Дар чанд ҷумла
Ихроҷи Убайдулло Саидӣ аз "Гурӯҳи 24". Даъво ва далели тарафҳо чист?

Ихроҷи як узви “Гурӯҳи 24” аз сафи ин ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон баҳсбарангез шудааст.
Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” рӯзи 11-уми август эълом кард, ки узвияти Убайдулло Носиров, машҳур ба Убайдулло Саидиро “бо сабаби пойбанд набудан бо оинномаи ҳаракат” бекор кард.
Убайдулло Саидӣ (Носиров) даъво дорад, ки “ғайриқонунӣ” ронда шуд, аммо қасд дорад “номзадии худро ба вазифаи раҳбари нави созмон пешниҳод кунад”. Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки дар Туркия ба таври мармуз нопадид шуда буд, дар боздошт ва дар Тоҷикистон аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати ҷунбиши мухолифро Ҳусейн Ашӯров бар уҳда дорад.
Як масъули созмони “Гурӯҳи 24” рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Убайдулло Саидӣ аз ин ба баъд ба созмони онҳо ҳеч иртибот надорад ва “масъули аъмол ва кирдораш танҳо худи ӯ хоҳад буд”. Аз ин бештар тафсилот надод. Маълум нест, байни ду тараф чӣ гузашта.
Убайдулло Саидӣ рӯзи 12-уми август гуфт, ки Шӯрои ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихобӣ аст ва аъзои он дахлнопазиранд. “Танҳо дар сурати хиёнат ба ҳаракат ваколати ӯ ботил карда мешавад. Сипас хориҷ мекунанд. Чизе, ки дар қарори 11-уми август вуҷуд надошт ва тибқи оинномаи ҳаракат сурат нагирифт,” – афзуд ӯ.
Саидӣ сабаби чунин бархӯрдро ин гуна шарҳ дод: “Аз ман хостанд, ки чанд сирро бигӯям, вале худдорӣ кардам. Чанд узви Шӯро маро таҳқир карданд. Талаб кардам, ҷаласа баргузор шавад ва ин тарзи рафтор баррасӣ гардад, вале дар иваз узвияти маро қатъ карданд.”
Ӯ мехоҳад, ҷаласаи Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” баргузор шуда, “шахсоне, ки чунин тасмим гирифтанд, муҷозот шаванд.” Ба қавли Убайдулло Саидӣ, пас аз як моҳ раиси нави созмони “Гурӯҳи 24”-ро интихоб мекунанд ва ӯ қасд дорад яке аз номзадҳо бошад. Вай се сол боз узви раёсат ва сухангӯйи "Гурӯҳи 24" будааст.
Дар ҳоли ҳозир Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, дар боздошт ва дар Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо дар моҳҳои феврал ва марти имсол дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуда буданд.
Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9-уми август гуфт, онҳо дар Душанбе ҳастанд ва парвандаашон дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Ӯ чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шудани онҳоро нагуфт. Масъулони “Гурӯҳи 24” ва баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ба мисли Freedom House ё Хонаи Озодӣ бовар доранд, ки “онҳо рабуда шудаанд”.
Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ”-ст. Ҳарчанд масъулонаш созмонро сиёсӣ ва фаъолияти онро дурусту қонунӣ медонанд, то ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз “Гурӯҳи 24” даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Русия ва Украина даҳҳо асирро иваз кардаанд

Русия ва Украина рӯзи якшанбеи 24-уми август гуруҳи нави асиронро иваз карданд. Ба гузориши Вазорати дифои Русия, табодули асирон аз рӯи усули "146 ба 146" анҷом шуд. Имороти Муттаҳидаи Араб барои иваз кардани асирон миёнаравӣ кардааст.
Ба ҷуз асирон, инчунин Русия ва Украина чанд шаҳрванди мулкиро низ иваз кардаанд. Ба гуфтаи Омбудсмени Русия, 8 сокини вилояти Курск баргардонда шуданд. Татяна Москалкова гуфт, ин нафарон аз моҳи феврали соли 2025 дар Украина нигоҳ дошта мешуданд.
Президенти Украина Владимир Зеленский низ табодули асиронро тасдиқ кардааст. Гузориш шудааст, ки ба ҷуз низомиён инчунин рӯзноманигор Дмитрий Хилюк ва собиқ волии Херсон низ ба Украина бозгардонда шудаанд. Ин нафарон соли 2022 аз сӯи неруҳои Русия боздошт шуда буданд.
Бритониё як бонки Қирғизистонро барои кумак ба Русия таҳрим кард

Британияи Кабир "Капитал Бонк”-и Қирғизистон ва мудири онро ба далели кумак ба Русия таҳрим кардааст.
Мақомоти Бритониё гуфтанд, Русия барои хариди маҳсулоти ҳарбӣ ин бонки Қирғизистонро истифода бурдааст. Намояндагони "Капитал Бонк" гуфтанд, онҳо дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накардаанд ва фаъолияташон дар асоси қонунгузории Қирғизистон аст.
Бритониё ҳамчунин бозори асъори рақамии Grinex--ро таҳрим кард, ки дар Қирғизистон сабти ном шудааст. Амрико ҳам пештар ин бозори асъори рақамӣ ё криптавалютаро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда буд.
Маҷаллаи бритониёии Financial Times ҳанӯз охири моҳи июни имсол навишта буд, ки ба воситаи бозори асъори рақамии Grinex амалиётҳо ба маблағи 9 миллиард доллар анҷом шудаанд.
Чанд ширкатҳои хусусии Қирғизистон, аз ҷумла Tengricoin, Old Vector, Altair Holding SA низ ба рӯйхати сиёҳи Бритониё ворид шуданд.
Таркиш дар мағозаи кӯдаконаи Маскав. Як нафар ҳалок шуд

Дар пайи таркиши балони газ дар мағозаи марказии бачагонаи шаҳри Маскав як нафар ба ҳалокат расида, се каси дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора оҷонси Маскав хабар додааст. Ҳодиса 24-уми август рух додааст.
Ба гузориши телеграм-канали Mash, таркиш дар ошёнаи сеюм ва дар наздикии қаҳвахонаи "Шоколаднитса" рух додааст. Хадамоти оташнишонии Русия гуфтааст, ягон аломати қасдан оташ задани ин ҷойро наёфтаанд.
Намояндагони мағозаи марказии кӯдакон гуфтанд, ки таркиш дар мағозаи яке аз иҷорашинон рух додааст.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, мақомоти тафтишотӣ қазияро таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи Собянин, тибқи маълумоти пешакӣ сабаби таркиш корношоям шудани таҷҳизот аст.
Паҳподҳои Украина ба чанд минтақаи Русия ҳамла кардаанд

Паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина шаби 23-юми август ба чанд минтақаи Русия ҳамла кардаанд. Волии вилояти Самара гуфт, як корхонаи саноатӣ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифт. Гузориш шудааст, ки неруҳои украинӣ ба корхонаи коркарди нафти Сизрани зарба задаанд.
Паҳподҳои украинӣ ҳамчунин ба бандари Уст-Луга дар вилояти Ленинград ҳамла кардаанд. Александр Дрозденко, волии минтақа гуфт, ки дар пайи афтидани пораҳои паҳпод, дар яке аз терминалҳои ширкати НОВАТЭК сӯхтор сар задааст. Ин ширкат ба истихроҷи гази моеъ машғул аст. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди Нерӯгоҳи барқи атомии Курск як ҳавопаймои бесарнишин ба трансформатори назди истгоҳ осеб расондааст.
Вазорати дифои Русия аз сарнагун кардани 57 паҳподи украинӣ хабар додааст.
Дар пайи ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ҳамчунин дар кори фурудгоҳҳои чанд шаҳри Русия маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла фурудгоҳи Шереметово дар Макав, Пулково дар Санкт-Петербург ва фурудгоҳҳои Пенз, Қазон, Ижевск, Самара, Тамбов, Нижнекамск ва Нижний Новгород бо мушкил рубарӯ шуданд.
Се кӯдаки бепарасторро аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд

Се кӯдаки бепарастори тоҷикро аз шаҳри Санкт-Петербург ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар ин бора Консулгарии Тоҷикистон хабар додааст.
Намояндагони консулгарӣ бе овардани ҷузъиёти бештар танҳо гуфтаанд, ки ин 3 кӯдак дар Русия бепарастор монданд ва бар асоси як созишнома миёни кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Феълан маълум нест, ки ин кӯдакон чигуна дар Русия аз парастор маҳрум шудаанд. Дар аксе, ки консулгарӣ нашр кардааст дида мешавад, ки яке аз кӯдакон тақрибан сесола ва ду нафари дигар камтар аз як сол син доранд.
Ҳафтаи гузашта низ се кӯдаки бепарастори тоҷикро аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон фиристода буданд.
Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст.
Таҳдиди Трамп ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар таҳдид кардааст, ки дар сурати ба даст наомадани пешравӣ дар музокироти сулҳ дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Ҳушдори Трамп як ҳафта пас аз дидораш бо Владимир Путин дар Аляска садо дод.
Президенти Амрико 22-юми август дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "қарор аст тасмим бигирам, ки чӣ корро анҷом диҳам ва ин тасмими бисёр муҳим хоҳад буд. Инки оё таҳримҳои густурда (алайҳи Русия) ҷорӣ кунам ё таърифа (боҷ)-ҳои сангин ё ҳарду, ё инки ҳеч кор накунам ва бигӯям, ки ин ҷанги худатон аст."
Доналд Трам ҳамчунин гуфт, аз ҳамлаи маргбори неруҳои Русия ба як корхонаи амрикоӣ дар Украина дар ҳамин ҳафта норозигӣ аст. "Аз ин мавзуъ хушҳол нестам. Аз ҳар чизе, ки марбут ба ин ҷанг бошад хушҳол нестам", - афзуд Трамп.
Аз сӯи дигар Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина 22-юми август гуфт, Русия тамоми талошашро мекунад то монеи дидори ӯ бо Владимир Путин шавад. Пештар Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ки барномаи дидори роҳбарони Русия ва Украина ҳанӯз омода нест.
Владимир Зеленский вохӯрӣ бо Владимир Путинро ягона роҳи поёни ҷанг медонад.
Тамоси телефонии Ароқчӣ бо вазирони хориҷии Олмон, Бритониё ва Фаронса

Вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз тамос бо ҳамтоёни фаронсавӣ, бритониёӣ ва олмонӣ ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, эълон кард, ки даври нави гуфтугӯҳо дар бораи парвандаи ҳастаӣ, 26 август байни муовинони ӯ ва дипломатҳои аврупоӣ, баргузор хоҳад шуд.
Аббос Ароқчӣ ин хабарро рӯзи 22 август дар ҳоле эълон кард, ки се кишвари аврупоӣ дар ҳоли баррасии баргардонидани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон ҳастанд.
Ин механизм раванде аст, ки бар асоси он, дар сурате, ки иддао шавад Эрон ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи барномаи ҳастаиро иҷро накардааст, таҳримҳои бекоршудаи Шӯрои Амният алайҳи Теҳрон ба таври худкор ё автоматикӣ, фаъол мешаванд.
Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои Фаронса бо нашри паёме дар шабакаи Х хабари гуфтугӯи ҳафтаи ояндаро тасдиқ кард ва ҳушдор дод, ки "вақт дар ҳоли тамом шудан аст".
Ӯ тамоси телефонии рӯзи ҷумъа бо Аббоср Ароқчиро "муҳим" хонд ва гуфт, ки тарафҳои аврупоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон ва таҳримҳое, ки дубора омодаи амалӣ шудан алайҳи Эрон ҳастанд, гуфтугӯ карданд.
Аз сӯи дигар, Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ бо ишора ба ин, ки тамоси муҳиме бо дипломати баландпояи Эрон барқарор шуд, эълон кард, ки "Аврупо ӯҳдадор ба ёфтани роҳҳали дипломатӣ барои масъалаи ҳастаӣ аст".
Вазири корҳои хориҷии Эрон баъд аз тамос дар баёнияе гуфт, ба ҳамтоёни аврупоии худ гуфтааст, ки се кишвари аврупоӣ "салоҳияти қонунӣ ва ахлоқӣ" барои фаъол кардани ин механизмро надоранд ва ҳамчунин дар бораи "паёмадҳо"-и ин иқдом ҳушдор дод.
Боздошти раҳбари як ширкати сохтмонӣ ба гумони аз худ кардани 50 млн сомонӣ

Раҳбари як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе ба иттиҳоми "қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", боздошт шудааст.
Пулиси Душанбе рӯзи 22 август хабар дод, ки Содиқ Одинаев, раҳбари ширкати сохтмонии "Ҷамол-Басир" аз беш аз 160 нафар барои таъмин намудани онҳо бо хонаи истиқоматӣ пул гирифта, маблағҳоро аз худ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари ин ширкат як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар фурӯхтааст. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе зарари ба шаҳрвандон расонидаи Содиқ Одинаевро наздики 50 миллион сомонӣ гуфтааст.
Назари раиси "Ҷамол-Басир" ва наздиконаш ба ин иттиҳом рӯшан нест ва маълум нест, ки оё ӯ ба вакили дифоъ таъмин аст ё не.
Мақомот ҳоло нисбати Содиқ Одинавев бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардаанд.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 75 сомонӣ аст) ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Толибон ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад кард

Ҳукумати Толибон ба нигарониҳои кишварҳои минтақа дар мавриди ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, вокуниш кард.
Аввали ҳафтаи ҷорӣ намояндагони Чин, Покистон ва Эрон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, монанди ДОИШ, "Ал-Қоида" ва Таҳрики Толибони Покистонро як таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хонданд.
Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид гуфта шудааст, ки ҳудуди ду ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ ва ҳудуди шаш ҳазор ҷангҷӯи Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистон ҳузур доранд.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ин нигарониҳо рад кардааст. Ӯ рӯзи 22 август дар шабакаи Х навишт, ки бояд аз талошҳо барои бесубот нишон додани Афғонистон худдорӣ шавад.
Ӯ гуфтааст, ки ин иттиҳом "беасос" аст ва ҳеч санаде барои исботи он вуҷуд надорад.
Дар чаҳор соли гузашта пас аз бозгашти дубораи Толибон ба Кобул, гурӯҳи ДОИШ масъулияти силсилае аз ҳамлаҳои хунинро дар Афғонистон ба ӯҳда гирифтааст.
Панҷ афсари пулис дар Систон ва Балучистон кушта шуданд

Мақомоти пулис дар Эрон хабар доданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 22 август ба ду гашти интизомӣ дар постгоҳи "Доман" дар Эроншаҳри вилояти Систон ва Балучистон, панҷ маъмури интизомӣ кушта шуданд.
Тибқи гузоришҳо, мошинҳои кормандони пулис дар роҳи минтақаи Хош ба Эроншаҳр мавриди ҳамлаи қарор гирифтанд. Ҳамлаварон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Чанд соат баъд аз ин ҳодиса, гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт ва иддао кард, ки бо ҳамла ба маъмурони интизомӣ, силоҳҳои онҳоро "ғанимат" гирифтааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки ҳамаи касонеро, ки савори ин ду мошини нерӯҳои интизомӣ буданд, куштааст.
"Ҷайш-ул-Адл", ки аз сӯи Эрон ва Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст, иддао мекунад, ки барои ҳуқуқи ақалияти балуч бо Эрон мубориза мекунад.
Ин гурӯҳ то кунун борҳо бо нерӯҳои Сипоҳ ва марзбонони Эрон дар вилояти Систон ва Балучистон даргир шуда ва шуморе аз онҳоро гаравгон гирифта ё ба қатл расондааст.
Ин гурӯҳ рӯзи 26 июли имсол ба бинои Додгоҳи вилояти Систон ва Балучистон дар шаҳри Зоҳидон ҳамла кард ва 6 танро кушта ва 22 нафари дигарро захмӣ намуд.
Оҷонсӣ муовини раиси Шаҳринавро ба ришвагирӣ муттаҳам кард

Аслиддин Ҳамдамзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва вакили маҳаллӣ, ба гирифтани 20 ҳазор сомонӣ (қариб ду ҳазор доллар) муттаҳам шудааст.
Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми август гуфт, ки парвандаи ӯро бар асоси моддаи 319 (қисми 3)-и Кодекси ҷиноӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристод. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мавқеи ӯ ва наздикону вакили мудофеаш дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Аслиддин Ҳамдамзода аз моҳи майи соли 2023 дар мансаби муовини раиси Шаҳринав дар умури кишоварзӣ кор мекард. Ҳамзамон вакили Маҷлиси ноҳия буд.
Оҷонси мубориза бо коррупсия дар баёнияе гуфт, ӯ моҳи апрели имсол аз як нафар (номаш пурра гуфта намешавад) барои "ҷудо кардани беш аз 118 га замини чарогоҳ" бист ҳазор сомонӣ ришва хостааст. Дар ҳоле ки ба иттилои манбаъ, “ӯ ҳамзамон раиси кумисюни танзими истифодабарии чарогоҳҳо дар ноҳияи Шаҳринав буд ва барои ин кор мусоидат карда метавонист.”
“Ҳамдамзода... давоми моҳи майи соли 2025 дар ду ҳолат аз шаҳрванд М.Б.П. 20000 сомониро ба сифати пора гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд,” – гуфта шудааст дар баёнияи мақомот.
Аз ин ҳодиса се моҳ гузаштааст, вале мақомот ҳоло хабар доданд. Маълум нест, Аслиддин Ҳамдамзода дар бозпурсиҳо чӣ гуфтааст.
Бори аввал нест, ки муовини раиси як ҳукумати маҳаллӣ дар Тоҷикистон дастгир мешавад. Моҳи июли соли 2021 Сӯҳроб Раҳимов дар мақоми муовини раиси Кӯлоб бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "суистифода аз мансаб" дастгир шуда буд.
Фасоду ришва ва дуздии пулҳои давлатӣ аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон номбар мешавад. Сокинон борҳо шикоят кардаанд, ки бе додани пора корашон дар идораҳои давлатӣ иҷро намешавад.
Созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International, ки вазъи фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон меомӯзад, дар аввали имсол Тоҷикистонро аз миёни 180 кишвар дар радаи 164-ум ва дар қатори давлатҳои фасодзада ҷой дода буд. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон бо он розӣ нестанд.
Тоҷикистон муҳоҷирони баргаштаро аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаронад?

Ҳукумати Тоҷикистон аз бими афзоиши ВИЧ/СПИД ё бемории вируси норасоии масунияти бадан дастур додааст, ки механизми муоинаи ҳатмии тиббии муҳоҷирони бозгашта ба ватан таҳия шавад.
Сабаби ин пешниҳод зоҳиран афзоиши босуръати беморӣ дар байни муҳоҷирони корӣ аст, ки бехабар аз мавҷудияти вирус дар бадани худ ба хона бармегарданду ба дигарон сироят мекунанд.
Дар ин бора дар санаде аз ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан, сил ва вараҷа таъкид шудааст. Радиои Озодӣ онро дид.
Чанд вазорату идора, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ вазифадор шудаанд, ки “бо мақсади пешгирӣ аз сирояти ВИЧ механизми ҳатмии гузаштан аз муоинаи тиббӣ баъди бозгашт аз хориҷи кишварро омода намоянд.”
Дар ҷаласаи кумита дар моҳи июн гуфта шудааст, ки яке аз сабабҳои аз Русия ихроҷ шудани муҳоҷирони корӣ гирифтории онҳо ба бемории вируси норасоии масунияти бадан аст ва “сатҳи огаҳии муҳоҷирон дар бораи пешгирии беморӣ ва табобати он бисёр паст мебошад.”
Бино ба омори расмӣ, соли 2024 ҳар саввумин нафари гирифтор ба вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон муҳоҷири корӣ будааст. Дар ҳоле ки соли 2020 аз ҳар шашумин муталои ВИЧ муӯоҳирон буданд.
Дар Тоҷикистон бештар аз 15 ҳазору 500 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан сабти ном шудаанд. Маркази мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан гуфтааст, дар Тоҷикистон дар 5 соли гузашта тақрибан 5500 мавриди нави беморӣ сабт шудааст ва 22 дар сади гирифторон ҳам муҳоҷирон ҳастанд.
Русия: Аз сентябр насби паёмрасони Max дар телефонҳо ҳатмӣ хоҳад шуд

Аз моҳи сентябри имсол дар ҳама телефону планшетҳое, ки дар Русия фурӯхта мешаванд, насби паёмрасони Max ва фурӯшгоҳи барномаҳои RuStore ҳатмӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, ширкати Apple низ уҳдадор шудааст, ки дар телефонҳои ҳамроҳи худ ин барномаҳоро насб кунад.
Дар ин бора ҳукумати Русия хабар дод. Қонун дар ин бора моҳи июл аз сӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин имзо шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир фурӯшгоҳи барномаҳои RuStore дар телефонҳои ҳамроҳе, ки бо барномаи Андроид кор мекунад, пешакӣ насб карда шудааст. Баръакси ин, телефонҳои ширкати Apple ба Русия қонунӣ ворид намешаванд ва барои ҳамин мағозаи барномаҳои RuStore қаблан дар ин намуд телефонҳо насб карда намешавад.
Ширкати Apple шарҳ надодааст, ки талаботи нави мақомоти Русияро дар бораи насби пешакии паёмрасони давлатӣ то куҷо иҷро мекунад.
Паёмрасони Max ҷойгузини замимаи VK Messenger аст, ки аз сӯи ширкати наздик ба давлат сохта шудааст.
Пештар дар Русия қонуне қабул шуда буд, ки ба паёмрасони Max дар баробари барномаи Вотсап ва Телеграм як қатор имтиёзҳо дода буд. Ҳафтаи равон мақомоти Русия занг задан аз тариқи паёмрасонҳои Вотсап ва Телеграмро маҳдуд карданд.
Ноиби Трамп: Русия қаламрав мехоҳад, Украина кафолати амниятӣ

Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳиба бо телевизиони "Fox News" талабҳои асосии Украина ва Русияро дар мавриди созиши эҳтимолии сулҳ баён дошт.
Ба қавли вай, Украина пеш аз ҳама ба кафолати амниятӣ пофишорӣ дорад, то Русия дар оянда ба таҷовузи худ ба хоки ин кишвар идома надиҳад.
Русия, тавре ноиби президенти Амрико гуфт, талош дорад, ки қаламравҳои бештари Украинаро дар ихтиёр дошта бошад.
Венс мегӯяд, дар бештар аз се соли ҷанг тарафҳо бори аввал тақозоҳои худро ба таври муфассал баён карданд ва акнун метавонанд барои ҳалли он кор кунанд.
Тавре муовини Доналд Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳида бовар дорад, ки раҳбарони Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд ҳатто қабл аз ҳосил шудани созиши ниҳоӣ мулоқот кунанд.
“Баъзан вохӯрии рӯ ба рӯи роҳбарон метавонад, ки роҳи раҳоиро аз бунбаст боз кунад. Чизе, ки зердастони онҳо қодир нестанд,” – афзуд ӯ.
Боздошти чор нафар барои афзоиши нархи гӯшт дар Қирғизистон

Мақомоти амниятии Қирғизистон барои афзоиши нархи гӯшт дар ин кишвар чор нафар, аз ҷумла муовини вазири хоҷагии обу қишлоқро дастгир кардаанд. Боздошти онҳо рӯзи 20-уми август сурат гирифт.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастгиршудаҳоро дар як нақшаи коррупсионӣ барои содироти чорво ба кишварҳои ҳамсоя гумонзад донист. Чизе, ки ба бовари онҳо “сабаби болоравии нархи гӯшт дар Қирғизстон гаштааст”.
Баъди ин, ҳукумати Қирғизистон муваққатан содироти чорворо боздошт. Қарорро раиси Девони вазирон Одилбек Қосималиев имзо кардааст. Иҷрои он аз 21-уми август сар шуд.
Ҳадафи қарорро таъмини амнияти хӯрокворӣ дар Қирғизистон ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи гӯшт номидаанд.
Тайи моҳҳои охир нархи гӯшт дар Қирғизистон якбора боло рафтааст.
Вазъи ба ҳамин монанд чанд сол боз дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Мақомоти тоҷик талаботи зиёди мардум ва чорводорон гаронии хӯроки гову гӯсфандро аз сабабҳои асосии қиматии гӯшт медонанд.
То кунун чандин нафар бо гумони ба таври сунъӣ боло бурдани нархи гӯшт дар Тоҷикистон боздошту ҷарима шудааст.