Дар даруни каллаи бемўи ман, дар он ҷое, ки ба қавли мўйсафеди Дарвин, бояд майна ё худ мағзи сар ҷойгир шуда бошад, се аф... аф... афроде!.. Худоё, ҳатто ба талаффузи ин калима забонам намегардад, зеро ҳамон фарди бечора ба каллаи бемағз чӣ кор дорад?... Умуман се махлуқе, се ҷондоре, доим дар баҳсу мунозира ва ҷанҷолу хархашаанд.
- Ҳарчанд Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам, дар номаш ҷонам, мўъҷизоти зиёде дорад, вале айни ҳол аз дасти бандагонаш коре намеояд,- Мулло аз сари болини бемор хеста ба назди ҳамдеҳагонаш, ки дар берун интизорӣ мекашиданд, баромад.
Мактуби шикоятии хар: Аз аввал бояд ба шумо, ҷанобон ва рафиқон, гўшрас кунам, ки хари ҳақиқӣ, бузигариро дўст намедорад. Зиёда аз он, тобу тоқати наздикӣ ва ҳамсоягии ин ҷондори хабаркашро надорад. Лекин, ҳоло маҷбурам, просто, маҷбурам, ки андаке бузигари кунам!
Дўстон ва ҳамкасбон, яъне бузҳо! Ман шунидам, ки чанде пеш, дар ин ҷо, хар - бузӣ кардааст? Оё вай аз кадом наслу нажод будани худро медонад? Медонад, ки бобою бобокалонаш киҳо буданд? Намедонад! Ман ҳамчун бузи ҳақиқӣ, шуморо бовар мекунонам, ки хар аз нажоди худ бехабар аст ва барои исботи ақидаи худ ба шумо далел меорам.
Эй-ей, бародари галстукдори ман. Як дам ист. Ин ҷо биё... Не-не хавотир нашав. Ман баробари пули додаат ба ту нос фурўхтам. На ту маро фиреб додию на ман туро.
Ҳо бар падаракат лаънате... Ман гуфтама,- ин ҷо ягон гапе ҳаст. Ин фиш-фишу, шўру-шари мардум беҳуда нест...
Рафиқон! Инак имсол ҳам соли таҳсил дар аксари макотиби таҳсили ҳамагонӣ, ногаҳон ва ғайричашмдошт, чӣ мегўед, ки ба охир расид ва шахсан мактаби мо имсол ҳам чун солҳои пешин хатмкунандагонамонро ба шаҳрҳои калони бурунмарзӣ, яъне ба хориҷаи дур, на он қадар дур ва на он қадар наздик мефиристад.
Даҳшат ! Ман медонистам, аниқтараш дар куҷое хонда будам, ки: «Одамизод қабри худашро бо дандони худаш меканад...» ва гумон мекардам, ки ин ҳам «Ба дандон рахна дар фўлод кардан ё ба нохун санги хороро буридан»- гуфтани ҳазрати Ҷомӣ барин як гап будагист-да...
Мактуби саломатӣ аз ҷониби як нафар фарзанди ба дил наздику ба дидор дури шумо, ки ҳоло дар яке аз бозорҳои калонтарини пойтахти ватанамон, касби душвор, вале дар айни замон хеле бошараф, – дуздӣ ва кисабуриро, бомуваффақият омўхта пешаи худ намудааст, ба падару модари меҳрубонам, ки ҳанўз дар хона ду бузу як хари нафурўхта доранд, салом.
- Уф-ф, мана, наконес,- тфу,- оқибат гуфтанӣ будам,- мо ҳам ба қатори одам даромадем. Акнун маро ҳам УФ мегўянд. Росташро гўям, гап дар ҳамин дарунҳо будаасту, мани гаранг роҳи Россияро охурча карда гаштаам. Қариб номамро фаромуш карда будам: дар Тоҷикистон -россиян, дар Россия - бомж, дар роҳи оҳани байни ҳардуяш алкоголик... Ана ёбу гиру кобу гард!
Рафиқон ҳамдеҳагон, аз ман хафа нашаведу, лекин ҳамин мана як предложение, ҳоли чӣ мешад, яъне якта таклифам, як пешниҳодам ҳай гўед. (Ҷудо мебахшеду ман вақти гапзанӣ якта – нимта гапҳои урусӣ ҳам партофта мемонам, чунки росташа гўям ҳамин забони тоҷикии имрўза ба ман вахтинча одат шудагӣ не, гўед).
Алло! Аллё!.. Ма киюм?.. Э охи вай... ту кийи? Чӣ? Ҳамиҷа Германияяй? Мегум ҳаму ҷое, ки ту дар гушут телефон мондагии немисистонай? Ҳа-а, э бале... Курт дар хонашай? Э охи, ҳами Курт, мегум, дар хонаш ҳаст ё не? Хай, ки боша телефонда фарёдуш ку... Ту гарангӣ, мастӣ, чӣ хелии... Кар пар-ку нестӣ? Курта пеши телефон ҷеғ зан мегум! Ҳова! Ҷеғуш бзан. Мешинӣ «явол-явол»-у «йя-йя» када...
Аллаё, аллаё, хоби вазнинаш барад, аллаё, алла. Аз сари нав хоби гаронаш барад, аллаё алла. Илоҳӣ, ҷигараш резад, онеро, ки шуморо аз ҳамон хоби бароҳати гарони аввала бедор кард...
Ман аз шумо калоншавандагони мӯҳтарами қишлоқи худамон як чизро пурсиданӣ ҳастаму, лекин худам росташро гӯям, кам-кам метарсам… Лекин мепурсам: ба назари мубораки шумо ҳамин хел наменамояд, ки танзими дар қишлоқамон эълоншударо як тармим карда гирем? Ба фикри ман, танзимамон камакак тармимталаб шудааст, мегӯям-мӣ? Чунки ҳар як корхонаю корхонача, идораю идорача ва бозору бозорча худашонро ба низоми эълоншуда мутобиқ кунонида гирифтаанд. Бӯқаламунҳо барин. Аз рӯи мақоли « Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз»
Пас аз ҳимояи бомуваффақияти номзадӣ дар академияи улум, ман дар назди дарвозаи бозори калони шаҳрамон чарчинфурўшӣ мекунам. Ҳамроҳи писарам. Вай ҳам дар донишкада ба наздикӣ ҳимояи дипломӣ дорад. Бинобар ин, танҳо пас аз нисфирўзӣ ба ёрии ман меояд.
Истед, бародарон, чаро ин тавр? Охир мо-ку дар мамлакатамон тамоми намудҳои донишгоҳу литсею донишкадаҳоро дорем. Ҳоло мо дар бораи макотиби таълимоти умумӣ ва омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии гуногуншаклу гуногунмазмун, ки дашту саҳроро пур кардаанд, гап намезанем. Барои носатро партофтан лаби гилеми хонаатро мебардорию, аз тагаш литсеи туркӣ мебарояд.
Аҷаб коре! Ҳар яки мо новобаста ба синну сол, вазифаю мансаб ва номдорию беномӣ, баъзан ба ҳолатҳое меафтем, ки баъд барои аз он баромадан , ба қавли худамон, чораҷўӣ карда, сарҳисоби корамонро тамоман гум мекунем. Ва ба ҳамааш медонед чӣ гунаҳгор аст? Ҳамин одамгарии мо. Одамгариро аз даст надиҳем гуфта, худамон аз одамгарӣ мебароем. Ба ҳамон санги дирўз пешпо хўрдаамон боз пешпо мехўрему, чунон ҳайрон мешавем, ки гўё он сангро бори аввал медида бошем.
Ёфтҳои бештар