Дар чанд ҷумла
Дар Амстердам ба мухлисони футбол аз Исроил ҳамла кардаанд
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу барои баровардани мухлисони исроилӣ аз Амстердам, ду ҳавопаймо фиристодааст. Шоми 7-уми ноябр пас аз бозии тими исроилии “Маккаби Тел-Авив” ва дастаи ҳолландии Аяксом” дар шаҳри Амстердам, миёни ҳаводорони ду даста ҷанҷол сар зад.
Афроди ниқобпӯш, ки дар дасти баъзеашон парчами Фаластин доштанд, ба мухлисони тими исроилӣ ҳамла карданд. Ҳамлаварон ба тарафдорӣ аз Фаластин шиор дода, талош карданд вориди меҳмонхонае шаванд, ки мухлисони футбол аз Исроил онҷо буданд. Ин ҷузъиётро нашрияи The Times of Israel нашр кардааст.
Пулиси Ҳолланд гуфт, дар пайи ин муноқиша 57 нафар боздошт шудааст. Пулис мегӯяд, мухлисони ду тим ором варзишгоҳро тарк карданд ва занозанӣ баъдан дар маркази шаҳр рух додааст.
Қаблан тарафдорони Фаластин мехостанд алайҳи сафари тими исроилии “Маккаби-Тел-Авив” дар назди варзишгоҳ эътироз кунанд. Аммо пулис бо далелҳои амниятӣ иҷозат надод, ки ин намоиши эътирозӣ баргузор шавад.
Баъди оғози ҷанг дар Навори Ғазза, эътирозҳо алайҳи Исроил дар чанд кишвар баргузор шуд. Ин ҷанг 7-уми октябри соли гузашта баъди ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, сар зад. Аз моҳи октябри имсол, Исроил бо гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам вориди ҷанг шуд.
“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Австралия шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасон манъ мекунад
Дар Австралия лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки дастрасии наврасони то 16-солаҳоро ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад. Энтони Албанез, нахуствазири ин кишвар 7-уми ноябр хабар дод, ки ҳукумат тарҳи қонунро то охири соли оянда ба порлумон пешниҳод мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, ҳизби мухолифи либералҳо низ аз ин пешниҳод истиқбол кардаанд.
Феълан дар Австралия низоми санҷишие амал мекунад, ки синну соли корбарони шабакаҳои иҷтимоиро месанҷад.
Нахуствазири Австралия дар нишасти хабарӣ гуфтааст, аз ҳад зиёд истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон зарар дорад.
Тарҳи қонун ҳатто барои наврасоне, ки бо иҷозаи волидайн шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, сабукӣ надодааст.
Дар сурати қабули ин қонун, истифодаи шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, X ва TikTok барои наврасони то 16-сола дар Австралия манъ мешавад.
Ширкати Digital Industry Group, ки аз манфиати ширкатҳои Meta, TikTok, X ва Google ҳимоят мекунад, ин тасмими ҳукумати Австралияро танқид кардааст. Сунита Боз, роҳбари ин ширкат гуфтааст, ин маҳдудият наврасонро ба истифодаи сомонаҳои беназорат тела медиҳад.
Рӯзноманигори озарӣ барои "ҷосусӣ" 13 сол зиндонӣ шуд
Як рӯзноманигор дар Озарбойҷон бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Русия, ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Қарори Додгоҳи шаҳри Боку дар бораи маҳкум кардани Назокат Маммадова 5-уми ноябр содир шудааст, аммо худи ӯ айбро рад кардааст.
Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, Маммадова ҳамчун шореҳи масъалаҳои сиёсӣ баромад мекард ва саҳифаи Alfa TV-ро дар Ютуб пеш мебурд. Ӯро моҳи октябри соли гузашта дастгир карда буданд.
Хадамоти амнияти Озарбойҷон Назокат Маммадоваро ба он айбдор кардааст, ки ҳуҷҷати рӯзноманигории худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти истихборотии Русия истифода будааст.
Мақомоти озарӣ дар айбнома навиштаанд, ин рӯзноманигор дар саҳифаи худ дар Ютуб, маводҳоеро ба тарафдорӣ аз Русия пахш мекард ва барои ин маблағ мегирифт. Назокат Маммадова ҳамчунин ба он айбдор шудааст, ки ҳангоми сафарҳояш ба Маскав, бо кормандони хадамоти ҷосусии Русия вохӯрдааст.
Аммо ин рӯзноманигор ҳама айбҳоро рад карда гуфтааст, ба Русия танҳо барои ширкат дар ҳамоишҳо сафар карда, маблағи гирифтааш ҳам сафархарҷӣ буд.
Мақомоти Озарбойҷон дар солҳои ахир чандин рӯзноманигорро зиндонӣ кардаанд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, парвандаи хабарнигорони зиндонӣ дар Озарбойҷонро “сохта” ва “сиёсӣ” гуфтааст.
Се ҳазор сокини бе шиносномаи Тоҷикистон. Созмони Милал аз мушкили онҳо гуфт
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо мегӯяд, то нимаи аввали соли 2024, дар Тоҷикистон 3 629 шахсони бешаҳрванд сабт шудааст.
Ба иттилои ниҳоди зертобеи Созмони Милал, аксари инҳо шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё хешу табори онҳо мебошанд, ки то ҳол тобеияти давлатҳои мустақилро дарёфт накардаанд.
Комиссариат дар хабарномае гуфтааст, шахсони бешаҳрванд дар дастрасӣ ба ҳуқуқ ва хидматрасониҳои гуногун, аз қабили маориф, тандурустӣ ва шуғл мушкилӣ доранд. Назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора феълан маълум нест.
Оморҳои Созмони Милал нишон медиҳанд, ки теъдоди шахсони бешаҳрванд давоми даҳ соли ахир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудааст. Комиссариати олии СММ соли 2015 гуфта буд, наздик ба 42 ҳазор сокини Тоҷикистон шиноснома надоранд ё бо шиносномаҳое ба сар мебаранд, ки мӯҳлати эътиборашон гузаштааст. Ҳоло ин шумора то 3629 кас кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Фарғона" бо такя ба оморҳои Созмони Милал навиштааст, теъдоди афроди бешаҳрванд дар Осиёи Марказӣ, давоми 10 соли ахир ҳафт маротиба кам шудааст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2014 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 250 ҳазор кас бешаҳрванд буданд, аммо ин теъдод дар моҳи октябри имсол то 34,2 ҳазор нафар кам шудааст.
Бештари афроде, ки шиносномаи ягон кишварро надоранд дар Узбекистон ба сар мебурдаанд, ки шумораашон 22,4 ҳазор зикр шудааст. Дар Қазоқистон низ 7,4 ҳазор кас тобеияти ягон кишварро надоранд.
Қирғизистон ва Туркманистон аз зумраи аввалин кишварҳое дар минтақа будаанд, ки мушкили бешаҳрвандиро пурра ҳал кардаанд.
4 кушта ва 40 захмӣ. Натиҷаи ҳамлаи Русия ба шаҳри Запороже
Вазири корҳои дохилии Украина хабар дод, ки дар ҳамлаи неруҳои Русия ба шаҳри Запороже, 4 кас кушта ва 40 нафари дигар маҷруҳ шудааст. Ҳамла 7-уми ноябр анҷом шудааст.
Ба гуфтаи вазир Игор Клименко, артиши Русия панҷ маротиба ба Запороже ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Дар ин ҳодиса асосан биноҳои маскунӣ ва беморхона осеб дидааст.
Вазири корҳои дохилии Украина афзуд, наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ, ду кӯдак ва як зани захмиро берун оварданд. Клименко афзуд, ҷустуҷӯ идома дорад, чун мумкин аст то ҳол одамон дар зери харобаҳо бошанд.
Пештар мақомоти Украина гуфта буданд, дар ҳамлаи Русия беморхонаи шаҳри Запороже зарар дидааст.
Путин пирӯзӣ дар интихоботро ба Трамп табрик гуфт
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Доналд Трампро ба ғалаба дар интихоботи президентии Амрико табрик кардааст. Путин гуфтааст, дарҳои Маскав барои гуфтугӯ бо роҳбари нави Амрико боз аст.
Табрикоти Путин ба Трамп, 7-уми ноябр дар ҳамоише дар шаҳри Сочи садо дод.
Доналд Трамп дар маъракаҳои таблиғотиаш борҳо гуфтааст, ки дар сурати ғалаба дар интихобот, ҷанг дар Украинаро фавран хотима медиҳад, вале нагуфт, ки чигуна. Владимир Путин дар Сочи гуфт, ин ҳарф қобили таваҷҷуҳ аст ва илова кард, ки агар Трамп хоҳони барқарор кардани гуфтугӯ бо Маскав бошад, онҳо омодаанд.
Путин ҳамчунин Трампро, ки аз як сӯиқасд наҷот ёфта буд, шахси ҷасур хонд.
Худи Трамп ҳам гуфтааст, омодаи гуфтугӯ бо Путин мебошад. Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи NBC афзуд, баъди ғалаба дар интихобот, бо роҳбарони 70 кишвар гуфтугӯ кардааст, аммо дар миёни онҳо Путин набуд.
Талаби пулиси Душанбе: парвариши гову гӯсфандро бас кунед
Пулиси Душанбе аз сокинони пойтахт талаб кардааст, ки ҳарчӣ зудтар нигоҳбини чорвои хонагиро дар ҳудуди шаҳр хотима диҳанд. Дар акси ҳол, мақомот ҳушдор додаанд, ки санҷиш ё рейд гузаронида, соҳибони чорворо ҷазо хоҳанд дод.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 7-уми ноябр дар хабарномае навишт, “...муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расид.” Вале ба гуфтаи ин ниҳод, то ҳол баъзе сокинони пойтахт ба парвариши чорво идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, чанд рӯзи ахир беш аз 200 ҳолати нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонотро дар пойтахт аниқ кардаанд. Сокинонро бар асоси моддаи 480, иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо додаанд. Мақомот нагуфтанд, ки соҳибони чорво дар Душанбе чӣ қадар ҷарима шудаанд. Вале ин банди қонун барои парваришу нигоҳдории ғайриқонунии чорвои калон, бузу гусфанд, асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ, аз 720 то 21 600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ кардааст.
Чунин ҳушдори пулис дар ҳолест, ки бархе сокинони қисматҳои Душанбе, бахусус маҳаллаҳое, ки дар чанд соли ахир ба пойтахт ҳамроҳ шудаанд, чорводориро як манбаи асосии даромади худ меҳисобанд.
Ҷойи хоби муҳоҷирони тоҷик дар наздикии Маскав сӯхт
Ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки нишон медиҳад, макони зисти муҳоҷирони тоҷик дар наздикии Маскав оташ гирифтааст. Муаллифони навор гуфтанд, ҳодиса зуҳри 7-уми ноябр дар шаҳри Чехов рух додааст. Ин шаҳр дар 55 километрии Маскав ҷойгир шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон талош доранд алангаи оташро хомӯш кунанд. Дар маҷмӯъ чор вагон, ки хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик буданд, пурра сӯхтааст.
Ба гуфтаи муаллифони навор, муҳоҷирон тавонистаанд наҷот ёбанд, аммо санаду либос ва дигар ашёи рӯзгорашон ба коми оташ рафт. Эҳтимолан сӯхтор бо айби оташдони барқӣ сар задааст.
Навори ҷойи ҳодисаро дар ин барнома тамошо кунед:
Аз ин пештар низ, ҳолатҳои зиёди ба коми оташ рафтани ҷойи хоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ҷой дошт.
Мақомоти рус дар аксар ҳолат худи муҳоҷиронро дар сар задани сӯхтор гунаҳгор мекунанд. Аммо мӯҳоҷирон мегӯянд, корфармоёни рус барояшон шароити дурусти кору зиндагиро фароҳам намекунанд.
Ҳамлаи Русия сабабгори сӯхтор дар панҷ ноҳияи Киев шуд
Субҳи 7-уми ноябр баъди ҳамлаи артиши Русия, дар панҷ ноҳияи Киев сӯхтор сар задааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев дар Телеграм навишт, пораҳои дрон ё бесарнишин ба ноҳияҳои Печерский, Голосеевский, Соломенский, Оболонский ва Подолский афтидааст. Дар ин ҳодиса ду нафар маҷруҳ шудаанд.
Ба гуфтаи Кличко, табақаҳои болоии як сохтмон дар ноҳияи Печерский оташ гирифтааст ва сокинонро ба ҷойи дигар кӯчонданд.
Дар Одесса ҳам як сохтмон аз пораҳои дрон зарар дида, як сокин маҷруҳ шудааст.
Зеленский ва Трамп телефонӣ суҳбат кардаанд
Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, телефонӣ Доналд Трампро бо пирӯзиаш дар интихоботи президентии Амрико табрик кардааст. Ба қавли раҳбари Украина, ӯ ва Трамп мувофиқат карданд, ки муколама ва ҳамкориҳои Киеву Вашингтонро тавсеа бахшанд.
Зеленский пас аз суҳбат бо Трамп гуфт, "мо мехоҳем аз таҷовузи Русия халос шавем. Мехоҳем кишварамон, ИМА ва муттаҳидони мо низ нерӯманд бошанд. Дар ин бора бо президент Трамп моҳи июл дар як суҳбати телефонӣ ва баъд дар мулоқоти рӯ ба рӯ дар моҳи сентябр табодули назар карда будем".
Доналд Трамп моҳи сентябри имсол гуфта буд, агар дубора раиси ҷумҳури Амрико шавад, бо ҳарду ҷониб кор мекунад, то ба ҷанг дар Украина поён диҳад.
Трамп гуфта буд, ки шояд барои имзои созиши сулҳ Украина маҷбур шавад, ки аз баъзе минтақаҳояш даст кашад. Пешниҳоде, ки Киев қотеона рад кардааст.
Чаро ангишти қирғизӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст?
Бо фаро расидан сардиҳо ва маҳдудияти нерӯи барқ, нархи ангишти тавлиди Қирғизистон дар Тоҷикистон 30 дарсад гарон шудааст. Ҳоло нархи як килограм ангишти қирғизӣ дар Душанбе ва атрофи он 4 сомонию 30 дирам аст. Соли гузашта нархи ин намуд ангишт як сомонӣ арзонтар буд.
Ҳоҷӣ Барот, яке аз тоҷирон гуфт, ангишти қирғизӣ барои он гарон шудааст, ки аз тариқи Узбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. "Ин ангиштро аввал тоҷирони узбек аз Қирғизистон мехаранд ва баъд ҳаққи худашонро монда, ба мо мефурӯшанд. Дар ин ҳолат, албатта нарх боло меравад,"-афзуд ин тоҷир.
Соли 2021 баъди як муноқиша дар марз, Қирғизистон сарҳадҳои худро ба рӯи Тоҷикистон баст ва додугирифти ду кишвар якбора кам шуд.
Тоҷирон ва ҳам сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, сифати ангишти қирғизӣ дар қиёс ба ангишти Тоҷикистон беҳтар аст ва барои ҳамин талабгори он зиёд аст. Феълан як кг ангишти маҳаллӣ дар бозорҳои Тоҷикистон то 1,30 сомонӣ аст.
Ҳамасола дар фасли сармо бо ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти нерӯи барқ, талаботи сокинон ба ангишт бештар мешавад.
Моҳи августи имсол Вазорати саноати Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимаи аввали соли равон дар кишвар беш аз 940 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195 ҳазор тонна бештар аст.
Паёми Раҳмон ба Трамп: ба ояндаи муносибат бо ИМА некбин ҳастем
Президент Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме, Доналд Трампро ба ғалабааш дар интихоботи президентии Амрико табрик гуфтааст.
Дар ин паём, ки 7-уми ноябр дар сомонаи президент нашр шуд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо ИМА диди нек дорем.”
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр ғолиб шуд.
Киев: Русия ба Курск 45 ҳазор низомӣ фиристодааст
Русия қариб 45 ҳазор низомиро дар вилояти Курск ҷобаҷо кардааст ва ба эҳтимоли зиёд, ба амалиёти ҷавобӣ барои берун кардани артиши Украина омода мешавад. Дар ин бора Александр Сирский, фармондеҳи артиши Украина хабар додааст.
Ба гуфтаи Сирский, Маскав талош дорад бо кумаки сарбозони Кореяи Шимолӣ самараи кори худро беҳтар кунад. Ахиран раиси ҷумҳури Украина, НАТО ва Амрико гуфтанд, аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ вориди Русия шудаанд.
Суҳбати фармондеҳи артиши Украина 6-уми ноябр ва дар рӯзе ба шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки Шӯрои Федератсияи Русия шартномаи ҳамкории стратегӣ бо Кореяи Шимолиро тасвиб кард. Нуктаи муҳими санад ин аст, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ дар сурати ҳамлаи низомӣ метавонанд ба якдигар кӯмаки низомӣ расонанд.
Неруҳои Украина 6-уми август ғайриинтизор вориди вилояти Курски Русия шуданд. Киев мегӯяд, феълан бештар аз ҳазор километри мураббаъро дар Курск зери назорат дорад.
Эътирози мухолифин дар Гурҷистон баъди қарори додгоҳ
Тарафдорони аҳзоби мухолиф дар Гурҷистон, бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот дар назди бинои Додгоҳи таҷдиди назари Тифлис тазоҳурот карданд.
Дар рӯзҳои ахир ин чорумин эътироз ба натиҷаҳои интихоботи 26-уми октябр аст, ки "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими тарафдори Русия дар он пирӯз эълон шуд. Президент Саломе Зурабишвили ва намояндагони мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб хонда, натиҷаҳоро напазируфтанд.
Рӯзи 6-уми ноябр эътироз дар шаҳри Тифлис баъд аз он доир шуд, ки додгоҳи шаҳри Гори, дархости нозирон барои бекор кардани натиҷаҳои интихобот дар 14 ҳавзаро рад кард.
Нозирон гуфтанд, дар ҷараёни овоздиҳӣ тақаллуб шудааст. Ин талаб аз сӯи Эътилофи “Мой Голос” садо дода буд. Нозирони ин эътилоф гуфтаанд, дар 1131 ҳавза зиёда аз 900 қонуншиканиро сабт кардаанд.
Роҳбарони аҳзоби мухолиф даъват доранд, ки то бекор шудани натиҷаҳои интихобот ва таини овоздиҳии нав, чунин эътирозҳо давом кунад.
Ҳаррис: натиҷаҳоро мепазирем, аммо таслим намешавем
Камала Ҳаррис, номзади Ҳизби демократ баъди шикаст дар интихоботи президентии Амрико, бори аввал дар маҳзари ом зоҳир шуд.
Ҳаррис дар назди тарафдоронаш дар Вашингтон гуфт, "мо бояд натиҷаҳои интихоботро қабул кунем."
Номзади демократҳо, ки ҳамзамони муовини президент дар ҳукумати Ҷо Байден аст гуфт, барои интиқоли мусолиматомези қудрат ба Доналд Трамп, кумак мекунанд.
Камала Ҳаррис ба тими интихоботӣ, муовинаш Тим Уолз ва раиси ҷумҳури феълии Амрико Ҷо Байден, барои кумакашон сипосгузорӣ кард.
Пеш аз ин суҳбат, Камала Ҳаррис ба Доналд Трамп занг зада, ӯро ба ғалабааш табрик гуфтааст. Ситоди интихоботии Трамп бо нашри ин хабар гуфт, ҳарду номзадҳо ба ягонагӣ дар кишвар таъкид кардаанд.
Дар интихоботи президентии рӯзи 5-уми ноябр, Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ғалаба кард. Ӯ 47-уми президенти ИМА шуд. Трамп дар солҳои 2016-2020 низ раиси ҷумҳури Амрико буд.
Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯи тоҷик аз Олмон ронда шуд
Сарфи назар аз қасди худкушӣ, Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсии тоҷикро аз Олмон ихроҷ карданд. Вакили дифои ӯ ба Шарофиддин Гадоев, роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон гуфтааст, Эргашевро баъд аз зуҳри 6-уми ноябр, аз тариқи Истанбул ба Душанбе фиристоданд.
Як рӯз қабл, вақте пулиси Олмон мехост Дилмурод Эргашевро ба Фурудгоҳи Дюсселдорф интиқол диҳад, ӯ рагҳои даст ва пойи худро бурид. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ аз воқеа, ӯро ба бемористон интиқол додаанд, вале пулис ҳамон вақт гуфта буд, ин амал аз ихроҷи Эргашев пешгирӣ нахоҳад кард.
Охири моҳи октябр мақомоти Олмон гуфта буданд, бар пояи ҳукми додгоҳ Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар як баёнияи фаврӣ бархӯрди мақомоти Олмонро ноодилона хонда, гуфта буд, талоши Эргашев ба худкушӣ далели он аст, ки "ӯ маргро аз афтодан ба дасти "қассобон"-и режиме, ки бо саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсияш шинохта шудааст, бартар медонад".
Дилмурод Эргашев узви пешини созмони "Гуруҳи 24" аст, ки бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистию террористӣ унвон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Пас аз баромаданаш аз ин созмон ӯ ба Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон пайвастааст.
Ин ниҳоди мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба истирдоди Дилмурод Эргашев роҳ надиҳанд.
Порлумони Русия созишномаи шарикӣ бо Кореяи Шимолиро тасвиб кард
Шӯрои Федератсия, зинаи болоии порлумони Русия, созишномаи шарикии стратегӣ бо Кореяи Шимолиро тасвиб кард. Санад моҳи июни имсол аз сӯи Владимир Путин ва Ким Чен Ин имзо шуда буд.
Нуктаи муҳими санад ин аст, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ дар сурати ҳамлаи низомӣ метавонанд ба якдигар кӯмаки низомӣ расонанд.
Ахиран кишварҳои ғарбӣ ва ҳам Украина аз фиристодани сарбозони Кореяи Шимолӣ ба Русия хабар доданд.
Президенти Украина бо такя ба маълумоти истихборотии кишвараш эълон кард, ки 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия ҳастанд.
Бесарнишинҳо ба Доғистон ҳамла кардаанд
Аз замони ҷанги Русия алайҳи Украина, бори аввалин бесарнишинҳо ба ҷумҳурии Доғистон ҳамла карданд.
Телеграм-каналҳои русӣ бо такя ба сокинони маҳаллӣ навиштанд, субҳи барвақти 6-уми ноябр дар Доғистон таркиш ва садои монанд ба тирпарронӣ шунида шуд.
Дертар Сергей Меликов, роҳбари Доғистон аз сарнагунии дрон ё бесарнишин хабар дод.
Меликов аз сокинон хост, "оромиро ҳифз карда, танҳо ба хабарҳои санҷидашуда" такя кунанд. Роҳбари Доғистон ҳамчунин гуфт, мардум навори ҳамлаи бесарнишинҳоро дар интернет пахш накунанд.
Дар бораи захмиён хабаре нашр нашудааст.
Ҳизби Доналд Трамп назорати Сенатро ба даст овард
Ҳизби ҷумҳурихоҳ назорат бар Сенат, зинаи болоии Конгреси Амрикоро ба даст овардааст.
Ба ҳисоби хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, дар интихоботи 5-уми ноябр ҷумҳурихоҳон аз 100 курсии Сенат, ҳадди ақал 51 курсиро соҳиб шудаанд. Натиҷаҳои интихобот дар ҳафт штат ё аёлати дигар ҳанӯз маълум нашудааст, аммо пешбинӣ мешавад, ки ҷумҳурихоҳон дастикам боз 3 курсии дигар ба даст оранд.
Давоми чор соли ахир демократҳо назорати Сенатро даст доштанд.
Дар ҳамин ҳол натиҷаҳои интихобот дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Конгресии Амрико ҳам барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ хушҳолкунанда аст. То ин лаҳза аз 435 курсӣ дар Маҷлиси намояндагон, 192 ададро ҷумҳурихоҳон ва 173 курсиро демократҳо ба даст оварданд. Натиҷаҳои интихобот барои 70 курсии дигар ҳанӯз маълум нест.
Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ҳар ду сол баргузор мешавад. Ин маҷлис давоми ду соли ахир дар дасти ҷумҳурихоҳон буд.
Ин дастовардҳои ҷумҳурихоҳон дар ҳолест, ки номзади ин ҳизб барои курсии президентӣ Доналд Трамп ҳам худро ғолиби интихобот эълон кардааст.
Имсол сокинони Тоҷикистонро ҷаримаи зиёд бастаанд
Даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо бештар аз интизории мақомоти кишварро ташкил додааст. Ин нукта дар як санади Вазорати молия омадааст, ки Радиои Озодӣ 6-уми ноябр бо он шинос шуд.
Бар асоси ин ҳуҷҷат, Вазорати молия пешбинӣ кардааст, ки дар 9 моҳи имсол, аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷа 176,3 миллион сомонӣ ворид шавад. Аммо дар амал даромади буҷа аз ин ҳисоб 327,3 миллион сомонӣ шудааст.
Маблағи ҷаримаҳо 2 дарсади буҷаи кишварро дар 9 моҳи соли 2024 ташкил медиҳад. Аз оморӣ расмӣ бармеояд, ки буҷаи давлат ҳаррӯз аз ҳисоби ҷаримаҳо беш аз 1,1 миллион сомонӣ даромад медидааст.
Афзоиши даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки шикоятҳо аз вазнин будани ҳаҷми ҷаримаҳо дар кишвар зиёд аст.
Боздошти шахси шубҳанок дар назди бинои Капитолия
Пулиси Амрико як шахси шубҳанокро дар назди бинои Капитолия (Конгресс) боздошт кардааст.
Дар хабари пулис омадааст, ки ин мард бо худ силоҳи огоҳкунанда дошт ва аз ӯ бӯи сӯзишворӣ меомад.
Дар соатҳое, ки баргаҳои раъй дар аёлатҳои Амрико ҳисоб мешавад, майдони марказии Капитолия барои боздид баста шуд.
5-уми ноябр дар ИМА интихоботи президентӣ баргузор шуд ва натиҷаи ниҳоии он то ҳол маълум нашудааст.
Вазири дифои Исроил барканор шуд
Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, вазири дифои ҳукумати худ Йоаф Галлантро аз вазифа барканор кард.
Нетаняҳу шоми 5-уми ноябр дар паёми видеоӣ гуфт, миёни ӯ ва Галлант ихтилофу нофаҳмӣ зиёд шуд, ки "имкон намедиҳад ҷанг дуруст мудирият шавад."
Исроил Катс ҷойгузини Йоаф Галлант эълон шуд. Катс то ин дам вазири корҳои хориҷии Исроил буд.
Ин бори дуюм аст, ки Бенямин Нетаняҳу қарори барканории Йоаф Галлантро содир мекунад.
Соли 2023 дар пайи мухолифати Галлант ба тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ, Нетаняҳу ӯро аз мақом озод карда буд.
Барканории вазири дифои Исроил дар ҳолест, ки ин кишвар дар навори Ғазза алайҳи “Ҳамос” ва дар ҷануби Лубнон бо “Ҳизбуллоҳ” меҷангад.
Як узбекистонӣ барои ҷанг зидди Украина 5 сол зиндонӣ шудааст
Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон, як шаҳрванди ин кишварро бо гуноҳи ширкат дар ҷанги зидди Украина, 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Алишер Холиқови 51-сола ба зархаридӣ ва ҷанг аз тарафи Русия гунаҳкор шуд.
Сомонаи Gazeta.uz бо нашри ин хабар навиштааст, ин шаҳрванди Узбекистон моҳи ноябри соли гузашта, барои напардохти маош корфармои худро дар шаҳри Санкт-Петербург латукӯб карда, боздошт шудааст.
Ба навиштаи манбаъ, Алишер Холиқов дар идораи пулис ва зери фишор, шартнома бо Вазорати дифои Русияро имзо кардааст. Ӯ давоми ду моҳ омӯзиш гирифта, моҳи феврал ба Украина фиристода шудааст. Аммо бесарнишинҳои артиши Украина ба қатори сарбозони Русия ҳамла карданд ва шаҳрванди Узбекистон ҳам онҷо сахт захмӣ шудааст.
Ба навиштаи Gazeta.uz, Алишер Холиқов шаҳрвандии Русияро рад карда, ба Узбекистон бармегардад. Ба ӯ 800 ҳазор рубл (каме бештар аз 8000 доллар) додаанд.
Дар маводҳои парванда омадааст, Холиқов гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба ҷанги зидди Украина худдорӣ кунанд. Вале то ин дам хабари кушта шудани чандин зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Як қисми онҳо зиндониҳо буданд, ки бо ваъдаи озодӣ, рафтан ба ҷангро қабул кардаанд.
Шаш кушта ва 20 захмӣ дар ҳамлаи Русия ба як гӯшаи Украина
Мақомдорони вилояти Запорожйе гуфтанд, дар ҳамлаи Русия ба ин минтақаи Украина 6 кас кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Иван Федоров, волии Запорожйе бидуни шарҳи зиёд танҳо гуфтааст, неруҳои Русия ба як иншоот ҳамла кардаанд.
"Ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад", - гуфтааст Федоров.
Кореяи Шимолӣ ба сӯи баҳри Ҷопон чанд мушак партоб кард
Кореяи Шимолӣ ба сӯйи баҳри Ҷопон чанд мушаки баллистикии кӯтоҳбурд партоб кардааст. Дар ин бора хабаргузории Yonhap бо такя ба мақомдорони Кореяи Ҷанубӣ гузориш додааст.
Дар як ҳафтаи ахир ин дуввумин партоби мушакҳои баллистикӣ аз тарафи Кореяи Шимолӣ аст. Шабакаи телевизионии NHK бо истинод ба омори Вазорати дифои Ҷопон гуфтааст, ки ҳафт мушак партоб шудааст. Ҳодиса 5-уми ноябр ва дар рӯзи интихоботи президентии Амрико сурат гирифт.
Ҳамзамон Ким Ё Ҷонг, хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ин кишвар дар нимҷазира ба нақзи усули паритет ё баробарӣ иҷозат намедиҳад.
Оҷонсии давлатии KCNA аз қавли Ҷонг навиштааст, "имрӯз нақзи паритет ё баробарӣ байни душманон ва мо дар нимҷазираи Корея ба маънои ҷанг аст. Ин воқеиятест, ки онро рад карда намешавад.”