Додгоҳи олии Литва дархости ҳабси муҳоҷир ва фаъоли сиёсӣ Сулаймон Давлатовро рад кард. Ин дархост аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати Литва пешниҳод шуда, дар он Давлатов "хатаре ба амнияти миллии Литва" унвон шудааст.
Худи ӯ рӯзи 10 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии Литва пас аз шунидани изҳороти ӯ пешниҳодро рад намуд.
Сулаймон Давлатов дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Моҳи апрели имсол бо гумони "хатар ба амнияти миллӣ"-и Литва боздошт шуд ва то аввали моҳи июн дарҳабс буд. Рӯзи 4-уми июн додгоҳе дар шаҳри Вилнюс, Сулаймон Давлатовро бо “далели доштани ҳаққи паноҳандагӣ ва фарзандони хурдсол” аз боздоштгоҳ раҳо кард. Аммо Хадамоти муҳоҷирати Литва дархости боздошти ӯро дубора пешниҳод кард.
Сулаймон Давлатови 37-сола ба гуфтаи худаш соли 2015 аз тарси таъқиби мақомот аз Тоҷикистон фирор карда, дар Вилнюс кору зиндагӣ мекунад ва бо тиҷорат машғул аст.
Дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Соли 2015 ҳангоми гузаштан аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия аз сӯйи пулиси байнулмилалӣ дастгир ва сипас раҳо шудааст.