Дар чанд ҷумла
Мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта имрӯз доир мешавад
Дар назар аст, ки имрӯз, 22-юми ноябр мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" муттаҳам мешаванд, дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе баргузор шавад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, имрӯз додгоҳ назари Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистонро мешунавад.
Ҳакимов ба иттилои баъзе наздиконаш, ба иттиҳомҳои вазнине ба монанди "хиёнат ба давлат", муттаҳам мешавад. Худаш дар бозпурсиҳо иттиҳомро рад карда, беасос хондааст.
Парвандаи бархе шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси Ҳизби демократ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ ва чанд тани дигар аз сӯи Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад.
Ба се мурофиае, ки то имрӯз баргузор шуд, наздикони боздоштшудаҳоро роҳ надоданд.
Русия мехоҳад кори муҳоҷирон дар мактаб ва беморхонаҳоро манъ кунад
Раиси Думаи давлатии Русия даъват кард, ки кори муҳоҷирон дар бахшҳои таълим ва маориф манъ карда шавад.
Вячеслав Володин дар саҳифаи "Телеграм"-аш навишт, "дар соҳаҳои таълим, тарбия ва тандурустӣ бояд шаҳрвандони кишвари худамон кор кунанд. Ҷалби муҳоҷирон дар ин бахшҳо нодуруст аст".
Раиси Дума ҳамчунин ёдовар шуд, ки порлумони Русия фаъолона қонунҳои муҳоҷиратро беҳтар мекунад.
Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда Дума қонунеро баррасӣ кунад, ки қабули фарзандони муҳоҷиронро бе донистани забони русӣ манъ мекунад.
Изҳороти Вячеслав Володин дар ҳоле садо медиҳад, ки садҳо муҳоҷир ҳамчун пизишк дар Русия кор мекунанд.
Додгоҳи Гаага қарори ҳабси Зайф, Нетаняҳу ва Галлантро содир кард
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд рӯзи 21-уми ноябр қарори ҳабси ду мансабдори баландпояи Исроил ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро содир кард.
Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии “Ҳамос”, ки аз ҷониби Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ номида шудааст, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, собиқ вазири дифои Исроил ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста мешаванд.
Дар қарори додгоҳ омада, ки Нетаняҳу ва Галлант дидаву дониста аҳолии осоиштаро дар Ғазза аз хӯроку обу дору маҳрум карданд.
Ҳанӯз вокуниши раҳбарони Исроил маълум нест.
Нахуствазири собиқи Исроил Нафталӣ Бенетт ин қарорро “як шармандагӣ барои Додгоҳи байнулмилалӣ” номид. Раҳбари мухолифони Исроил Яйр Лапид ҳам онро маҳкум кард ва гуфт, қарори додгоҳ “мукофот барои терроризм” аст.
Исроил ва мақомоташ қонунмандии Додгоҳи байнулмилалиро эътироф намекунад ва ҳам иттиҳоми ҷинояти ҷангиро дар Ғазза рад кардааст.
Мақомоти Исроил қаблан гуфта буданд, ки Муҳаммад Зайф, фармондеҳи "Ҳамос" дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст, вале ин гурӯҳи тундрав ҳеч гоҳ хабарро рад ё тасдиқ накард.
Вокуниши “Ҳамос” ба ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ то ин лаҳза расонаӣ нашудааст.
Идомаи муҳокимаи чеҳраҳои шинохта пинҳон аз чашми мардум
Баррасии парвандаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон дастгир шудаанд, 21-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста идома ёфт.
Ба мурофиа танҳо вакилони дифои боздоштшудаҳо роҳ ёфтанд. Наздикони гумонбарон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ба далели муҳри махфӣ доштани парванда ин бор низ натавонистанд дар мурофиа иштирок кунанд.
Аз вакилони дифои гумонбарон касе ҳозир нашуд, бо хабарнигорон суҳбат кунад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи имрӯз назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба айбнома шунида шудааст.
Ҷузъиёти суҳбати айбдоршавандаҳо маълум нест. Мақомоти додгоҳ низ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
Қаблан як манбаи огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки боздоштшудаҳо бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ: 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 247 (қаллобӣ), 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (талош барои ғасби қудрат) – айбдор мешаванд.
Қаблан як манбаъ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои озодӣ гуфта буд, дар мурофиаи 18 ноябр назари чаҳор гумбонбар, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ шунида шуд.
Ба иттилои манбаъ, "Зарифӣ гуфтааст, ӯ ба давлат хиёнат накард. Вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд." Дақиқ нест, ки кадом нигоштаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Се боздоштшудаи дигар – Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.
Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.
Як бананро дар Амрико бо 6,2 миллион доллар фурӯхтанд
Дар музоядаи Сотбис дар Ню-Йорки Амрико, ки бо фурӯши осори ҳунарӣ маъруф аст, як бананеро, ки ба девор бо скотч часпида буд, бо нархи 6,2 миллион доллар фурӯхтанд.
Ҷастин Сан, як соҳибкоре, ки бо криптовалюта тиҷорат мекунад ва ин банани часпидаро чун як асари ҳунарӣ харидааст, навишт: “Бовар дорам ин чиз боиси андешаву таҳлили зиёде дар оянда хоҳад шуд ва як бахше аз таърих ҳам хоҳад шуд. Ман фахр мекунам, ки соҳиби ин банан шудам ва умедворам, ки он ба ташаббускорони илҳомбахш ва таъсиргузор хоҳад шуд”.
Соҳибкор ваъда дод, ки ин бананро мехӯрад ва айни замон, "ба мақоми он дар таърихи ҳунар ва ҳам фарҳанги оммавӣ арҷ мегузорад."
“Комедиант”-ро рассоми итолиёӣ Мауритсио Кателлан эҷод карда бори аввал онро дар як намоишгоҳе дар Майамии Амрико соли 2019 ба намоиш гузошт. Ин кори рассом дар бораи асосҳои ҳунар баҳси зиёде эҷод кард, тамошобини бисёреро ҷамъ кард ва ба саҳифаи аввали нашрияи New York Post роҳ ёфт. Баъди ҳар ду дафъае, ки бананро дар девор бо скотч часпонида ба мардум намоиш доданд, ин меваҳоро хӯрданд.
Дар аввал нархи тахминии банани дар девор часпидаро ба музояда бо нархи як-якуним миллион доллар ба фурӯш гузоштанд. Дар шарҳи ин маводи фурӯшӣ масъулони музояда навиштанд, "Кателлан танҳо худаш ҷаҳонро водор кард, ки ба ин биандешад, ки мо ҳунарро бар асоси кадом меъёр таъин мекунем ва ҳам чӣ арзишеро дар он пайдо кардан мехоҳем."
“Reuters” аз шартҳои Путин барои хатми ҷанг дар Украина хабар дод
Президенти Русия Владимир Путин омода аст, ки оташбас дар Украинаро баъди оғози кори Доналд Трамп бо ӯ баррасӣ кунад, аммо аз заминҳои ишғолкардааш даст намекашад. Дар ин бора хабаргузории “Reuters” бо такя ба панҷ мақомдори баландпояи собиқ ва феълии Русия гузориш додааст.
Ба қавли манбаъ, Путин ҳамчунин пойфишорӣ хоҳад кард, ки Украина набояд ба НАТО пайвандад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба ин гузориш гуфтааст, Путин музокира мекунад, аммо барои оташбас дар хати ҷанг розӣ нест.
Дар гузориши “Reuters” омадааст, Русия ҳамчунон талаб хоҳад кард, ки Украина кишвари бетараф бошад.
Маҳдудият дар шумори сарбозони украинӣ ва кафолати истифодаи забони русӣ, ба навиштаи “Reuters” аз талабҳои дигари Русия будааст.
Мақомдорони украинӣ гузориши “Reuters”-ро то ҳол шарҳ надодаанд. Мавқеи Киев ин аст, ки сарбозони Русия бояд хоки Украинаро тарк кунанд.
Се сокини Ванҷ зери тарма мондаанд
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се сокини ноҳияи Ванҷ зери баҳман ё тарма мондаанд. Як нафари онҳо ҳалок, ду каси дигар маҷруҳ шудаааст. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст.
Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд. Навбатдори ин ниҳод низ гуфт, як нафар ҳалок шуда, ду нафари дигар зиндаанд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ҷузъиёти ҳодисаро дертар шарҳ медиҳанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи ҳодиса, ба Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ тамос гирифт. Аммо Мардзода баъди шунидани суоли мо гӯширо гузошт.
Ҳамасола дар фасли зимистон ва баҳор, бар асари фаромадани баҳман (тарма) дар минтақаҳои Тоҷикистон сокинон ҳалок ё маҷруҳ мешаванд.
Ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинони ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани тарма дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон рӯзҳои ахири шоҳиди боронгариҳои шадид мебошад. Дар бархе минтақаҳои баландкӯҳ аз чанд руз ба ин тараф барфборӣ идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам сокинонро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Эълони ҷазои сахттар барои ифлос кардани муҳити зист дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҷазоро барои ифлос кардани муҳити зист, аз ҷумла, андохтани партов сахттар кардаанд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад, шаҳрвандон барои партофтани партов ва оби ифлос ба замин, аз 1080 то 1440 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Мансабдорон барои ин кор то 3240 сомонӣ ва ширкатҳо то 14 ҳазор сомонӣ ҷарима месупоранд.
То ин вақт шаҳрвандон барои ифлос кардани муҳити зист 720 сомонӣ ҷарима мешуданд.
Мақомот умед доранд, бо сахттар кардани ҷазо муҳити зистро аз ифлосшавӣ нигоҳ медоранд.
Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ имсол нишон дода буд, ки ширкатҳои калони чинӣ, ки дар бахши истихроҷи маъдан кор мекунанд, бештар ба муҳити зист зарар мерасонанд.
Мирзиёев хост, равуо бо Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ бошад
Президенти Узбекистон гуфтааст, кишвараш ният дорад, равуои шаҳрвандонро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи шиносномаи дохилӣ ба роҳ монад.
Шавкат Мирзиёев 20-уми ноябр дар ҳузури вакилони порлумони Узбекистон гуфт, аз 1-уми сентябри имсол шаҳрвандони ин кишвар бо ID корт ё шиносномаи дохилӣ ба Қирғизистон мераванд.
"Акнун нақша аст, ки чунин низом бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ роҳандозӣ шавад",-гуфтааст Мирзиёев.
Моҳи августи имсол Шавкат Мирзиёев даъват карда буд, ки ба ҷойи шиносномаи хориҷӣ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлатҳои ҳамдигар бо шиносномаи дохилӣ сафар кунанд.
Феълан маълум нест, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон то куҷо аз ин иқдоми Шавкат Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд.
Панҷ ноболиғи бесаробонро аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонданд
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки 5 шаҳрванди ноболиғи кишвар (се писар ва ду духтар)-ро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан фиристодаанд.
Мақомот сабаби бепарастор мондани кӯдаконро нагуфтанд.
Дар хабарномаи сафорат танҳо омадааст, ки ноболиғонро дар доираи як созишнома миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон фиристоданд.
Ба иттилои расмӣ, аз аввали имсол 54 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро аз Русия оварда, ба наздиконашон додаанд.
HRW: Эрон ҳукми қатлро барои саркӯби мухолифон истифода мекунад
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ рӯзи 20-уми ноябр дар гузорише аз қазияи маҳбуси сиёсии курд Вариша Муродӣ ёд овард.
Додгоҳи инқилоби Эрон ӯро рӯзи 10-уми ноябр бо иттиҳоми “шӯриши мусаллаҳона алайҳи давлат” ба эъдом маҳкум кардааст.
Вариша Муродӣ, узви Ҷомеаи занони озоди Курдистони Шарқӣ, дар моҳи августи соли 2023 дар вилояти Курдистон боздошт ва панҷ моҳ дар маҳбаси Эвин низ нигоҳ дошта шудааст.
Ба иттилои созмони ҳуқуқи башари Эрон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ камаш 651 нафар эъдом шудаанд. 166 маврид танҳо дар моҳи октябр.
Ноҳиди Нақшбандӣ, пажӯҳишгари умури Эрон дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфт: "Ин тактикаи бераҳмона аз тарафи як давлати худкома (Ҷумҳурии Исломӣ) бо ҳадафи саркӯби ҳаргуна мухолифат аз тариқи эҷоди тарс ва ваҳшат тарҳрезӣ шудааст.”
Боздошти як шаҳрванди Олмон дар Русия
Маъмурони амниятии Русия шаҳрванди Олмон Николай Гайдукро дастгир кардаанд.
ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 20-уми ноябр ӯро ба он муттаҳам кард, ки гуё дар таркиши лӯлаи газ дар Калининград даст дорад. Ин ҳодиса моҳи март рӯй дода буд.
Ба иттилои ФСБ, Николай Гайдук баъди он дастгир шуд, ки ҳангоми аз Лаҳистон ба Калининград гузаштанаш аз худрави ӯ “моддаи тарканда” ёфтаанд.
Мақомоти амниятии Русия гуфтаанд, Гайдук қасд дошт, дар иншооти энержии минтақа “амалҳои вайронгарона” анҷом диҳад.
Нисбат ба ӯ бо гумони терроризм ва қочоқи маводи тарканда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Саҳифаи “Агенство” дар Telegram навишт, ки Гайдук 57-сола ва зодаи Украина аст.
Мақомоти Олмон дар бораи ҳодиса изҳори назар накардаанд.
Ҳокштейн поёни ҷангро байни Исроилу "Ҳизбуллоҳ" имконпазир донист
Фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон имконпазир донист.
Изҳороти Амос Ҳокштейн рӯзи 19-уми ноябр дар Бейрут садо дод. Ҷое, ки ӯ нақшаи оташбасро бо ходимони давлатии Лубнон баррасӣ кардааст.
Вай, инчунин, бо раиси порлумони Лубнон мулоқот дошт. Набиҳ Берри аз номи "Ҳизбуллоҳ" дар ин музокирот ширкат кард.
Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса талошҳоро барои барқарории оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" оғоз кардаанд. Ҳокштейн мегӯяд, барои хатми ҷанг "имконияти воқеӣ" мавҷуд аст.
"Ҳизбуллоҳ", ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, ҳам ҳизби сиёсист ва ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ.
Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро як созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Ҷангҷӯён дар Покистон камаш 11 нерӯи амниятиро куштаанд
Дар тирандозӣ ва таркиши мошини бомбгузоришуда камаш 11 нерӯи амниятии Покистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Артиши Покистон гуфт, ҳамла шоми 19-уми ноябр дар ноҳияи Банну дар вилояти ноороми Хайбар-Пахтунхоҳ рух дод.
Сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки садои тирпаронӣ то нисфи шаб шунида мешуд.
Гурӯҳи Ҳофиз Гул Баҳодур, як шохаи хурди “Толибон”-и Покистон, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.
Ин созмон дар баёнияаш иддао кардааст, ки 23 нерӯи амниятии Покистонро кушт.
Теъдоди қурбониёнро мустақилона тасдиқ кардан имконпазир нест.
Ин ҳамла замоне иттифоқ уфтод, ки раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Покистон роҳҳои мубориза бо хушунатҳои ҷангҷӯёнро дар Исломобод баррасӣ мекарданд.
"Путин ҷанг мехоҳад." Русия сиёсати ҳастаияшро дигар кард
Русия ба сиёсати ҳастаиаш дигаргунӣ даровард ва ба худаш ҳақ дод, ки дар сурати хатари ҷиддӣ ба “истиқлол ва амнияташ” аз силоҳи атомӣ истифода кунад. Владимир Путин тарҳи тағйирёфтаи доктринаи ҳастаиро рӯзи 19-уми ноябр имзо кард.
Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Ҷо Байден, президенти Амрико ба Украина ҳақ дод, ки бо мушакҳои дурзан ба хоки Русия ҳамла кунад.
"Онҳо нақшаи сулҳ пешниҳод накарданд. Шумо инро шунидед? Дар ин бора хондед? Танҳо ҳарф аз стратегияи силоҳи ҳастаӣ аст. Путин ҷанг мехоҳад,” – гуфт президенти Украина Владимир Зеленский.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Бразилия гуфт, ки умедвор аст, доктринаи ҳастаии кишварашро ҷиддӣ мегиранд.
Дар ҳуҷҷати пешинаи Русия гуфта мешуд, ки Маскав танҳо дар сурати ҳамла бо силоҳи ҳастаӣ аз ин навъи силоҳ барои посух кор мегирад. Ҳоло дар доктринаи нав омадааст, ки агар таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту истиқлоли Русия бошад ва ё ҳамлаи кишваре бо пуштибонии қудрати ҳастаӣ сурат бигирад, Маскав ҳаққи ҳамла бо бомби атомиро дорад.
Русия ва Амрико 88 дарсади силоҳи ҳастаии дунёро дар ихтиёр доранд. Мақомоти Амрико мегӯянд, онҳо ҳеч далеле барои тағйири сиёсати истифодаи силоҳи ҳастаиро намебинанд.
Киев моҳҳо боз аз кишварҳои ғарбӣ мехост, барояш иҷозаи ҳамла бо мушакҳои дурпарвоз ба дарунтари хоки Русияро диҳанд. Русия гуфта буд, Украина бе ширкати низомиёни ғарбӣ имкони истифодаи мушакҳои дурзанро надорад. Агар чунин ҳамла шуд, онро ҳамлаи НАТО арзёбӣ хоҳад кард.
Кейр Стармер, сарвазири Бритониё, мегӯяд, "ин як рафтори бемасъулиятонаи Русия ҳаст, ки кумакрасонии моро ба Украина дигар намекунад."
Ҳоло нигарониҳо аз фаро расидани як марҳилаи хатарзои ҷанги Русия дар Украина бештар шудааст. Ҷанге, ки Маскав ҳазор рӯз пеш сар кард ва то ҳанӯз идома дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳушдори сафорати Амрико дар Киев аз ҳамлаи эҳтимолӣ
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Киев хабар дод, ки дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҳавоӣ "маълумоти мушаххас" гирифт ва бинобар он рӯзи 20-уми ноябр кор намекунад.
Масъулони сафорат дар изҳороте аз кормандони худ ва шаҳрвандони дигари Амрико дар пойтахти Украина хостаанд, ки ҳангоми бонги хатар фавран ба паноҳгоҳҳо бираванд.
Дар изҳорот бе овардани тафсилот дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ гуфта шудааст, ки "сафорат аз рӯйи эҳтиёт рӯзи 20-уми ноябр баста мешавад".
Ба сабаби наздик шудани ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия субҳи чоршанбе дар чанд гӯшаи Украина, аз ҷумла Киев, аз ҳамлаи ҳавоӣ ҳушдор дода шуд.
Аз Олмон хостаанд, ки ба мақомоти Тоҷикистон фишор биорад
Намояндагони чор созмони байнулмилалӣ аз Олмон хостаанд, ки барои озодии ҳарчи зудтари Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ба мақомоти Тоҷикистон фишор биоранд.
Изҳороти Human Rights Watch, Freedom for Eurasia, Norwegian Helsinki Committee ва Abschiebungsreporting NRW рӯзи 20-уми ноябр нашр шуд.
Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон мезист. Бо вуҷуди нигаронӣ ва даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Олмон дархости паноҳандагияшро рад ва ӯро рӯзи 6-уми ноябр аз ин кишвари аврупоӣ берун карданд.
Чор созмони байнулмилалӣ дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Дилмурод Эргашев дар Душанбе ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд, аммо ба далели вазъи саломаташ феълан дар шифохона аст. Вай як рӯз пеш аз ихроҷаш аз Олмон раги даст ва пойи худро бурида буд.
Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, мегӯяд, Дилмурод Эргашев дар гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ширкат дошт ва “боздошти ӯ дар Душанбе гувоҳи ин аст”.
“Ҳабси Эргашев бояд ҳушдоре ба мақомоти Олмон бошад... то фиристодани фаъолони осоиштаи мухолифонро ба зиндон дар Душанбе билофосила бас кунад,” – афзуд ӯ.
Намояндагони чор созмонӣ байнулмилалӣ аз мақомоти Олмон хостаанд, шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. Кишваре, ки хатари шиканҷа шудан ба ӯ таҳдид мекард.
Дилмурод Эргашеви 40-сола рӯзи 28-уми октябр дар Олмон дастгир шуд. Ӯ сездаҳ соли охир дар ин кишвари аврупоӣ зиста, ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.
Дар ҳоле ки худаш, намояндагони мухолифон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ширкати ӯро дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин далел меоварданд, мақомоти Олмон онро кӯшиши барҷаста кардани парвандааш донистаанд.
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Тоҷикистон дар бозии дӯстона Афғонистонро шикаст дод
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар дувумин рақобати дустона мунтахаби миллии Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Ин бозӣ бо ҳузури 12 350 тамошобин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Голҳои Тоҷикистонро дар дақиқаҳои 11 ва 27 ва 70-ум Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров ба дарвозаи Афғонистон заданд. Ягона гол ба дарвозаи Тоҷикистон дар дақиқаи 37-ум зада шуд.
Дар дақиқаи 39-уми бозӣ Рустам Ятимов, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон корти сурх гирифт ва Тоҷикистон то поёни бозӣ даҳнафара бозиро идома дод.
Тоҷикистон дар бозии қаблии худ мунтахаби Непалро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд.
Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик -- барандаи ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ
Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик Манучеҳр Холиқназаров ва Жоля Порсӣ, ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон, барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шуданд. Бархе инро ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи башар меноманд.
Ғолибони ин ҷоиза рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария, эълон шуданд. Созмондиҳандагон гуфтанд, Холиқназаров ва Порсӣ ҳифзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба рисолати ҳаёти худ табдил доданд.
Ин ду нафар "бо вуҷуди кор дар муҳити саркӯбгарона, ҷасорати истисноӣ ва қатъият нишон доданд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоштанд".
Жоля Порсӣ, як омӯзгор аз шаҳри Кобул аст, ки борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи "Толибон" болои занон эътироз кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати "Толибон" ба Порсӣ иҷозаи сафар ба Швейтсария медиҳад ё не.
Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ӯро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро беасос донистанд.
Чин эътироф кард, ки як шаҳрвандаш дар Тоҷикистон кушта шудааст
Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаи мусаллаҳонаро ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сахт маҳкум карда, аз Душанбе хостааст, ки ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ кунад.
Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми ноябр бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки бар асари ҳамла дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон) як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар (чор чинӣ ва як сокини маҳаллӣ) захмӣ шуданд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд, Пекин хабарро тасдиқ кард.
Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.
Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд. Хабаргузории “Франс Пресс” навишт, ки кормандони сафорати Чин дар Душанбе барои таҳқиқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки чиниҳо дар дараи Зарбуз корҳои иктишофӣ анҷом медоданд. Дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон корхонаи нави тило номнавис шудааст.
Ду манбаи огоҳ аз қазия гуфтанд, ҳамла "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст. Ангезааш маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар гузашта дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гаравгонгирӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва сарҳадбонҳо сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки дар пайи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин кушта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.
Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти Тоҷикистон аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Онҳо соли 2023 аз чанд мавриди убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми августи соли гузашта аз кушта шудани се узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи мустақил мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.
Изҳороти Колоколтсев дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, гуфт, ки қонуншикании муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар камтар шудааст.
Ҳамзамон, ба қавли ӯ, ҷиноят ба зидди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия коҳиш ёфтааст, ҳарчанд, аз моҳи марти имсол ба ин тараф гузоришҳо дар бораи латукӯби коргарони тоҷик ва бадрафторӣ бо онҳо зиёд садо медиҳанд.
Колоколтсев дар ин бора рӯзи 18-уми ноябр дар ҷаласаи якҷояи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия дар Маскав сухан кард.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекард.
Дар хабари Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта шудааст, ки ду ниҳод аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, барои тақвияти мубориза бо ин навъи ҷиноят ба созиш расиданд.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус”, ки мақомоти Русия муҳоҷирони тоҷикро ба тарҳрезӣ ва иҷрои он муттаҳам мекунанд, бадрафтории мақомоти интизомии Русия бо муҳоҷирони тоҷик афзудааст.
Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа аз ҳамтоёни худ дар Русия хостаанд, ки ба озору азияти шаҳрвандон хотима бидиҳанд. Баъзе аз муҳоҷирон бидуни зикри номашон мегӯянд, вазъ ҳанӯз дигар нашудааст.
Пулис гирдиҳамоии норозиёнро дар Тбилиси бо хушунат пароканда кард
Пулиси Гурҷистон рӯзи 19-уми ноябр гирдиҳамоии эътирозиеро, ки чанд рӯз боз дар Донишгоҳи давлатии Тбилиси (Тифлис) идома дошт, бо хушунат пароканда кард ва хаймаҳои онҳоро бардошт.
Чанд нафар дастгир шудаанд. Дар миёни онҳо Серги Барамидзе, наворбардори шабакаи мухолифи "Мтавари" низ ҳаст. Ӯро зада, дастгоҳи наворгирияшро шикастаанд.
Гирдиҳамоии эътирозӣ ба муқобили натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ташкил шуда буд.
Интихобот рӯзи 26-уми октябр гузашт. "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими тарафдори Русия, ки аз соли 2012 дар сари қудрат аст, дар ин маърака пирӯз эълон шуд.
Президент Саломе Зурабишвили ва намояндагони мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб хонда, натиҷаҳоро напазируфтанд.
Норозиён талаб доранд, ки интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон аз нав баргузор шавад.
Ду кишвари аврупоӣ аз мардум хостаанд, ба буҳрон омода бошанд
Ба миллионҳо сокини Шветсия рӯзи 18-уми ноябр дастуре фиристодаанд, ки чӣ гуна ба ҷанги эҳтимолӣ омода шаванд.
Финландия торнамои наверо фаъол кард, ки ҳадафи он тайёр кардани шаҳрвандон ба ҳолати буҳрон ё низоъ мебошад.
Микаэл Фриселл, мудири Оҷонси ҳолатҳои фавқулодаи Шветсия, гуфт: "Вазъи амниятӣ ҷиддӣ аст. Ҳамаи мо бояд устувории худро барои муқобила бо буҳронҳо ва дар ниҳоят ҷанг тақвият бахшем".
Дастурҳоро ба шведӣ, англисӣ, арабӣ, форсӣ, украинӣ ва забонҳои дигар паҳн кардаанд.
Шветсия ва Финландия, ки солҳо аз ҳамроҳӣ бо НАТО худдорӣ меварзиданд, баъд аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар соли 2022, ба Паймони низомии Атлантики Шимолӣ пайвастанд.
Марги 6 каси дигар дар ҳамлаи нави Русия ба Сумӣ
Дар ҳамлаи нави Русия ба минтақаи Сумии Украина шаш нафар, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд.
Маъмурияти низомии минтақа рӯзи 19-уми ноябр дар бораи 12 захмӣ дар ин ҳодиса хабар дод.
Ҳамла шабона ба хобгоҳе дар шаҳри Ҳлухив сурат гирифтааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, амалиёти наҷот ҳамоно идома дорад. Эҳтимол меравад, ки баъзе аз одамон дар зери вайронаҳо мондаанд.
Дар ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Сумӣ рӯзи 18-уми ноябр ёздаҳ нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта ва 89 кас маҷруҳ шуданд.
Суми дар 40-километрии сарҳади Украина бо Русия ҷойгир аст.
"Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ" дар Душанбе
“Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин маърака имкон медиҳад, ки хоҳишмандон бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ шинос шаванд ва роҳи ояндаи худро интихоб кунанд.
Cумая Халилзода, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, 18-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин намоишгоҳ омадааст, то макони таҳсилашро дар оянда интихоб кунад. “Инҷо барои интихоби донишгоҳ омадаам ва якчанд донишгоҳро дидам. Яке аз онҳо Донишгоҳи рушди менеҷменти Сингапур аст. Яке аз бахшҳояш дар шаҳри Тошканди Узбекистон мебошад”, - изҳор дошт ӯ.
Намоишгоҳи “Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” ҳар сол аз сӯи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ва бо ташаббуси Вазоратҳои хориҷӣ ва маорифи Амрико баргузор мешавад.
“Довталабони тоҷик чи дар бахши илм ва чи касбомӯзӣ самтҳои гуногунро интихоб мекунанд. Аз қабили ҳунар, илмҳои гуманитарӣ, риёзӣ ва муҳандисӣ”, - изҳор дошт Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе рӯзи 18-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бештари меҳмонони намоишгоҳ хонандагони мактабҳои миёна ҳастанд, ки мехоҳанд таҳсилро дар хориҷа идома диҳанд. Исмоил Юнусов, хонандаи дигар аз шаҳри Душанбе, мехоҳад, таҳсилашро дар донишгоҳҳои Бритониё, Амрико ва Чин идома диҳад, чун ба гуфтаи ӯ, “низоми маорифи ин кишварҳо пешрафтатар аст”.
Сафорати Амрико дар Душанбе чунин барномаҳоро барои дастгирии роҳбарони оянда дар саросари дунё ва табодули таҷриба миёни намояндагони фарҳангҳои гуногун муфид меномад.
“Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ” дар Тоҷикистон имсол аз 18 то 22-юми ноябр идома мекунад ва дар он донишгоҳҳои маъруфи Амрико, Бритониё, Ҷопон, Фаронса ва Олмон ширкат доранд.
Аз тариқи барномаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор сокини Тоҷикистон дар Амрико омӯзиш дидаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар бештар аз 40 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.
Видеоро дар ин ҷо бинед: