Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли ахир бисёр пешрафт кард, аммо мумкин аст, суръати рушди он ба иллати кашмакашҳо дар ҷаҳон ва сахт шудани сиёсати муҳоҷирпазирӣ дар Русия суст шавад.
Хурсандӣ аз фаровонии ҳосил ва нигаронӣ аз камхаридории тарбуз. Кишоварзон дар Хатлон шикоят доранд, ки ба иллати камии харидор ҳосили фаровони тарбузро талаф медиҳанд.
Як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дороии Шаҳриёр Назриев, сардори Бюрои Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ошкор кардааст.
Тоҷирони Чин дар Душанбе эълон кардаанд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон 6 милллиард сомонӣ (беш аз 584 миллион доллар) сармоягузорӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳафт сол қабл– соли 2016 дар назди худ ҳадаф гузошт, ки то соли 2030 барои мардум зиндагии шоистаеро фароҳам мекунад.
Сарфи назар аз фаро расидани гармӣ дар Тоҷикистон, сокинон аз гаронии нархи мева шикоят доранд.
Дастгоҳҳои фарсудаву бозмонда аз Шӯравии собиқ, ки то соли 2005 аз қаъри замин дар ноҳияи Балҷувон нафт мекашиданд, акнун барои баровардани об истифода мешаванд.
Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ кардааст.
Як гурӯҳ аз кишоварзон дар вилояти Суғд бо истифода аз поруи ҳайвонот истеҳсоли гази табииро омӯхтаанд.
Қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар як моҳи ахир якуним дарсад поин рафтааст.
Дар Маҷористон (Венгрия), ки нахуствазираш Виктор Орбан сиёсати муҳоҷирпазирии Иттиҳоди Аврупоро танқид мекунад, эътироф кардааст, ки дар қаламрави кишвараш 120 ҳазор муҳоҷир кор мекунад.
Дар байни ду ширкат – "Чин Зар" аз соҳибкори чинӣ ва "Нахш" аз Тоҷикистон – баҳси молӣ сар задааст.
Ёфтҳои бештар