Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон, гуфт, ки кишвараш дар "ҳолати ошӯб" қарор дорад. Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки мақомоти Гурҷистон шаби якум ба дуюми декабр бори дигар бо истифода аз зӯр эътирозгаронро пароканда карданд.
Дилшод Шарифов, узви собиқадори "Гурӯҳи 24", раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуд. Фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ дониста шудааст, аммо ниҳодҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, агар кишварҳои гурӯҳи BRICS талош кунанд, ки ба ҷойи доллар пули дигареро ҷойгузин намоянд, ба молу колои онҳо таърифа (тариф, тарофа)-ҳои тиҷоратии 100-дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябр аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Пулиси Гурҷистон беш аз 100 эътирозгарро дар Тиблиси боздошт кардааст. Эътирози тарафдорони пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо шаби 29-уми ноябр низ давом ёфт.
Дар саффи гурӯҳи тундрави ҷангҷӯёни “Таҳрир-аш-Шом” , ки рӯзи 29-уми ноябр ба шаҳри Ҳалаби Сурия ҳамла карданд, чанд силоҳбадасте дида мешавад, ки бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, рӯзи 23-юми ноябр Абдусалом Азизовро аз мансаби раиси Хадамоти амнияти давлатӣ барканор кардааст.
Рӯзи 22-юми ноябр, дар рӯзи чоруми додгоҳи чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ходимони пешини давлатӣ шоҳидон баёнот доданд.
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария шоми 21 ноябр маросими тақдими ҷоизаи ба номи Мартин Энналз ба беҳтарин ҳомиёни ҳуқуқи башар баргузор шуд, ки ин навбат Манучеҳр Холиқназаров аз Тоҷикистон ва Жоля Порсӣ аз Афғонистон барандаи он шуданд.
Зулфия Одинаева, ҳамсари Салимҷон Насриддинов, соҳибкори зодаи Тоҷикистон, ки дар Амрико ба расондани молҳои мамнӯи электронӣ ба Русия айбдор мешавад, аз хабари эҳтимоли табодули ӯ аз расонаҳо огоҳ шудааст.
Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳида, ба Украина иҷоза додааст, ки барои ҳамла ба дарунтари хоки Русия аз мушакҳои дурпарвози сохти Амрико истифода кунад. Иҷозаи чунин ҳамла моҳҳо боз баҳс мешуд. Амрико то кунун иҷоза надода буд, ки Украина аз мушакҳои дурпарвоз истифода кунад.
Мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар доираи парвандаи "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе тақрибан чаҳор соат идома кард. Ҳамаи онҳо моҳи июн боздошт шуда, бархе, аз ҷумла Шокирҷон Ҳакимов, иттиҳомро рад кардаанд.
Ёфтҳои бештар