Дар шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" Шаҳлои Гулхоҷа бо зани муҳоҷир Суман Сафарова ҳамсуҳбат шудааст, ки барои раҳоии шавҳараш аз зиндони Русия талош дорад. Ба фикри Сафарова шавҳараш ноҳақ дар зиндон аст.
Як додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Додгоҳи Гаага) дархост кард, ки амри боздошти Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари гурӯҳи Толибон, содир шавад.
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Бо имзои созиши оташбас байни Ҳамосу Исроил, ки ба як ҷанги вайронгар дар Навори Ғазза поён дод, гурӯҳи Ҳамос, ки онро Амрико созмони террористӣ медонад, ҳамчунон ҳукуматро дар минтақа зери даст дорад. Ройтерс мегӯяд, часпидани Ҳамос ба қудрат метавонад монеи пойдор мондани созиши доимӣ шавад.
Бег Сабур, яке аз чеҳраҳои баҳсбарангез дар ҳукумат ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз 14 соли кор дар яке аз идораҳои муҳими давлатӣ аз мақомаш сабукдӯш карда шуд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки се сол боз баста аст, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ ҷамъ омаданд ва бо ҳашар гирду атрофи гузаргоҳи марзиеро пок карданд, ки муддати тӯлонист, ҳаракат дар он мушоҳида намешавад.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нахустин нишасти хабарии нозирони САҲА, ки барои назорат ба ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, бидуни баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ анҷом ёфт. Дар ҳоле ки намояндагони САҲА 60 расонаро даъват карда будаанд, ҳамагӣ чаҳор нафар ширкат карданд.
"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Душанбе садо додааст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Дар шаҳри Турсунзода, баҳси гурӯҳе аз сокинон бо як соҳибкор идома дорад, ки мехоҳад, дар ҷойи ҳавлиҳои онҳо хона бисозад. Сокинон мегӯянд, пуле, ки барои хонаҳояш пешниҳод мешавад, назар ба арзиши бозор кам аст ва рафтори соҳибкор одилона нест.
Доналд Трамп дар як рӯз даҳҳо фармону қарор имзо кард; Эмомалӣ Раҳмон як вазиру чанд раисро гирифт; Ҳизби сотсиал-демократ ба интихобот нарафт; Дар Турсунзода кашмакаш барои хонасозӣ идома дорад ва хӯроки кӯдакон беҳтару қадашон баландтар шудааст.
Ёфтҳои бештар