Дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикояти мардум аз норасоии нерӯи барқу хонаҳои торику сард, сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад. Нерӯгоҳе, ки онро масъалаи ҳаёту мамоти кишвар номидаанд. Хабаргузории Франс Пресс дар бораи ин мушкилоту ҷараёни сохтмони Роғун гузорише омода кардааст.
Эълони таҳримҳои нави Амрико ба зидди ширкатҳои энергетикии Русия, бахусус “Газпромнефт”, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газу нафт аст, нигарониҳоеро дар кишвар барангехтааст.
Иёлоти Муттаҳида "Газпромнефт" ва "Сургутнефтегаз", ду ширкати азими нафтии Русияро таҳрим кард. Ин қарор, ки рӯзи 10-уми январ нашр шуд, зиёда аз 20 корхонаи тобеи онҳо, аз ҷумла “Газмронефт” дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро бар мегирад.
Додгоҳе дар Амрико Николай Голтсев, шаҳрванди Канада ва шарики Салимҷон Насриддинов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро се солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 8-уми январ дар аёлати Ню-Йорк содир шуд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бар асоси шикояти сокинон се ширкати мухобиротиро ҷазо додааст. Мақомот ва намояндагони ширкатҳо суҳбат намекунанд.
Додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико ширкати Apple-ро вазифадор кард, ки ба даҳҳо миллион муштарӣ дар умум 95 миллион доллар бипардозад.
Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар тақрибан даҳ соли охир ду бор дар бораи аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ ва расидан ба истиқлоли энержӣ ваъда дод. Бори охир рӯзи 28-уми декабри соли 2024.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз моҳи сентябри соли 2025 маошу нафақаи мардумро зиёд хоҳанд кард. Баъзе аз сокинон онро мусбат арзёбӣ карданд. Иддае дигар гуфтанд, мумкин аст, то он вақт арзиши молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафта, таъсири онро ба зиндагияшон ночиз гардонад.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, вазъ дар Русия онҳоро водор сохтааст, ки макони муҳоҷирати кории худро дигар кунанд.
Соҳибкор Дилором Ҳасанова даъво дорад, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тиҷораташро аз ӯ гирифта, ба моликони бозори “Фаровон” доданиянд. Ин бозор зери итоати ширкати “Сомон Суғд” аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар гузашта маълум карда буд, ки решаи он ба наздикони раисҷумҳур мерасад.
Дар Узбекистон, ки манобеи азими газ дорад, мардум хонаҳояшонро бо ангишту ҳезум ва таппӣ гарм мекунанд, чун кишвар ба бӯҳрони энержӣ гирифтор аст ва қодир ба тамоми мардум бо газу барқ нест. Рӯ овардан ба ҳезуму ангишт ба қавли мутахассисон, барои ҳавову муҳити зисти Узбекистон фалокатбор аст.
Ёфтҳои бештар