Иттиҳоди Аврупо аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, бори дигар аз Душанбе хост, нақзи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро таҳқиқ кунад.
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
“Кохи сафед”, “Тоҷмаҳал”, “Арки Бухоро”. Бинои нави парлумони Тоҷикистонро ба ин кохҳо шабоҳат медиҳанд, ки бо кумаки молии ройгони Чин ва чун ҳадя бунёд шудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи бунёди як пойгоҳи низомии Чин дар хоки кишварро рад кард ва онро “беасос” номид.
Сафари Си Ҷинпин ба Душанбе робитаи Чину Тоҷикистонро бо имзо кардани 29 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба сатҳи болотаре бардошт. Ҳукумат ва порлумон соҳиби биноҳои 230 миллион долларӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Чин ягона раиси ҷумҳури хориҷӣ шуд, ки ордени “Дӯстӣ” -ро соҳиб гашт.
Додгоҳи олии Литва дархости ҳабси муҳоҷир ва фаъоли сиёсӣ Сулаймон Давлатовро рад кард. Ин дархост аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати Литва пешниҳод шуда, дар он Давлатов "хатаре ба амнияти миллии Литва" унвон шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ ислоҳу тағйироти пешниҳодӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Русияро танқид карданд, ки дар сурати қабул иҷоза медиҳад, муҳоҷирон барои як қонуншикании ночиз аз кишвар ронда шаванд.
Як соҳибкори зодаи Тоҷикистон ва коршарики канадагии ӯ, ки ба расондани молҳои мамнуъи электронӣ ба Русия айбдор мешуданд, бино бар хабарҳо, ин айбномаро эътироф кардаанд. Гумонбари сеюм иттиҳомро қисман бар дӯш гирифтааст.
Як сокини 28 солаи Қирғизистон барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги зидди Украина, дар ватанаш 5 сол зиндонӣ шуд.
Рӯз то рӯз шумори зодагони Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд, зиёд мешавад.
Интихобот дар Эрон на озод ва на одилона буд, вале бо ин вуҷуд натиҷааш ғайримунтазира гардид. Интихоби ягона номзади ислоҳталаб, Масъуд Пизишкиён, ба мақоми президентӣ яке аз ҳамин натиҷаҳои ногаҳонӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ситоиш аз ҳамкориҳои кишвар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфтааст, дар муддати 16 соли гузашта Чин ба иқтисоди кишвар бештар аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва аз шарикони муҳимтарини Тоҷикистон мемонад.
Ёфтҳои бештар