Нисориддин Хомӯшови 36-сола, писари Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси Шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи наздиконаш, эҳтимолан дар моҳи августи соли равон дар ҷабҳаи ҷанги Русия ба зидди Украина кушта шудааст.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ аз фаъолтарин узви Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки пайваста дар масоили фиқҳӣ бо рӯзноманигорон суҳбат мекунад ва як чеҳраи шинохта дар кишвар аст.
Дӯстони ин хонавода ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки Нисориддин ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш чанд соли ахир дар Русия ҳамчун муҳоҷир мезист ва тақрибан се моҳ пеш довталабона бо имзои қарордод ба ҷанг дар Украина рафта, дар аввалин рӯзҳои ширкаташ дар ин ҷанг кушта шудааст.
Ба нақли манбаъҳои Радиои Озодӣ, Нисориддин Хомӯшов дар моҳи августи соли равон дар як амалиёти низомӣ нопадид шуда, дигар аз худ паём надодааст ва ба писарамакҳояш, ки дар Русия бо ӯ робитаи наздик дошта, бо телефон суҳбат мекард, тамос нагирифтааст.
Ҷанозаи ӯ шоми 14-уми ноябр бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон дар масҷиди "Мехкалон"-и ноҳияи Синои Душанбе баргузор шуд.
Дар бораи марги ӯ дар ҷанги Украина манбаъҳо ба Радиои Озодӣ ҳанӯз як моҳ пеш хабар дода буданд, вале пайвандонаш зарур нашумориданд, ки то интиқоли тобут ба Тоҷикистон ин иттилоъ расонаӣ шавад. Дар ин муддат худи Ҷамолиддин Хомӯшӣ низ зоҳиран аз мавзуъ огоҳ набуд. Ҳамчунин рӯшан набуд, ӯ аз амалкарди писараш то куҷо хабардор аст ва муносибаташ ба он чист.
Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанг мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумот намедиҳанд.
Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати сеюним соли ҷанг ҳеч додгоҳи ин кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.
Гуфтугӯ