А.Б. - як корманди собиқи БДА-ро як соли пеш бо ҷурми гирифтани пора аз сафи мақомот ронданд. Ба қавли наздиконаш, ӯро мақомоти интизомӣ бар асоси шикояти як ронанда бобати ришваситонӣ боздошт карданд ва ҷазо додаанд. Гуфта мешавад, ӯ барои надоштани иҷозатнома барои мошини сиёҳшиша аз як ронанда пора гирифтааст.
Мақомот маблағеро, ки ӯ ба ҳайси пора аз ронанда гирифтааст, на дар ҷайбу на дар даст, балки дар ҳамёни электронии ӯ ошкор карданд. “Бародарам, ки ба ҳайси корманди БДА фаъолият дошт, ҳангоми иҷрои вазифа бо ҳамкораш як мошинро боздошта ҳуҷҷатҳояшро тафтиш мекунанд, мебинанд, ки мӯҳлати иҷозати сиёҳшиша гузаштааст. Онҳо мехоҳанд, нисбати ронанда санад тартиб диҳанд. Аммо хоҳиш мекунад, ки ҳаққашонро гирифта, ӯро ҷавоб диҳанд ва фардо мушкилро ҳал мекунад. Вале вақте бозрасҳо розӣ намешаванд, ӯ рақами ҳамёни электронӣ мепурсад. Ҳамкораш аз бародари ман хоҳиш мекунад, ки рақами корташро диҳад. Ҳамин тавр ронанда ба ҳамёни бародарам гуё 2500 сомонӣ маблағ гузаронида, баъдан ба мақомот шикоят мекунад,”- гуфт яке аз наздикони корманди собиқи БДА.
Бо пайгирии хабарҳои марбут ба боздошти фасодкорон дар Тоҷикистон дида мешавад, ки шеваи порагирӣ низ тағйир кардааст. Ҳарчанд мақомот расман дар бораи шаклҳои ришвагирӣ, аз ҷумла тариқи ҳамёнҳои электронӣ хабар нашр намекунанд, вале ин навъ хабарҳо дар гузашта низ расонаӣ шудааст.
Аз ҷумла, аввали соли ҷорӣ додситонии шаҳри Кӯлоб низ аз боздошти Ҳ.Т - як мақомдори ҳукумати маҳаллӣ дар ин минтақа хабар дода буд, ки бо се иттиҳом, аз ҷумла (моддаи 316), "гирифтани пора" айбдор мешуд. Ҳарчанд додситонии Кӯлоб шарҳ надодааст, ки ин мансабдори собиқ барои кадом амалаш боздошт шудааст, вале пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мансабдори маҳаллӣ “барои буридани дарахт аз як нафар 200 сомонӣ пора гирифтааст. Гӯё порадиҳанда онро тариқи "Душанбе сити" ба ӯ фиристодааст».
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон бо анҷоми як назарпурсӣ роҳҳои мубориза бо фасодро муайян кардааст. Дар пурсиш даҳ ҳазор нафар аз саросари Тоҷикистон ширкат карда, бештар аз 19 дарсади онҳо хидматчии давлатӣ будаанд. Қишре, ки бар асоси хабарҳои нашршуда исмашон бо ҷурми гирифтани пора ё даст доштан дар фасод расонаӣ мешавад.
Оҷонсӣ таъкид кардааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳои пурсиш, барои мубориза бо фасод аз чораҳои сахттар кор хоҳад гирифт. Аммо маълум нест, Оҷонсӣ роҳу равишҳои нав дар ин самтро низ омӯхтааст ё не. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки яке аз талошҳои мақомот дар ин самт ҷорӣ шудани низоми ғайринақдии пардохтҳост.
Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Оҷонсии зиддифасод гуфт: “тибқи моддаи 541(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, масъулини вазорату идораҳо ва дигар корхонаву ширкатҳо барои қабули маблағи хизматрасонӣ дар шакли нақдӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд”.
Аз соли 2023 ба ин сӯ сокинон дар Тоҷикистон вазифадоранд, пардохтҳои давлатиро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки гузаштан ба низоми ғайринақдӣ пеши роҳи ришваю фасодро мегирад.
Ҷомеашинос ва раиси Маркази омӯзиши афкори умум “Шарқ” Музаффар Олимов ин тасмимро ба сурати умум қадами нек мешуморад, аммо мегӯяд он наметавонад фасодро пурра аз байн барад. Ба қавли ӯ, “ҳамон нафаре, ки пора гирифтан мехоҳад ё хоҳиш дошта бошад ва он нафаре, ки мехоҳад кораш анҷом шавад, ҳатман роҳашро пайдо мекунанд”.
Ин ҷомеашинос мегӯяд, ҳанӯз ҳеҷ пажӯҳише дар заминаи роҳу равишҳои гирифтани фасод анҷом нашудааст.
Пардохти электронӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Аммо онҳое, ки таҷрибаи кишварҳои дигарро дар роҳи мубориза бо фасод омӯхтаанд, бар инанд, ки барои ҷилавгарӣ аз фасод бояд ҳамаи пардохтҳои давлатӣ ва шартномаҳо дар платформаҳои кушод (open data) нашр шаванд. Аз тарафи дигар, ошкор кардани ҷиноятҳои марбут ба фасод, ки аз тариқи ҳамёнҳои электронӣ содир мешавад, осонтар аст, агар порадиҳанда аз ин ҳолат хабар диҳад.
Далер Каримов, як ҷавони тоҷике, ки солҳо дар яке аз ширкатҳои байнулмилалӣ дар Аврупо кор мекунад, гуфт фасод ҳамеша ба фанновариҳои муосир мутобиқ мешавад. «Агар пештар халтаи пул медоданд, ҳоло – QR-код, интиқоли электронӣ. Масалан, дар Чин баъзе мансабдорон пораро бо роҳи скан кардани QR-код мегирифтанд. Ё намуна аз Амрикову Аврупо, ки дар чанд парвандаи фасод пора бо Bitcoin ва Monero пардохт шудаанд, зеро пайгирӣ карданаш мушкил аст”.
Ба андешаи ин ҳамсуҳбати мо, барои пешгирии фасоди муосир бояд назорати рақамӣ, шаффофияти давлатӣ, қонунҳои қавӣ, озодии матбуот ва ҷомеа ҳамроҳ кор кунанд. Ҳамчунин маоши мувофиқ ба нархи бозор ҳам метавонад пораро аз байн барад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол Оҷонсии мубориза бо фасод беш 1200 ҷинояти коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардааст. Аммо дар бораи шеваҳои додугирифти ришва ҳеҷ омори расмӣ ва ҷудогона дастрас нест.
Ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои тандурустӣ, замин ва маориф ошкор шудаанд. Маъмулан ҳамин ниҳодҳо дар феҳристи фасодзадаҳо қарор мегиранд, на ширкату ниҳодҳое мисли Вазорати дифоъ ё Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ахиран исмашон бо тасарруфи миллионҳо доллари буҷаи давлат расонаӣ шуд.
Гуфтугӯ