Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҳимояти Раҳмон аз Фаластин ва танқидаш аз як қарори Исроил

Риёз, 10-уми ноябри 2024
Риёз, 10-уми ноябри 2024

Раисҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз ташкили давлати мустақили Фаластин ҳимоят карда, як қарори порлумони Исроилро "нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ" номид.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми ноябр дар Арабистони Саудӣ гуфт, "Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад."

Нишасти муштарак ва изтирории арабиву исломӣ бо ширкати раҳбарони чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон, Туркия, Қирғизистон, Миср, Сурия ва Ташкилоти худгардони Фаластин дар шаҳри Риёз баргузор шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар эъломияе гуфт, ки ҳамлаҳои Исроил ба Фаластину Лубнон ва таҳдидҳо ба суботи минтақа аз мавзӯи асосии суҳбатҳост. Ин ҳамлаҳо беш аз як сол боз идома доранд. Исроил далелашро маҳви гурӯҳҳои ҷангҷӯ номидааст.

Соле пеш низ дар Арабистони Саудӣ ҳамин гуна нишаст баргузор шуда, пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили давлати Фаластин садо дод буд. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, "шиддат гирифтани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин, печидатар шудани буҳрони башарӣ дар минтақа (Ховари Миёна) боис ба нигаронии амиқи мо гардидааст."

Эмомалӣ Раҳмон аз тарафҳои даргир хост, ки ҳамаи ихтилофҳоро бо гуфтушунид ва бо такя ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байнулмилалӣ, бавижа Оинномаи Созмони Милал ҳал кунанд.

"Пайомадҳои фоҷиабори амалиёти ҳарбӣ дар Навори Ғазза ва Лубнон минтақаро дар рӯ ба рӯйи буҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор додаанд. Бо дар назардошти ин ҳолат, мо қарори порлумони Исроилро дар бораи манъи фаъолияти Агентии СММ барои имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластиниро нақзи ошкорои ҳуқуқи байнулмилалӣ меҳисобем," – афзуд ӯ.

Артиши Исроил дар моҳи феврали имсол эълон кард, ки дар зери қароргоҳи Оҷонси СММ дар умури кумак ба оворагони фаластинӣ дар Ғазза нақби гурӯҳи тундрави "Ҳамос"-ро ошкор кард. Оҷонси СММ (UNRWA) гуфт, аз вуҷуди нақб хабар надошт.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз як сол боз идома дорад. Баъд аз он ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд) рӯзи 7-уми октябри соли гузашта дар ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 танро гаравгон гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил дар бештар аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои Ғазза комилан аз байн рафта, зиёда аз 43 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.

Ҳамзамон бо ин ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ"-и зери ҳимояти Эрон дар Лубнон идома дорад. Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро, ки ҳам ҳизби сиёсиву ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст, созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи ҳарбии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.

Зарари "рахна шудани пиряхҳо" ба 28 оила дар Тоҷикобод

Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Тоҷикобод (минтақаи Рашт), ки сабабаш "бориши шадид" ва "рахна шудани пиряхҳо" гуфта шуд, 28 хонавода зиён дидааст.

Ҳодиса рӯзи 6-уми ноябр дар деҳаи Миразиёни ҷамоати Қалъаи Лаби Об рӯй дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 9-уми ноябр гуфт, "талафоти ҷонӣ нест", аммо ба чор хона, дувоздаҳ бинои дигар ва дувоздаҳ қитъаи замин осеб расид.

Офати табиӣ ба 750 метр хати об, 6 пул ва беш аз 230 чорво низ зарар расондааст.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, як кумисюн дар ҳоли таҳқиқ ва ҳисоби зиёни расида аст.

Тоҷикистон дар фасли баҳори имсол шоҳиди омадани селҳои зиёд буд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншооти иҷтимоӣ осеб диданд. Зиёни расида аз офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 қариб 131 миллион сомонӣ (12 миллион доллар) эълон шуд.

Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Кремл хабарҳоро дар бораи суҳбати Трампу Путин рад кард

Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Кремл рӯзи 11-уми ноябр хабарҳоро дар бораи гуфтугӯйи президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рад кард.

Нашрияи "Вашингтон Пост" (The Washington Post) рӯзи 10-уми ноябр бо такя ба манобеи наздик ба Трамп навишта буд, ки суҳбати ҷонибҳо рӯзи 7-уми ноябр сурат гирифтааст.

Ба иттилои нашрия, Доналд Трамп ба Владимир Путин гуфтааст, набояд ҷангро дар Украина ташдид кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 11-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, “ин комилан дурӯғ аст. Афсона аст. Ҳеч суҳбат набуд.”

Ӯ дар ҷавоб ба ин суол, ки оё Путин барои тамос бо Трамп нақшае дорад, гуфт: "Ҳоло нақшаҳои мушаххас нестанд."

Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ гуфта буд, ки агар раисҷумҳури Амрико шавад, ҳарчи зуд ба ҷанг дар Украина хотима хоҳад дод, аммо ҷузъиёте надод.

Ӯ баъди пирӯзӣ дар интихоботи панҷуми ноябр бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбати телефонӣ доштааст.

"Русия дар моҳи октябр ҳар рӯзе 1500 талафот дошт"

Русия омори талафоти худро дар ҷанги Украина фош намекунад.
Русия омори талафоти худро дар ҷанги Украина фош намекунад.

Фармондеҳи артиши Бритониё эълон кард, ки моҳи октябр барои нерӯҳои Русия аз моҳҳои хунбортарин буд, зеро бино ба ҳисобҳо, ҳар рӯз камаш 1500 сарбози рус кушта ё захмӣ мешуданд.

Тони Радакин, адмирали бритониёӣ, дар ин бора рӯзи 10-уми ноябр дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ баён дошт.

Русия омори талафоти худро дар ҷанги Украина фош намекунад.

Радакин гуфтааст, Русия 40 дарсади хароҷоти худро ба бахшҳои дифоъ ва амният ҷудо мекунад ва ин кишварро дар хатар мегузорад.

Мақомоти Русия рӯзи 10-уми ноябр гуфтанд, ки Украина бо даҳҳо ҳавопаймои бидуни сарнишин Маскавро нишон гирифт.

Аз оғози ҷанг дар моҳи феврали соли 2022, ин яке аз ҳамлаҳои бузургтарини Киев ба Маскав буда, боис ба таътили муваққатии се фурудгоҳ шудааст.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи беасосро ба Украина оғоз кард. Даргирӣ то ҳол идома дорад.

6 кушта ва беш аз 20 захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Украина

Миколаев, Украина
Миколаев, Украина

Дар ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Миколаев, ҷануби Украина, рӯзи 11-уми ноябр камаш панҷ кас кушта шудааст.

Олександр Сенкевич, шаҳрдори Миколаев, гуфт, нерӯҳои Русия чанд бинои истиқоматиро вайрону валангор карданд.

Дар Запорожйе, шаҳри дигаре дар ҷануби Украина, низ чанд бинои зист ва хобгоҳи мактаб хароб шудааст.

Мақомоти Запорожйе гуфтанд, дар ин ҳодиса як кас кушта ва 21 нафар, аз ҷумла кӯдаки чорсола, захмӣ гаштанд.

Дар шаҳри Киев садои таркиш шунида шуда, баъзе аз гӯшаҳои пойтахти Украина субҳи 11-уми ноябр бе барқ мондаанд.

Дар ду рӯз 325 муҳоҷири афғонро аз Туркия берун кардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Туркия дар ду рӯзи охир 325 муҳоҷири афғонистониро аз ҳудуди ин кишвар берун кардаанд.

Дар ин бора Вазорати кор бо паноҳандагони “Толибон” рӯзи 10-уми ноябр хабар дод. Ин гурӯҳ аз моҳи августи соли 2021 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст дорад.

Ба иттилои манбаъ, Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират барои ҳар муҳоҷири рондашуда баробар ба 150 евро ёрӣ хоҳад кард.

Туркия дар моҳҳои охир амалиётро барои боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ, ки бештари онҳо ҳуҷҷат надоштаанд, сахттар кард.

Танҳо дар амалиёти пулис дар Истанбул моҳи сентябр ҳудуди 600 афғонистонӣ дастгир ва дар боздоштгоҳҳо ҷойгир карда шуданд.

Сафари камсобиқаи як низомии баландпояи Саудӣ ба Эрон

Файёз ал-Рувайлӣ бо Муҳаммад Боқирӣ
Файёз ал-Рувайлӣ бо Муҳаммад Боқирӣ

Файёз ал-Рувайлӣ, раиси кулли Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ, ба Эрон рафтааст.

Ӯ рӯзи 10-уми ноябр бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Боқирӣ дар Теҳрон мулоқот кард.

ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, навишт, ки онҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гап заданд. Тафсилот маълум нест.

Ҷудо аз ин, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар суҳбати телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, густариши муносибатҳоро баррасӣ намудааст.

Марги даҳҳо кас дар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнону Ғазза

Ҷабалия, Ғазза
Ҷабалия, Ғазза

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнону Ғазза рӯзи 10-уми ноябр даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шудаанд.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” навишт, ки дар Лубнон 23 нафар, аз ҷумла 7 кӯдак ва дар шимоли Ғазза 17 нафар, аз ҷумла 9 зан ба ҳалокат расиданд.

Дар ин гузориш ҳамчунин аз қавли Вазорати дифои Сурия омадааст, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии артиши Исроил дар канораҳои Димишқ 7 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Ҳамлаҳо дар ҳолест, ки ҷаҳон мунтазири он аст, ки интихоботи Амрико ба ҷанги миёни Исроил ва гурӯҳҳои пуштибони Эрон чӣ таъсир хоҳад гузошт.

Сарвазири Исроил гуфт, ки пас аз интихоботи президентии Амрико се дафъа бо Доналд Трамп гап зад. Ба гуфтаи Бенямин Нетаняҳу, ӯ ва Трамп дар мавриди таҳдидҳои Эрон ва унсурҳои он назари ҳамсон доранд.

Исҳоқ Ҳерзог, раисҷумҳури Исроил, рӯзи 12-уми ноябр бо раисҷумҳури ҳозираи Амрико Ҷо Байден мулоқот мекунад.

Трамп аз Путин хостааст, ҷангро дар Украина шиддат набахшад

Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз соли 2017
Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз соли 2017

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, ба Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки набояд ҷангро дар Украина ташдид кунад.

Нашрияи "Вашингтон Пост" (The Washington Post) рӯзи 10-уми ноябр бо такя ба манобеи наздик ба Трамп навиштааст, ки гуфтугӯи ӯ бо Путин рӯзи 7-уми ноябр сурат гирифтааст.

Трамп инчунин пас аз пирӯзӣ дар интихоботи панҷуми ноябр бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба гузориши "Вашингтон Пост", Трамп ба Путин гуфтааст, ки мехоҳад бо ӯ бештар дар бораи “ба зудӣ хотима ёфтани низоъ дар Украина” суҳбат кунад. Гуфта мешавад, ки Путин ба президенти интихобшудаи Амрико посухи сард додааст.

Манобеи расмии Амрико ва Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ гуфта буд, ки агар раисҷумҳури Амрико шавад, ҳарчи зуд ба ҷанг дар Украина хотима хоҳад дод, аммо ҷузъиёте надод.

Гузоришҳо дар бораи сафари раиси МАГАТЭ ба Эрон

Рафаэл Гроссӣ
Рафаэл Гроссӣ

Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ), рӯзи 13-уми ноябр аз Эрон боздид мекунад.

Расонаҳои давлатии Эрон дар ин бора рӯзи 10-уми ноябр гузориш дода, гуфтаанд, ки мулоқоту машваратҳои ӯ бо мансабдорони Ҷумҳурии Исломӣ дар назар аст.

Раиси Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки мумкин аст рӯзҳои наздик барои баррасии барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ба Теҳрон биравад. Вай ҳамчунин интизор дорад, ки метавонад бо Доналд Трамп, раисҷумҳури нави Амрико, ҳамкорӣ кунад.

Эрон аз соли 2019 фаъолияти ҳастаиро афзоиш додааст. Баъд аз он ки Доналд Трамп дар давраи аввали президентияш Амрикоро аз созиши ҳастаӣ берун кард ва ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ таҳрим ҷорӣ намуд.

Ин тафовуқ соли 2015 байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон ҳосил шуда буд. Бар асоси он, Эрон ғанисозии ураниюмро, ки аз назари Ғарб талоши пинҳоне барои рушди тавоноии силоҳҳои ҳастаӣ буд, маҳдуд карда буд.

Манъи вуруди бозрасони ғанисозии ураниюм ба Эрон аз душвории дигари дерина байни Эрон, МАГАТЭ ва қудратҳои ғарбист.

Эмомалӣ Раҳмон ба “нишасти изтирорӣ” ба Арабистони Саудӣ рафт

Эмомалӣ Раҳмон соле пеш низ ба нишасти изтирории арабию исломӣ ба Риёз рафта буд
Эмомалӣ Раҳмон соле пеш низ ба нишасти изтирории арабию исломӣ ба Риёз рафта буд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр ба Арабистони Саудӣ рафтааст, то дар нишасти муштарак ва изтирории арабиву исломӣ ширкат кунад.

Нишаст рӯзи 11-уми ноябр дар Риёз мегузарад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нагуфтааст, ки мавзӯи баҳси ҷонибҳо чӣ хоҳад буд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ чанд рӯз пеш дар эъломияе гуфт, дар нишасти Риёз ҳамлаҳои Исроил ба Фаластину Лубнон ва таҳдидҳо ба суботи минтақа баррасӣ мешаванд.

Ин ниҳоди давлатии Саудӣ дар ҳамин эъломия идомаи, ба гуфтааш, "ҷиноят ва қонуншиканиҳо"-ро алайҳи фаластиниҳо ва ҳамлаҳоро ба Лубнон маҳкум кард.

Рӯзи 11-уми ноябри соли 2023, баъд аз панҷ ҳафтаи ҳамлаи Исроил ба Ғазза, низ дар Арабистони Саудӣ нишасти монанд баргузор шуда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон он ҳангом пуштибонии Душанберо аз "таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967" баён кард.

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳси миёни Исроил ва Фаластин аст.

Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза 17 кас, аз ҷумла 9 зан, кушта шудаанд

Ҷабалия, Ғазза, 7-уми ноябри 2024
Ҷабалия, Ғазза, 7-уми ноябри 2024

Ба гуфтаи мудири бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза, бар асари ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба манзили оворагон дар шимоли ин шаҳр камаш 17 нафар кушта шудаанд. Ҳамла рӯзи 10-уми ноябр сурат гирифт.

Фадил Наим гуфтааст, дар миёни кушташудаҳо "9 зан ҳаст" ва "эҳтимол теъдоди қурбониён бештар шавад".

Артиши Исроил шарҳе надодааст.

Нерӯҳои исроилӣ як моҳ боз Ҷабалия ва шаҳракҳои наздики Байтлаҳия ва Байтҳанунро дар инзиво қарор дода, дар ин муддат ба гузаштани танҳо як миқдор ёрии башардӯстона иҷоза додаанд.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза беш аз як сол боз идома дорад. Баъд аз он ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд) рӯзи 7-уми октябри соли гузашта дар ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 танро гаравгон гирифт.

Дар ҳамлаҳои Исроил дар бештар аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои Ғазза комилан аз байн рафта, беш 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.

Иддаои Русия дар бораи ҳамлаҳои Украина бо ҳавопаймоҳои бесарнишин

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳокимони вилоятҳои Калуга ва Брянск дар Русия рӯзи 10-уми ноябр гуфтанд, ки ҳамлаҳои шабонаи Украина бо ҳавопаймоҳои бесарнишин сабаби сӯхтор дар чанд бино шуд.

Александр Богомаз, волии Брянск, дар Телеграм навишт, ки “маъмурони наҷот ва оташнишонҳо дар маҳалли ҳодиса ҳастанд”.

Вай аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Вилояти Брянск дар сарҳади Русия бо Украина ҷойгир аст.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки шаби 9 ба 10-уми ноябр дар умум 23 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро нобуд карданд.

Ба иттилои манбаъ, танҳо 17 ҳавопайморо дар фзои Брянск задаанд.

Украина ба ин хабарҳо вокуниш накардааст.

Ароқчӣ иттиҳоми даст доштани Эронро дар тарҳрезии куштани Трамп рад кард

Аббос Ароқчӣ
Аббос Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Эрон иттиҳомро дар бораи даст доштани Ҷумҳурии Исломӣ дар тарҳрезии куштори Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, рад кард. Аббос Ароқчӣ ҳамчунон хоҳони эҷоди боварӣ дар равобити Амрико ва Эрон шуд.

Ароқчӣ рӯзи 9-уми ноябр дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки як сенарияи нави қалбакӣ сохта шудааст ва дар ҳоле ки қотил аслан вуҷуд надорад, нависандагон як саҳнаи мазҳакавии дараҷаи севум офаридаанд.

Ишораи Ароқчӣ ба иддаои марбут ба тавтеае буд, ки ба гуфтаи Вашингтон, Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон мехост, Доналд Трампро бикушад.

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шахсеро бо номи Фарҳод Шокирӣ барои куштани Трамп киро кардааст.

Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр пирӯз шуд ва моҳи январи соли 2025 ба унвони раисҷумҳури нави Амрико савганд ёд хоҳад кард.

Эълони ҳимояти “ногусастанӣ”-и Аврупо аз Украина

Ҷозеп Боррел бо вазири умури хориҷии Украина Андрей Сибиҳа. Киев, 9-уми ноябри 2024
Ҷозеп Боррел бо вазири умури хориҷии Украина Андрей Сибиҳа. Киев, 9-уми ноябри 2024

Ҷозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳимояти “ногусастанӣ”-и Аврупоро аз Украина эълон кард.

Паёми ӯ рӯзи 9-уми ноябр, ҳангоми сафараш дар Киев садо дод.

Ин сафари нахустини як мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Украина аз замони пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрикост.

Боррел паёми сафарашро ибрози пуштибонии Иттиҳоди Аврупо аз Украина донист. Вай ба хабарнигорон дар Киев гуфт: “Ин пуштибонӣ ба таври ногусастанӣ идома мекунад. Ҳимоят зарурист, то шумо худро аз таҷовузи Русия дифоъ кунед.”

Дар ҳамин ҳол, Русия ҳамлаҳои шадидро бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина идома медиҳад.

Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, Маскав барои шунидани пешниҳодҳои президент Трамп дар бораи поён додан ба ҷанг омода аст. Ҷанге, ки Русия бо таҷовузи низомӣ ба хоки Украина тақрибан 1000 рӯз пеш сар кард.

Идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва Лубнон

Ҷабалия, шимоли Ғазза, 7-уми ноябри 2024
Ҷабалия, шимоли Ғазза, 7-уми ноябри 2024

Исроил ҳамлаҳои навро ба Навори Ғазза ва Лубнон оғоз кардааст.

Артиши ин кишвар рӯзи 10-уми ноябр дар баёнияе дар Телеграм навишт, ки "даҳҳо террорист" ва "як анбори силоҳ"-ро аз байн бурд.

Нерӯҳои исроилӣ амалиёти ба гуфтаашон дақиқро дар Рафаҳ, дар ҷануби Навори Ғазза, низ идома медиҳанд.

Дар ҳамин баёния гуфта шудааст, ки нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзҳои охир даҳҳо ҷангҷӯйи "Ҳизбуллоҳ"-ро дар Лубнон низ кушта, ҷойи нигаҳдории силоҳҳоро нишон гирифтанд.

"Ҳизбуллоҳ" ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.

Расонаҳо: Қатар аз роҳбарони "Ҳамос" хост, аз ин кишвар раванд

Холид Машъал, роҳбари муваққатии "Ҳамос"
Холид Машъал, роҳбари муваққатии "Ҳамос"

Ҳукумати Қатар зери фишори Амрико аз роҳбарони гуруҳи «Ҳамос» талаб кардааст, ки ин кишварро тарк кунанд. «Ҳамос» дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.

Рӯзномаи Financial Times бо такя ба манобеаш навиштааст, роҳбарони “Ҳамос” талабҳо барои озодии гаравгонҳои исроилиро рад кардаанд ва барои ҳамин Қатар аз онҳо хостааст, аз ин кишвар раванд. Намояндагони “Ҳамос” ба навиштаи Financial Times аз соли 2012 дар Қатар мезистанд.

Манобеи огоҳ гуфтаанд, мумкин аст роҳбарони “Ҳамос” ба Туркия раванд. Раиси ҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ошкоро Исроилро танқид мекунад.

Дар ҳамин ҳол намояндагони «Ҳамос” дар суҳбат бо шабакаи Al Arabiya хабарҳо тарки Қатарро рад кардаанд.

Ҳанӯз моҳи майи имсол нашрияи исроилии The Times of Israel навишта буд, Қатар омода аст, ки бо талаби Амрико роҳбарони “Ҳамос”-ро берун кунад.

Ба гуфтаи манобеи "Вашингтон Пост", Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар гуфтугӯ бо роҳбарони Қатар аз берун кардани роҳбарони "Ҳамос" аз ин кишвар гуфтааст, агар онҳо пешниҳодҳо дар бораи оташбас бо Исролиро пайваста рад кунанд.

Неруҳои "Ҳамос" беш аз як сол аст, ки дар Навори Ғазза бо артиши Исроил ҷанг мекунанд. Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро ҳам гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва давоми беш аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд. Ин ҷанг, ки то кунун идома дорад, боис ба ҳалокати беш 42 ҳазор фаластинӣ шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Намояндаи "Толибон": гап задани занонро манъ накардаем

Як намояндаги Вазорати амри маъруфи “Толибон” хабарҳо дар бораи манъи суҳбати занонро дар Афғонистон рад кардааст. Ин масъули ҳукумати "Толибон" ба хабаргузории AFP гуфтааст, гап задани занон бо ҳам дар Афғонистон манъ нашудааст ва хабари расонаҳо дар ин бора нодуруст мебошад.

Ахиран баъзе расонаҳо бо такя ба садои Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амри маъруфи “Толибон” навиштанд, дар Афғонистон шунидани садои як зан бар зани дигар манъ аст. Дурустии ин садоро хабаргузории AFP тасдиқ карда буд.

Сайфулислом Хайбар, намояндаи Вазорати амри маъруфи Толибон 9-уми ноябр ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ин суханҳо “бемантиқ” мебошанд.

Гуруҳи "Толибон" баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, занону духтаронро аз таҳсил ва кор маҳрум карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва занон дар дохили Афғонистон, борҳо алайҳи ин маҳдудиятҳо эътироз кардаанд.

Сокини Хуросон барои латукӯби ҳамсар ва кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Хуросон, як сокини ин минтақаро барои задани ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш, ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар хабари расмӣ омадааст, Алимов М.Г шоми 7-уми июли имсол дар ҳолати мастӣ, ба хонааш дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон омада, бо ҳамсараш ҷанҷол кардааст.

Ба навиштаи сомонаи Додгоҳи ноҳияи Хуросон, ин мард ҳамсарашро латукӯб мекунад, ки дар натиҷа фарзанди думоҳааш “зарари ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта” дар Беморхонаи вилояти Хатлон бистарӣ шудааст. Дар хулосаи ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ омадааст, косахонаи сари кӯдаки навзод осеб гирифтааст, ки ба саломатии ӯ хавнок дониста мешавад.

Назари гумонбар Алимов ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд ё не.

Ин мард бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ) ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудааст. Додгоҳ нисбати ин мард ҳадди камтарини ҷазоро таин кардааст, чун ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Хушанати хонаводагӣ ва нофаҳмӣ миёни зану шавҳар, аз масъалаҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳарчанд вақт Вазорати корҳои дохилӣ аз муноқишаҳои хонаводагӣ хабар медиҳад, ки баъзеаш бо фоҷиа тамом мешаванд.

"Ба мусофирони тоҷик хӯроки гарм диҳед." Талаби Оҷонсӣ аз ширкатҳои русӣ

"Урал" яке аз ширкатҳои асосии мусофиркашонӣ миёни Тоҷикистону Русия аст
"Урал" яке аз ширкатҳои асосии мусофиркашонӣ миёни Тоҷикистону Русия аст

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хостааст, ки аз 1-уми ноябри имсол, дар парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба мусофирон ғизои гарм диҳанд. Ним сол пеш Оҷонсӣ айни ҳамин дархостро аз ширкатҳо карда буд, аммо мусофирон гуфтад, вазъ тағйир наёфт.

Оҷонсии ҳавонавардӣ 8-уми ноябр дар сомонааш навишт, ширкатҳои “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.

Ин аксро Оҷонсии ҳавонавардӣ нашр кардааст
Ин аксро Оҷонсии ҳавонавардӣ нашр кардааст

“Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1 ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд,”-навиштааст Оҷонсӣ.

Феълан маълум нест, ки ширкатҳои русӣ то куҷо ин дархости мақомоти Тоҷикистонро иҷро кардаанд?

Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон моҳи июни имсол ҳам аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хоста буд, ба мусофирон ғизо диҳанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Оҷонсии ҳавонавардӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, агар дастурашон иҷро нашавад нисбати ширкатҳо чора меандешанд.

Аммо баъди нашри ин хабар, даҳҳо корбари Радиои Озодӣ навиштанд, ки ширкатҳои русӣ мисли гузашта ба мусофирон ягон ғизо намедиҳанд. Муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо нархи гарон билети парвоз миёни Тоҷикистон ва Русияро мехаранд, аммо дар ҳавопаймо ба ҷуз об, дигар ғизо пулакӣ аст.

Ширкатҳои русии "Урал", "Ют Эйр", "Северний ветер", "Сибир S7", "Ямал" аз чор фурудгоҳи Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.

Axios: Илон Маск ба Украина ваъдаи кумак додааст

Илон Маск дар яке аз маъракаҳои таблиғотии Трамп
Илон Маск дар яке аз маъракаҳои таблиғотии Трамп

Илон Маск, бунёдгузори ширкати Tesla дар вақти суҳбати Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский ҳузур доштааст. Пойгоҳи Axios аз қавли манобеаш дар ин бора хабар дода навиштааст, суҳбати Трамп ва Зеленский 25 дақиқ давом кард.

Ба қавли манбаъ, Зеленский ғалаба дар интихоботро ба Трамп табрик гуфтааст. Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико ба ҳамтои украиниаш гуфтааст, дастгирии Киевро идома медиҳад.

Манобеи Axios гуфтаанд, Илон Маск ба Зеленский ваъдаи додааст, ки аз тариқи моҳвораҳои Starlink Украинаро дастгирӣ мекунад. Ин расона натавонист шарҳи миллиардерро дастрас кунад. Аммо Axios навиштааст, ҳузури Илон Маск дар ин суҳбат нишон медиад, ки ӯ дар ҳукумати дуввуми Доналд Трамп шахсияти таъсиргузоре хоҳад буд.

Баъди ғалабаи Трамп дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр, сармояи Илон Маск 26,5 миллиард доллар зиёд шуд. Арзиши саҳмияҳои ширкати Tesla дар биржаи Ню-Йорк баъди як рӯзи интихобот 15 дарсад боло рафтанд.

Маск дар маъракаи пешазинтихоботии Трамп ҳузури фаъол дошт ва барои ҷумҳурихоҳон зиёда аз 130 миллион доллар масраф кард. Дар навбати худ, Трамп ба Маск ваъда дода буд, ки дар сурати ғолиб шудан дар интихобот, ба ӯ мақоми расмӣ медиҳад.

Амрико: Сипоҳи посдорони Эрон мехост Трампро бикушад

Доналд Трамп дар интихоботи 5 ноябр ғалаба кард
Доналд Трамп дар интихоботи 5 ноябр ғалаба кард

Вазорати адлияи Амрико хабар додааст, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ният дошт, Доналд Трампро террор кунад. Дар сомонаи Вазорат омадааст, ки ду гумонбар боздошт шуда, як нафари дигар таҳти пайгард қарор дорад.

Мақомоти амрикоӣ аз боздоштшудаҳо Карлайл "Поп" Ривераи 49-сола ва Ҷонатан Лоадхолти 36-сола ном бурдаанд. Муттаҳами дигар Фарҳод Шокирии 51-сола берун аз Амрико ва ба эҳтимоли зиёд дар Эрон қарор дорад. Мақомоти ИМА ин нафарро ҷосуси Сипоҳи посдорон гуфтаанд.

Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, Сипоҳи посдорон ба Фарҳод Шокирӣ дастур додааст, ки ду шаҳрванди яҳудитабори амрикоиро дар Ню-Йорк кушта ва сайёҳони исроилиро дар Шри-Ланка пайгирӣ кунад. Рӯзи 7-уми октябри имсол ба Шокирӣ гӯё дастур додаанд, ки нақшаи қатли Доналд Трампро тарҳрезӣ кунад.

Ба ғайр аз ин, Ривера и Лоадхолт вазифадор шудаанд, ки мунаққидони ҳукумати Эронро дар Амрико таъқиб кунанд.

Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, Фарҳод Шокирӣ зодаи Эрон буда, аз кӯдакӣ дар ИМА бузург шудааст. Ӯро барои ғоратгарӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум карда, соли 2008 аз кишвар ихроҷ карданд. Ба фарзияи мақомоти амрикоӣ, Шокирӣ дар маҳбас бо Ривера и Лоадхолт шинос шудааст. Баъдан ҳарсеи онҳоро Хадамоти ҷосусии Эрон ба тарафи худ кашидааст.

Русия ба се минтақаи Украина ҳамла кардааст

Шаби 9-уми ноябр неруҳои Русия ба шаҳрҳои Одесса, Харков ва Никополи Украина ҳамла кардаанд. Дар ин бора мақомоти украинӣ хабар доданд.

“Душман бо бесарнишинҳо ба Одесса ва ноҳияҳои атрофи он ҳамла мекунад. Неруҳои зиддиҳавоӣ кор карда истодаанд,”-навиштааст Олег Кипер, волии Одесса.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар натиҷаи ин ҳамла чанд бинои баландошёна, бинои маъмурӣ, анбор ва мошинҳо осеб дидаанд. Дар бораи захмиён хабар дода нашудааст.

Сергей Лисак, раиси ноҳияи Днепропетровский хабар додааст, ки дар ҳамлаи артиши Русия ба ин минтақа, як марди 50 сола сахт захмӣ шудааст ва ӯро ба бемористон бурданд.

Игор Терехов, волии Харков ҳам аз ҳамлаи ҳавоии неруҳои Русия хабар додааст. Ба гуфтаи Терехов, хумпора ба яке аз роҳҳои асосӣ афтидааст.

Вазорати дифои Русия дар бораи ин ҳамлаҳо чизе нагуфтааст.

Трамп гуфт, марзро мустаҳкам карда, муҳоҷирони ғайриқонуниро меронад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико дар аввалин мусоҳиба баъди ғалаба дар интихобот гуфтааст, яке аз вазифаҳои аввалаш мустаҳкам кардани марзҳо мебошад.

Хабарнигори шабакаи NBC аз Трамп пурсид, ки оё ваъдаи ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонуниро амалӣ мекунад? Раиси ҷумҳури нави Амрико гуфт, ҳукумати ӯ дигар илоҷе надорад.

Қаблан манобеи телевизиони CNN гуфтанд, муттаҳидони Доналд Трамп ва намояндагони бахши хусусӣ, махфиёна ба тағйири сиёсати муҳоҷират омода мешаванд.

Ба гуфтаи яке аз мусоҳибони шабака, дар ҳайати тими Трамп, нахуст таваҷҷуҳ ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуние буд, ки ҷиноят содир кардаанд. Аммо маълум нест, ки муҳоҷироне, ки дар кӯдакӣ ба Амрико омаданд ҳам ихроҷ мешаванд?

Баъди норозигии Русия, доварони русро ба Душанбе даъват кардаанд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз ФФТ
Мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз ФФТ

Бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непалро, ки 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ҳайати ҳакамон аз Русия доварӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тасмими даъвати доварон ба Душанбе, дар чаҳорчӯби Ёддошти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи футболи Русия гирифта шудааст.

Довари 38-солаи FIFA Евгений Кукуляк сардовари ин бозӣ таъйин гаштааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA – Егор Болховитин ва Дмитрий Сафян кумак мекунанд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Даъвати доварони рус ба Душанбе дар ҳолест, ки қаблан бархе шабакаҳои Русия аз худдории мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона интиқод карда буданд. Рӯзи 13-уми октябри имсол дар пахши мустақими Шабакаи аввали телевизиони Русия аз Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо дастаи Русия худдорӣ кардааст. Расонаҳои Русия ин корро "саркашии варзишгарони тоҷик аз бозӣ бо русҳои зери таҳрим" номидаанд.

Муҳриддин худдории Федератсияи футболи Тоҷикистонро аз ин бозӣ ба банд будани футболбозони тоҷик дар моҳи ноябр рабт додааст. Вай умедворӣ кардааст, ки ин бозии дӯстона дар вақти дигар баргузор мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG