунанд ва ҳамдигарро табрик менамоянд, ин амал ба як меъёри сиёсии ғайрирасмӣ, яъне як навъ ниҳодина кардани ин ҷашн табдил меёбад, ки риояи он барои намоиши садоқат зарур аст,” — гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, яъне 33 сол боз қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад ва ӯро яке аз раҳбарони дарозумртарини дунё медонанд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, ӯ Тоҷикистонро аз ҷанги дохилӣ раҳо ва кишварро обод кард. Мухолифонаш мегӯянд, дар замони раҳбарии ӯ Тоҷикистон ба як кишвари қашшоқ табдил ёфт, ки аҳолии қобили кораш дар шароити сахте дар Русия кор меҷӯянд.

Ахиран президенти Русия Владимир Путин ҳарчанд аз ӯ ситоиш кард, дар бораи низоми сохтаи Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "он ҷо на ҳама чиз одист", ки ишорае ба мушкилоти кишвар буд.

Эмомалӣ Раҳмонро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон барои саркӯби дигарандешон, рӯзноманигорон ва боздошту зиндонӣ кардани онҳо пайваста танқид мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG