Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Боздошти садҳо муҳоҷир дар яке аз бозорҳои Маскав

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи рейд ё амалиёти муштараки Кумитаи тафтишотӣ ва пулиси Русия дар бозори Савеловскийи Маскав, наздики 300 нафар боздошт шудаанд.

Ин калонтарин рейд алайҳи муҳоҷирон дар аввали соли 2025 гуфта мешавад.

Ба нақли шоҳидон, нерӯҳои амниятӣ маҳз ҳуҷҷатҳои мардонро санҷиданд, ки худро дар комиссариати ҳарбӣ сабти ном накардаанд.

Бисёре аз фурӯшандагон бо дидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кӯшиш кардаанд, ки моли худро партофта, аз нуқтаҳои фурӯш фирор кунанд.

Гуфта мешавад, ки аксари муҳоҷирони боздоштшударо ба мусофирбарҳо савор карда, бархеро ба маркази муҳоҷират ва бархеро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.

Навори рейд дар ҳоле нашр шудааст, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа дар бораи гузарондани рейд нисбати муҳоҷирон хабаре нест.

Владимир Зеленский ба Ховари Миёна рафтааст

Владимир Зеленский дар Имороти Муттаҳидаи Араб
Владимир Зеленский дар Имороти Муттаҳидаи Араб

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 16-уми феврал вориди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шуд. 

Ӯ гуфт, ки дар пайи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа аст ва сипас бо ҳамин ҳадаф ба Арабистони Саудӣ хоҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки ҳайате аз Амрико дар Арабистони Саудӣ омодаи гуфтугӯ бо Русия дар мавриди шеваи поён додан ба ҷанги Маскав дар Украина аст.

Зеленский рӯзи 15-уми феврал гуфт, Киев барои иштирок дар музокироти Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ даъват нашудааст.

Вай афзуд, пеш аз машварат бо ҳампаймонҳои аврупоии худ ҳеч нияти ширкат дар гуфтушунидро надорад.

Мақомоти амрикоӣ пештар гуфта буданд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳоли фиристодани ҳайати баландпоя ба Арабистони Саудӣ барои оғози музокирот бо Русия аст.

Ҳамлаҳои вайронгари Русия бо мушаку дрон ба чанд гӯшаи Украина

Украина, 17-уми феврали 2025
Украина, 17-уми феврали 2025

Русия шаби 16 ба 17-уми феврал ба чанд минтақаи Украина, аз ҷумла вилояти Днепропетровск, бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кардааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ҳашт кас осеб дид.

Ширкати "Укрэнерго" маҷбур шудааст, интиқоли нерӯи барқро ба чанд минтақа қатъ кунад.

Намояндагони ҳукумат дар вилояти Днепропетровск гуфтанд, дар ин минтақаи Украина як зани 64-сола ва се мард захмӣ шуданд. Вазъи яке аз онҳо вазнин будааст.

Ҳамчунин ба сабаби ҳамлаҳои Русия дар Днепропетровск ҳашт бинои баландошёна, корхонаҳои саноатӣ, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хати интиқоли барқ зарар дидааст.

Роман Мрачко, раиси маъмурияти Херсон, гуфт, дар пайи ҳамлаҳои Русия ду ноҳия бе барқ монд ва дар як ноҳия дар шабонарӯз ҳамагӣ чор соат об дастрас мешаваду бас.

Ҳалокати 552 кас дар як сол дар роҳҳои Тоҷикистон

Садама дар роҳи Мастчоҳ-Хуҷанд. Рӯзи 24-уми июли 2024
Садама дар роҳи Мастчоҳ-Хуҷанд. Рӯзи 24-уми июли 2024

Садама ё тасодуфҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 сабаби марги 552 кас шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар умум дар ин сол зиёда аз 1200 садама рух дод.

Беш аз 1350 каси дигар маҷруҳ гаштаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар нишасти матбуотии 13-уми феврал гуфт, теъдоди садамаҳо ва қурбониён дар муқоиса ба соли 2023 андаке поин аст, вале ҳамоно ташвишовар мемонад.

Суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳо сабаби маргумири зиёд гуфта мешавад.

Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагии Тоҷикистон низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.

Як роҳи нави қочоқи маҳсулотро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд

Хуршед Каримзода
Хуршед Каримзода

Қочоқбарон барои ворид кардани молу маҳсулот ба Тоҷикистон роҳҳои навро пеш гирифтаанд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ахиран шеваи қочоқи маводи мухаддирро ошкор карданд, ки бесобиқа мебошад.

“Маводро дар даруни сангҳои стеотити коркардшуда, сангҳои табиӣ ҷойгир кардаанд, ки аз санг фарқ намекунед. Ҳар як санги табииро алоҳида-алоҳида бо болға шикаста, баъд мефаҳмед, ки дар дарунаш маводи мухаддир ҷойгир карда шудааст”, - изҳор дошт Каримзода.

Ба гуфтаи ӯ, маводи мухаддирро аз мошине ёфтаанд, ки қарор буд сангҳои коркардшудаи як ширкати чиниро аз Афғонистон ба Чин барад. Вале ин бори мамнуъ дар Тоҷикисон кашф ва мусодира шуд. Каримзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши қазия идома дорад ва ҷониби Чинро дар ин бора огаҳ хоҳанд кард.

Хуршед Каримзода мегӯяд, маводи мухаддир дар дохили сангҳо танҳо баъди садама ё тасодуфи мошини борбар дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор шудааст: “Маълум мегардад, ки дар дохили ин бор маводи мухаддир, метаамфетамин дар намуди ҳабҳо ҷойгир шудааст.”

Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, кашфи воридоти дуздонаи молҳои заргарӣ ба кишвар низ душвортар шудааст. Ба гуфтаи Каримзода, қочоқбарони маснуоти заргарӣ низ аз усули нав истифода мекунанд.

“Як усуле, ки мо ҳамеша пайгирӣ мекунем ин аст, ки тоҷирон дар дохили ҳавопаймо маҳсулоти заргариро ба мусофироне, ки вайро ҳамроҳӣ мекунанд, тақсим менамоянд. Ҳамин ҳолатҳо ҷой доранд ва ошкор кардани он бисёр душвор аст. Зеро, тибқи қонунгузорӣ ҳар нафар ҳуқуқ дорад, ки як миқдори муайяни тиллоро бе расмиёти гумрукӣ ба кишвар ворид намояд," - афзуд ӯ.

Истифодаи қочоқбарон аз роҳу шеваҳои нав дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ба иттилои Хадамоти гумрук соли гузашта қариб чоруним ҳазор талоши қонуншиканӣ сабт шудааст. Ин нишондод назар ба соли 2023 қариб ҳазору сад адад зиёдтар мебошад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон 22-юми январи соли 1992 таъсис ёфтаааст. Ба дӯши ин ниҳод ғайр аз ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, танзими фаъолияти иқтисоди берунӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҳамлу нақли ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ гузошта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар як ҷаласа раҳбарони ин ниҳодро ба беамалӣ айбдор кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд ва даст ба ришваситонӣ мезананд. Яке аз чунин кормандонро раисҷумҳур бо вуҷуди ҷиноятҳои зиёде, ки номбар кард, ба далели ҷавон буданаш аз ҷазо озод намуд.

Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, “ дар соли гузашта 14 корманди ин ниҳод, аз ҷумла бо гумони сохтакорӣ ва суистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Кашфи як роҳи нави қочоқи маҳсулот дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Марко Рубио гуфт, "Ҳамос" бояд решакан карда шавад

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу. Байтулмуқаддас, 16-уми феврали 2025
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу. Байтулмуқаддас, 16-уми феврали 2025

Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари худро ба Ховари Миёна рӯзи 16-уми феврал аз Исроил оғоз кард.

Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳадафҳои ҷангии Исроил дар Ғазза комилан пуштибонӣ мекунад ва афзуд, гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бояд решакан карда шавад.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

"Ҳамос" наметавонад ҳамчун нерӯи низомӣ ё давлатӣ кор кунад ва то он даме ки ин гурӯҳ ҳамчун як қудрат ҳукмронӣ кунад, сулҳ ғайриимкон хоҳад буд," – афзуд Марко Рубио.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, камаш 1200 нафарро кушт ва тақрибан 250 нафарро гаравгон гирифт.

Ин амал сабаби ҳамлаи Исроил аз замину ҳаво ба Ғазза шуд. Дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милал мегӯяд, дар ин муддат беш аз 48 ҳазор фаластинӣ кушта ва зиёда аз 111 ҳазор кас захмӣ гаштанд.

Дар ҳоли ҳозир оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" идома дорад. Рӯзи 15-уми феврал 369 зиндонии фаластинӣ дар ивази раҳоии се гаравгони исроилӣ озод карда шуданд.

Беш аз 50 зодаи Осиёи Марказӣ дар Украина асир шудаанд

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки беш аз 50 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар асир шудаанд. Онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.

Шумораашон ин гуна будааст: 21 қазоқ; 18 тоҷик; 14 узбек ва 1 қирғиз.

Аксари ин сарбозон ҳамзамон бо шиносномаи кишвари худ шиносномаи Русияро доранд. Аз 21 қазоқистонӣ 6 нафар фақат шаҳрвандии ин кишварро доштаанду бас.

Русия аз соли 2022 бо ваъдаи осон кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ба ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги зидди Украина шуруъ кард.

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар ин давра ба ҷанг дар Украина бурда шудаанд.

Мақомоти Украина ва лоиҳаҳое, ки ба ҷустуҷӯйи асирон машғуланд, шумори дақиқи зодагони Осиёи Марказиро, ки бар ивази сарбозони украинӣ ба Русия баргардонда шудаанд, ошкор намекунанд.

То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст. Касоне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд, зиндонӣ буданд, маҷбурӣ ва ё бо шарти осон гирифтани шаҳрвандӣ ба майдони ҷанг дар Украина бурда шудаанд.

Дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чанд нафар бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.

Сафари камсобиқаи мансабдорони Амрико ба Беларус

Кристофер Смит. Акс аз соли 2023
Кристофер Смит. Акс аз соли 2023

Се мансабдори баландпояи Амрико барои гуфтушунид дар бораи раҳоии теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ дар ивази сабуктар кардани таҳримҳо ба Беларус рафтаанд.

Хабарро нашрияи “The New York Times” рӯзи 15-уми феврал чоп кард.

Ба иттилои манбаъ, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Аврупо Кристофер Смит ва ду мақоми дигар дар Минск буданд.

Онҳо бо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар шартҳои созишро баррасӣ кардаанд.

Замони дақиқи сафари онҳо ва мулоқоташон бо Лукашенко мушаххас нест.

Дар ҳар сурат, ин мулоқоти нахустини Лукашенко дар панҷ соли охир бо мақомоти баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико будааст.

Ин гузориш баъди он нашр шуд, ки Кристофер Смит ва котиби давлатии Амрико Марко Рубио рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида ва ду маҳбуси сиёсӣ аз зиндонҳои Беларус озод карда шудаанд.

“Онҳоро ба мо супурданд ва мо онҳоро ба воситаи Литва баргардондем," -- гуфт Смит ба телевизиони CNN.

Bloomberg: Трамп ва Путин эҳтимол то охири феврал мулоқот кунанд

Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Амрико ва Русия, мумкин аст, то охири моҳи феврали имсол дар Арабистони Саудӣ мулоқот кунанд.

Дар ин бора хабаргузории “Bloomberg” бо такя ба манобеаш рӯзи 15-уми феврал иттилоъ дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, намояндагони баландпояи ду кишвар барои омодагӣ ба ин мулоқот ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ вомехӯранд. Мавзӯи асосии суҳбат ҷанг дар Украина хоҳад буд.

“Bloomberg” навиштааст, имкони ҳузури намояндагони Украина дар ин мулоқот вуҷуд дорад, аммо Киев ҳанӯз аз ҷузъиёти гуфтушунид огоҳ нест.

Намояндагони Кохи Сафед ва Кремл хабари “Bloomberg”-ро шарҳ надодаанд.

Хабаргузории “Reuters” аз қавли Майкл Маккол, намояндаи Конгресс, навишт, ки ҳайати амрикоӣ ҳафтаи оянда ба Арабистони Саудӣ меравад. Ҳам барои мулоқот бо намояндагони Русия ва Украина ва ҳам барои нақшарезии мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин.

Аз марги Алексей Навалний як сол гузашт

Ин сиёсатмадори 47-сола дар зиндон даргузашт
Ин сиёсатмадори 47-сола дар зиндон даргузашт

Ба марги Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумат дар Русия, як сол пур шуд.

Ин сиёсатмадори 47-сола рӯзи 16-уми феврали 2024 дар зиндон даргузашт.

Ӯ дар маҳбасе дар минтақаи дурафтодаи Ямало-Ненетс нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомоти Русия марги Алексей Навалнийро табиӣ донистанд.

Ҳамсараш Юлия Навалная ва раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ мақомоти Русия ва бахусус президент Владимир Путинро масъули марги Навалний донистанд.

Расонаҳои Эрон аз сафари Қоҳир Расулзода ба Теҳрон навиштанд

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, бо сафари расмӣ ба Теҳрон хоҳад рафт.

Ин сафар бо даъвати Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, сурат мегирад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳеч иттилоъ надодааст.

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи 16-уми феврал навишт, ки Расулзода дар Нишасти севуми иқтисодии Хазар ҳамчун меҳмони вижа иштирок хоҳад кард.

Анҷуман рӯзҳои 19 ва 20-уми феврал дар Теҳрон баргузор мешавад. Ширкати сарвазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар назар аст.

Трамп як ҳайатро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки раисҷумҳур Доналд Трамп дар пайи талошҳо барои поён додани ҷанг дар Украина як ҳайати дипломатиро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҳадаф аз сафари ҳайат оғози гуфтушунид бо Украина ва Русия барои хатми ҷанги сесола аст.

Баъзе аз мансабдорон рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои амрикоӣ гуфтаанд, дар ин музокирот Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Кейт Келлог, намояндаи Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия, дар ин ҳайат нест.

Мақомот ҳамчунин таъкид кардаанд, ки нақшаи ширкати намояндагони кишварҳои ҳампаймон низ дар ин музокирот вуҷуд надорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми феврал, пас аз як тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҳарду барои мулоқот дар Арабистони Саудӣ розӣ шудаанд.

Фиристодаи Трамп гуфт, эҳтимол Аврупо дар музокирот набошад

Кейт Келлогг
Кейт Келлогг

Фиристодаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида барои хатми ҷанг дар Украина миёнравӣ кунад, эҳтимол Аврупо дар мизи музокирот ҷой нахоҳад дошт. Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад.

Кит Келлогг рӯзи 15-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, Вашингтон ният дорад, ки дар ҳафтаҳои оянда ба пешрафти назаррас ноил шавад. "Каме фурсат диҳед. Ман на дар бораи шаш моҳ, балки дар бораи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда гап мезанам," – афзуд ӯ.

Курт Волкер, фиристодаи Доналд Трамп дар масъалаи Украина дар солҳои 2017-2019, гуфт, изҳороти Келлогг баёнгари он аст, ки "Украина дар сари миз хоҳад буд. Дар мавриди он ки Трамп бо Аврупо чӣ гуна рафтор хоҳад кард, каме номуайянӣ вуҷуд дорад."

Вазири корҳои хориҷии Бритониё дар нишасти Мюнхен гуфт, "Путин ба ҷуз дидани таслимшавии Украина ҳеч майле ба музокирот нишон надодааст."

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳангоми суханронӣ дар Мюнхен аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки артиши муштарак ташкил кунанд. Вай гуфт: "Агар амрикоиҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳузури худро камтар кунанд, албатта, ин хуб нест ва бисёр хатарнок аст."

Пештар аз ин Владимир Зеленский ба муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Украина қабл аз ҳар гуна музокирот бо Русия барои поён додан ба ҷанги тақрибан сесола аз Вашингтон "замонатҳои амниятӣ" мехоҳад.

“Зодагони як кишвари Осиёи Марказӣ”. Дар Псков чӣ рух дод?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, аз як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар вилояти Псков пешгирӣ кард. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух додааст.

Ба ривояти мақомоти Русия, “гумонзадҳо нақша доштанд, ки истгоҳи роҳи оҳани Псковро тарконанд, вале ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона карданду кушта шуданд”.

Маъмурони ФСБ ному насаби онҳоро нагуфта, танҳо ишора кардаанд, ки “зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд” ва баъд аз таркондани истгоҳи роҳи оҳан нақшаи фирор ба хориҷаро доштанд.

ФСБ гуфтааст, дар паси тарҳрезии ҳамла “як созмони байнулмилалии террористӣ” истодааст, аммо аз ҳеч гурӯҳе ном набурдааст.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Псков ба Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани се нафар хабар доданд.

Онҳо рӯзи 15-уми феврал гуфтанд, ки кушташудагон дар тарабхонаи як тоҷири бонуфузи тоҷик, зодаи шаҳри Панҷакент, кор мекарданд ва биноан ба нақли Хадамоти федеролии амнияти Русия бовар надоранд.

Ҳодиса ҷомеаи тоҷикони вилояти Пскови Русияро шадидан нигарон кардааст.

Мақомот мегӯянд, сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон бисёр зиёд шудааст

Сармояи зиёди хориҷӣ аз ҷумла барои истихроҷи маъдан ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Сармояи зиёди хориҷӣ аз ҷумла барои истихроҷи маъдан ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта ба кишвар тақрибан 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки ҳаҷми бисёр бузург аст.

Раҳбарони кумитаи давлатии сармоягузорӣ рӯзи 11-уми сентябр дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтаанд, ки сармоягузории хориҷӣ дар муқоиса ба соли 2023 бештар аз 72 дар сад зиёд шудааст. Ду сол пеш ба иқтисоди Тоҷикистон аз хориҷ бештар аз 2 миллиард доллар сармоя ворид шудааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" гузориш додааст.

Дар ин миён сармояҳои мустақими хориҷӣ асосан аз Чин бештар аз 150 миллион доллар, аз Амрико тақрибан 119 миллион доллар ва сипас аз Бритониёву Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар будааст. Пули хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар барои коркарди ашё, истихроҷ, бонкдориву тиҷорату сохтмон ворид шудааст.

Тоҷикистон пайваста барои фазои номуносиби сармоягузорӣ, бахусус тамаъҷӯӣ аз ширкатҳову ришвахорӣ ва молиёти зиёд танқид мешавад ва мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ гуфтаанд, ки аз авлавиятҳои корашон имсол беҳтар кардани фазо ва ҷалби сармояи бештари хориҷӣ будааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG