Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп 300 сарбози Горди миллиро ба Чикаго мефиристад


Президенти ИМА дастур додааст, ки 330 сарбози Горди миллӣ барои мубориза "бо ҷинояткории аз назорат баромада" ба шаҳри Чикаго фиристода шаванд. Эълони Кохи Сафед баъд аз он нашр шуд, ки неруҳои Хадамоти марзбонии ИМА дар ҷараёни даргирии эътирозгарон ва афсарони муҳоҷират дар Чикаго ба сӯи як зани мусаллаҳ оташ кушоданд.

Дар бораи вазъи саломатии ин зан хабар дода нашудааст. Хадамоти муҳоҷирати Амрико гуфтааст, ин зан худаш то беморхона омад.

Эбигейл Ҷексон, яке аз сухангӯёни Кохи Сафед гуфт, “дар пасманзари нооромиҳои давомдор ва қонуншикание, ки раҳбарони маҳаллӣ, аз ҷумла губернатор Притзкер, аз боздоштани он худдорӣ карданд, президент Трамп ба фиристодани 300 сарбози Гвардияи миллӣ барои ҳифзи кормандон ва иншооти федеролӣ иҷозат дод".

Ин сухангӯи Кохи Сафед гуфт, президент Трамп ба “қонуншикание, ки шаҳрҳои Амрикоро хароб мекунад, чашм пӯшида наметавонад”.

Дар рӯзҳои ахир эътирозҳо ба ихроҷи муҳоҷирон дар назди бинои Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) дар Чикаго идома дорад.

Рӯзи шанбеи 4-уми октябр як додрас қарори Кохи Сафед барои фиристодани 200 сарбози Горди миллӣ ба шаҳри Портленди аёлати Орегонро муваққатан боздошт. Додрас Карин Иммергут гуфт, изҳороти Доналд Трамп дар бораи вазъият дар Портланд “ба воқеият рабт надорад” ва Конститутсияро нақз мекунад.

Ба гуфтаи додрас Иммергут, истифодаи неру барои пароканда кардани эътирозҳо бидуни розигии фармондорони аёлат қонунро нақз мекунад ва ҳам боиси зиёд шудани ҷинояткорӣ дар шаҳр мешавад.

Дар шаҳри Портленд низ давоми чанд моҳи ахир эътирозҳо дар назди бинои Хадамоти муҳоҷират ва гумрук идома дорад.

Интизор меравад, ки даъво барои манъи қарори ирсоли неруҳои Горди миллӣ ба Чикаго низ ба додгоҳ фиристода шавад.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи январи соли гузашта муборизаи сахтеро ба зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба роҳ монд.

Маъмурони амниятӣ дар шаҳрҳои гуногун ҳазорон муҳоҷирро дастгир карданд ва шиддат гирифтани амалиётҳо, сабаби тазоҳурот ба зидди Доналд Трамп дар шаҳрҳои гуногуни кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG