Ба гузориши “Садои Амрико” аз 25-уми июли имсол, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хароҷоти низомии худро бештар кардаанд.
Салимҷон Иномзода, сардабири боздоштшудаи саҳифаи «Тоҷикони Узбекистон» дар Фейсбук поёни ҳафтаи гузашта аз як боздоштгоҳи ВКД-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд ба боздоштгоҳи "Тоштурма"-и воқеъ дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд интиқол дода шудааст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз сабқати интихоботӣ берун шуд ва аз аъзои Ҳизби демократ даъват кард, ки аз номзадии муовинаш Камала Ҳаррис пуштибонӣ кунанд.
Ҷо Байден, президенти ИМА эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард.
Бо гузашти қариб се моҳ аз ҷорӣ намудани виза ё раводид аз сӯи Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, бархе сокинон, аз ҷумла тоҷирон шикоят доранд, ки чунин низом кори онҳоро мушкил кардааст.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ аз камтарин сиёсатмадорон дар дохили кишвар буд, ки дар баробари масоили рӯз озодона фикрашро баён мекард ва боздошташро бархеҳо нишонае аз маҳдуд шудани озодиҳо дар кишвар гуфтанд.
Мақомоти Узбекистон Эркин Рӯзиев, як муҳаррир (админ)-и гурӯҳи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон"-ро дар бораи чӣ гуна ба саҳифа роҳ ёфтани таронаи Афзалшо Шодиев бозпурсӣ карда муваққатан раҳояш кардаанд.
Иттиҳоди Аврупо аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, бори дигар аз Душанбе хост, нақзи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро таҳқиқ кунад.
Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст.
“Кохи сафед”, “Тоҷмаҳал”, “Арки Бухоро”. Бинои нави парлумони Тоҷикистонро ба ин кохҳо шабоҳат медиҳанд, ки бо кумаки молии ройгони Чин ва чун ҳадя бунёд шудааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи бунёди як пойгоҳи низомии Чин дар хоки кишварро рад кард ва онро “беасос” номид.
Сафари Си Ҷинпин ба Душанбе робитаи Чину Тоҷикистонро бо имзо кардани 29 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба сатҳи болотаре бардошт. Ҳукумат ва порлумон соҳиби биноҳои 230 миллион долларӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Чин ягона раиси ҷумҳури хориҷӣ шуд, ки ордени “Дӯстӣ” -ро соҳиб гашт.
Ёфтҳои бештар