ДУРУД, ЭЙ ДИЛ!
Дуруд ба ту, эй дил, эй қалби ноороми ман!..Ҳарчанд калимаи «ноором»-ро маҷозан ё аз рўи одат гуфтам. Чунки қалби «ором», танҳо қалби сокини ходақишлоқ аст. Чӣ? Бисёриҳо дар куҷо будани «ходақишлоқ»-ро намедонанд? Мефаҳмонам: Ходақишлоқ - он ҷоест, ки донистагию надонистагӣ оқибат ба он ҷо меафтад. Аниқтараш мебаранд. Қабристон... Дилҳои ором ҳама дар ҳамон ҷоянд. Баҳузур хобанд...
Боқӣ, ҳама дилҳо ноороманд. Бинобар ин, вақте, ки «қалби ноороом» мегўянд, он монанди «Миллати бузург» ё «Миллати шариф» ба назар андаке хандаовартарак менамояд. Ба ман нишон диҳед шахсеро, ки гўяд: «Қалби ман оромиро ихтиёр кардааст». Ё одамеро, миллаташро бузургу шариф нашуморад...Тамоми қалбҳо ноороманд ва кулли миллатҳо бузурганду шариф. Чунки зиндаанд, чунки ғам мехўранду, механданд, чунки хато мекунанду, аз паи ислоҳи он мешаванд...
Инак, дуруд ба ту, эй дил, эй қалбе, ки дар синаҳо пойкўбию дастафшонӣ мекунӣ ва бештари дилдорону соҳибдилон, аз ҷумла ман маънои ин коратро намефаҳмем. Намефаҳмем, ки ту «пойкўбон ба рақс» омадани ҳастӣ ё «дастафшон сар» андохтанӣ...
Агар авроқе, ки шоирон дар мадҳу васфи ту рангин кардаанд, паи ҳам қатор чинем, он атрофи заминро бо хати экватор чандин маротиба мепечонад ва агар авроқи шикоятӣ-танқидиро ба ҳамин минвол гузорем, он қутбҳои шимолу ҷанубро на як бору ду бор бо ҳам мепайвандад.
Ошиқон шўрии оби баҳру уқёнусро аз ашки худ медонанд ва дар ин кор туро гунаҳгор мешуморанд, ки яъне ту, дил, сабабгори гиряю нолаи беохири эшон гаштаӣ ва ашки онҳоро сатил - сатил рехта, обҳоро шўр гардонидаӣ.
Ушшоқи мўҳтарам кайҳо фаромўш кардаанд, ки он пири нишопурӣ, қариб ҳазор сол пеш мардумро огоҳ карда буд: ҳой, мардум, барои обҳоро шўр накардан ин рубоиро азёд кунед...
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гоҳ ки бимирию, нанолӣ ишқ аст...
Агар ҳамин хел рафтан гирад, кӣ медонад, аҷаб не, чор дарёи мо ҳам шўр гашта, сабаби пастравии нархи намак гарданд. Адибон таркишҳои атомии Хиросимаю Нагасакиро ба таркиши дар қалби худашон гузашта нисбат медиҳанд.Дар дунё касеро вонахўрдам, ки аз ту нанолад, шикояте аз ту надошта бошад ва ба сари ту борони маломат нарезад. Вале, бо вуҷуди он, аз чи сабаб бошад, ҳама мехоҳанд туро дошта бошанд.
Олимон мегўянд, ки ҳаҷми дили ҳар кас баробари панҷаи гиреҳшудааш, яъне баробари мушташ аст. Агар дар ҳақиқат ҳамин тавр бошад, пас ин қадар воҳимаю дағдаға чӣ лозим? Худат як мушт узву каттагият оламро гирифтааст...
Табибон чанд вақт шуд ваъда медиҳанд, ки аз пластмасса ё синтетика амсоли ту чизе месозанд. Аҷоиб, рўзе ки онҳо ваъдаашонро ба ҷо биёранд аҳволи ту чӣ мешуда бошад?.. Ана масхараи мардум мешавӣ! Вақте ки ҳар кас туро ҳамчун бензинкашаки кўҳнашудаи мошин канда мепартояду ба ҷоят дили сунъии синтетикӣ ё пластикӣ мемонад, аз каттагию калонгарӣ ва нобаҳангом дард карданҳоят чӣ боқӣ мемонад?
Бинобар ин, ана ҳамин гуфтаҳоро ба назар гиру, бисёр аз худ нарав. Вақту бевақт дард кардан нагир. Вагарна мардум ногаҳон ба ғазаб омада, ба ҷои табобатхонаҳо пунктҳои ёрии таъҷилии техникӣ мекушоянд ва ба пулашон нигоҳ карда ҳар сол туро иваз кардан мегиранд. Феъли одамонро медонӣ-ку?
Оҳ!.. Ин сих заданат чӣ маъно дошт?.. Ҳа, фаҳмо... Ту пурсиданӣ ҳастӣ, ки шахсан ман туро иваз мекунам ё не, ҳамин тавр? Канӣ, мон, ману ин сари бемўй як фикр карда бинем...
Ин қадар ба бозӣ надаро... ман туро иваз намекунам. Бо вуҷуди варақаи корношоямӣ доштанат, ман туро дар кўча партофтанӣ нестам. Чаро иваз кунам? Ман бо ту одат кардам. Ту ҳам феъли маро медонӣ ва дар рагҳоям об намекашӣ... Ҳарчанд баъзан дард мекунӣ, ноҳақиҳоро дида дар худ мепечӣ, менолию баъзан ба ман шикоят мекунӣ, ки оҳанин нестӣ. Бо вуҷуди ин ...Ман аз ту розиям, эй дил! Ту маро аз байни тўфонҳо ва регистонҳо гузаронидаӣ, ба беақлиҳоям тоқат мекунӣ, вақте ки дўстонам душвориҳои маро дида аз ман рўй мегардонанд, ту маро таскин медиҳӣ. Ман ҳар рўз туро чун ҷаллод ба пораҳо тақсим карда зарра - зарра бой медиҳам, вале ту вонамуд мекунӣ, ки гўё воқеае рўй надодааст...
Бинобар ин ман туро бо ганҷи Қорун иваз намекунам, эй дил!
Ҳоло ки ҳамин ҷоям, маро тарк наун, ҳамроҳам бош, эй дил, эй қалби... ноороми ман!..