Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, эълом кард, ки аз ҳайати Паймони миллӣ, эътилофи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, берун шуд. Раҳбари созмон, Шарофиддин Гадоев, рӯзи 13-уми август тасмимро ба "нақзи усули демократия" ва "мусоидат ба ташкили диктатура" дар дохили ПМТ вобаста донист.