“Дар мавриди суръати Интернет. Дар ҳақиқат, чунин камбудҳо дар соҳа вуҷуд доранд. Мо инро қабул дорем. Шикоятҳои аҳолӣ хеле зиёд аст, аз ҷумла дар ноҳияи дурдаст ва шаҳрҳои атрофи Душанбе. Инро пурра меомӯзем." Ин суханони раиси нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.
Як блогерро дар Узбекистон барои таҳқири барандаи телевизион, Нилуфар Сотиболдиева, ҷазо додаанд. Расонаҳо номи блогерро зикр накарда, вале гуфтаанд, ки ӯ 38-сола ва зодаи вилояти Навоии Узбекистон аст.
Ваъдаи раиси нави Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳимояти ҳомиёни ҳуқуқ аз хабарнигор Рухшона Ҳакимова, зарурати нашри эъломияи дороии мансабдорон, ҳабси блогер барои таҳқири муҷрии телевизион ва матолиби дигар.
Пас аз чанд соли баҳс, Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон тасмим дорад, эъломияи дороии мансабдоронро барои ҷомеа пешниҳод кунад. Маоши кам, вале сарвату дороии баъзе аз мансабдорон шубҳаро дар бораи шаффофияти кори онҳо ба миён гузоштааст.
Як созмони муътабари байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки парвандаи зидди рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд. Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 29-уми январ дар изҳороте гуфт, рӯзноманигорон барои фаъолиятҳои худ набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Ихроҷи баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави зери ҳукумати “Толибон” наздиконашонро нигарон кардааст. Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шудаанд.
Масъулони ҳамла ба мошини раиси ҳизби ҳоким дар Кӯлоб ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ махрум шуданд, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз бадшавии вазъи муҳоҷирон дар Русия нигарон аст, дурнамои равобити Трамп ва Путин, видоъ бо хабарнигору нависанда Ҳабиб Саид ва матолиби дигар.
Трамп мехоҳад Путинро ба музокироти сулҳ дар Украина моил кунад
Додгоҳи вилояти Хатлон 9 кас, аз ҷумла як занро дар робита ба ҳамла ба Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Кӯлоб, аз панҷ сол зиндон то ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.
Колбади нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саидро дар охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Исфара дафн карданд. Ӯ бештар аз 30 сол дар вилояти Оренбурги Русия мезист ва рӯзи 20-уми январ, ҳамонҷо дар 71-солагӣ даргузашт. Пайвандон сабаби марги ӯро “хуруҷи саратони меъда” гуфтанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, дар даҳ моҳи охир, баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус", поймоли ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар Русия афзудааст.
Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 22 миллиард киловат соат барқ тавлид шудааст. Қарииб се дарсад зиёдтар нисбат ба соле пеш. Бо вуҷуди тавсифи Вазорати энергетика, қисме аз аҳолӣ бо маҳдудият барқ мегиранд. Хабарнигорони Озодӣ аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ пурсиданд, ки дар рӯз чанд соат барқ доранд?
Ёфтҳои бештар