Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масҷиди Кабуд" дар зилзила осеб дид, аммо фурӯ нарехт


Сокинони Мазори Шариф аз он нигаронанд, ки бар асари заминларзаи ахир масҷиди таърихии шаҳр зиён дидаву касе то кунун касе дар фикри таъмиру тармими он нест.

"Масҷиди Кабуд" ё "Равзаи Ҳазратӣ Алӣ", макони таърихӣ ва муқаддас барои аксар мусалмонон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст. Инҷо аз маъруфтарин ҷойи диданӣ ва зиёратӣ дар шимоли Афғонистон аст, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр осеб дидааст.

Дар заминларзаи беш аз шашдараҷаӣ, ки дар он 27 нафар ҳалок ва ҳудуди ҳазор нафар захмӣ шуд, кошикориҳои қадимии деворҳои масҷид рехта, гунбадҳояш нимавайрона шудаанд.

Саид Башир Расо, сокини Мазори Шариф мегӯяд, "зилзилае, ки он шаб рух дод, воқеан як зилзилаи бисёр шадид буд. Тӯли 50 сол умри худ ман ингуна зилзиларо надида будам. Ба мардуми бечораи Балху Самангон хисороти зиёд ба бор овард ва ҳамчунин Равзаи Шариф, ки шумо мебинед рамзи шаҳри Мазори Шариф аст, бисёр осеби ҷиддӣ дидааст. Дар ҳар қисмати манораҳояш осеб дида мешавад".

"Масҷиди Кабуд"-и Мазори Шариф дар зилзила осеб дид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Сокинон аз ҳукумати Толибон дархост кардаанд, ки фавран иқдом кунанд, то ин осори таърихӣ нобуд нашавад.

Саид Муҳаммад Ҳусайн, устоди донишгоҳи Мазори Шариф мегӯяд, "Равзаи Шариф дар шаҳри Мазори Шариф як рамзи таърихӣ аст, ки мардум бештар дар инҷо меоянду ҷамъ мешаванд. Дар канори ин, қисматҳое, ки Равзаи Шариф тахриб шуда, таваҷҷӯҳи тоҷирон ва ҳукуматро мехоҳад, то онро бозсозӣ кунанд"

Масҷиди Кабуд дар замони ҳукмронии сулолаи Темуриён дар асри 15 сохта шудааст. Сокинони эътиқодманд бо такя ба бархе ривоятҳо ин маконро қадамҷо ё ҷойи дафни Алӣ, домоди Муҳаммад, пайёмбари ислом медонанд.

Онҳо бар ин бовар доранд, ки Алӣ на дар Ироқи имрӯз, чуноне дар ривоятҳои таърихӣ таъкид шудааст, балки дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи Афғонистон дафн шудааст. Аз ин рӯ, бовармандон ин маконро муқаддас медонанд ва онро зиёрат мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG