Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябр ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шудааст, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.
Томаш Востовски, мушовири роҳбурдӣ (стратегӣ) дар мавриди муқаррароти Иттиҳоди Аврупо, рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳристи сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнӯи бонкӣ мусоидат кардаанд.”
Мардум ҳамеша аз ҳама гуна маҳдудияту таъсирҳои байнулмилалӣ ба кори бонкҳо ҳарос доранд. Шояд ҳам як миқдор муштариҳо бонкҳоро тарк кунанд.Каримҷон Аҳмедов
Дар матни таҳримҳо низ гуфта шудааст, ки ба идораву ширкатҳои аврупоӣ “ҳамкорӣ ва муомилаву додугирифт бо ниҳодҳое манъ аст, ки ба Русия ба таври мустақим ва ё ғайримустақим маҳсулоту фанновариҳои истифодаашон дугонаро содирот мекунанд, мефурӯшанд ва интиқол медиҳанд.” Инчунин, “ҳамкории мустақим ва ғайримустақим бо ташкилоти истифодакунандаи низоми “Мир” дар хориҷа ва дигар хадамоти монанд ба он, ки аз ҷониби Русия таъсис шудаанд, манъ мебошад.”
Востовски мегӯяд, “ин маънои онро дорад, ки ҳамкорӣ ва мусоидат дар пардохтҳои ширкату шахсиятҳо, ки дар рӯйхати сиёҳи Иттиҳоди Аврупо дохил ҳастанд, манъ аст. Дар як моддаи ҷудогона феҳрасти тахминан 2 ҳазор нафар ва наздик ба 700 ташкилот вуҷуд дорад, ки дар ҳудуди Аврупо масдуд шудаанд. Ин ҳамон рӯйхати шахсон ва ташкилоти хориҷие мебошад, ки набояд бо онҳо пардохтҳову мусоидати пулӣ барои Русия анҷом дода шавад. Сабаби асосие, ки бонкҳои тоҷикистонӣ таҳрим шуданд, ин аст, ки онҳо барои пардохтҳои пулии ташкилот ва шахсиятҳои шомили феҳристи сиёҳ мусоидат кардаанд.”
Намояндагони “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба дархости Радиои Озодӣ барои шарҳи қарор посух надоданд. Дар айни замон чанд ниҳоди давлатии Тоҷикистон нороҳатии худро аз эълони таҳримҳо пинҳон надоштанд.
Бонки миллии Тоҷикистон 24-уми октябр, як рӯз баъд аз нашри қарори Шӯрои Аврупо, дар вебсайташ навишт: “Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва мақомоти дигари ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор медиҳад. Амалиёти бонкии дохили кишвар, хидматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимаҳо ва хидматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд.”
Раёсати “Спитаменбонк” дар сомонааш хабар дод, ки “мо фавран стратегияи коҳиш додани таъсир ва хавфҳоро таҳия карда, ҳамзамон муколамаи созанда бо мақомоти танзимкунандаи кишвари худ ва Иттиҳоди Аврупоро оғоз кардем”.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр дар изҳороте гуфт, “ҳукумат вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақал коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.”
“Ба обрӯи Тоҷикистон осеб мерасонад”
Каримҷон Аҳмедов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳримҳо назар ба он ки осеби сангини молӣ дар пай хоҳанд дошт, бештар обрӯрезанда ҳастанд.
Вай афзуд: “Тоҷикистон ва ин се бонк, ки ба фикрам 20 дар сади амонатҳои мардумро нигоҳ медоранд, бештар ба Русия ва Чин нигаронида шудаанд, то ба Аврупо. Мақсади таҳримҳо ин нест, ки кори онҳоро маҳдуд кунанд. Онҳо дар дохили кишвар ба кори худ идома медиҳанд ва мушкили ҷиддие пеш намеояд. Вале барои интиқоли пул ба Аврупо ё аз байн бурдани ширкатҳое, ки дар соҳаи бонкӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳо ёрӣ мерасонанд, дар ин бахш, бале, натиҷабахш мешавад. Мақсади таҳримҳо ҳам ҳамин аст...”
Ба қавли Аҳмедов, ин қарор барои Тоҷикистон нороҳаткунанда аст, чун ба обрӯяш осеб мерасонад: “Мардум метарсанд. Масалан, на ҳама абзорҳои бонкии онҳо кор хоҳанд кард, манзурам Visa ва Mastercard. Онҳо дар Аврупо ва берун аз Тоҷикистон кор нахоҳанд кард. Ин бисёр бад аст. Дуюм ин ки мардум ҳамеша аз ҳама гуна маҳдудияту таъсирҳои байнулмилалӣ ба кори бонкҳо ҳарос доранд. Шояд ҳам як миқдор муштариҳо бонкҳоро тарк кунанд. Ва инак, инки ба навиштаи баъзе аз расонаҳо, ин бонкҳо ба раҳбарияти олии Тоҷикистон рабт доранд, шояд онҳо ба хотири кам кардани обрӯрезӣ барои ислоҳи вазъ баъди ин хеле талош ба харҷ хоҳанд дод”.
“Чораҳо саркӯбгарона нестанд”
Як мансабдори Иттиҳоди Аврупо дар посухи хатӣ ба муроҷиати Радиои Озодӣ гуфт, “чораҳои маҳдудкунандаи Иттиҳоди Аврупо саркӯбгарона нестанд. Ҳадаф тағйир додани сиёсат ё рафтори манфӣ ё зиёновар аз роҳи таъсиргузорӣ ба кишварҳое мебошад, ки узви Иттиҳоди Аврупо нестанд, аз ҷумла ташкилоти масъул ва шахсиятҳои ҷудогона. Чораҳои иқтисодӣ, ки дар робита ба таҷовузи Русия ба хоки Украина ҷорӣ шудаанд, мунтазам (ҳар шаш моҳ) бозбинӣ мешаванд ва аз рӯи зарурат, бо назардошти тағйирот дар рафтори шахсиятҳо ва ташкилоти мавриди зикр ислоҳ карда мешаванд”.
Ба бовари коршинос Томаш Востовски, дар асл қарори таҳрим шудани ин ё он сохтор ба осонӣ бекор карда намешавад ва ҳамкории наздики ҷониби таҳримшударо тақозо мекунад.
Ӯ гуфт: “Ҳамкории мақомот ва ҳукумати Тоҷикистон бо Кумисюни Аврупо дар таҳияи як сиёсати бештар марказонидашуда дар сатҳи ҳукуматӣ ё миллӣ ба хотири дар оянда пеш наомадани чунин як ҳолате, ба бовари ман, ҳамон чизест, ки Кумисюни Аврупо ба он беш аз ҳама манфиатдор аст. Гап фақат дар бонку пули рақамӣ нест, дар бораи тиҷорат ва интиқоли борҳо тавассути Тоҷикистон ҳам ҳаст. Интиқоли бор аз сӯи ширкатҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон якбора боло рафтаанд. Сабаб ин ки аввал ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба Русия мераванд ва Кумисюни Аврупо аз ин хабар дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории бештари мақомот ва ҳукумати Тоҷикистон барои расидагӣ ба ин масъала кумак мекунад”.
Ин коршинос мегӯяд, аврупоиҳо баъд аз соли 2022 ҳама таҳримҳои мумкинро барои ҷазо додани Русия барои ҷанги идомадораш дар Украина ҷорӣ карданд. “Акнун навбати кишварҳои сеюм ва ёрирасони Маскав мешавад, аз ин хотир, фишор болои онҳо дар ояндаи наздик то рафт бештар хоҳад шуд,” – илова кард ӯ.