Ӯ нахустин раҳбари пешини як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аст, ки роҳии зиндон мешавад. Саркози ҳамчунин аввалин раисҷумҳури Фаронса аст, ки пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҳабс мешавад.
Саркози ки солҳои 2007-2012 президенти Фаронса буд, чанд ҳафта пеш ба иттиҳоми дарёфти пул аз Маъмар Қаззофӣ, раҳбари пешин ва кушташудаи Либия барои маъракаи интихоботие, ки 18 сол пеш боиси пирӯзии ӯ шуд, гунаҳкор шинохта шуд.
Хабарнигорони хабаргузории "Франс-пресс" мушоҳида карданд, ки Саркозии 70-сола субҳи 21 октябр дар ҳоле, ки ба ҳукми додгоҳ эътироз мекард, хонаашро тарк кард ва пас аз тай кардани масофаи кутоҳе, бо ҳамроҳии пулис вориди яке аз зиндонҳои пойтахти Фаронса шуд.
Хабарнигорони хабаргузории "Франс пресс" ҳамчунин гузориш додаанд, ки шуниданд, зиндониён аз пушти панҷараҳо фарёд мезаданд, "Хуш омадӣ, Саркозӣ" ва "Саркози инҷост".
Бо ин ҳол, Саркози дар паёме, ки ҳангоми интиқол ба зиндон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ҳар гуна қонуншиканиро рад намуд. Ӯ дар шабакаи Х навишт, "имрӯз, субҳ як раисҷумҳури пешин ба зиндон намеравад, балки як марди бегуноҳ зиндонӣ мешавад".
Ба гузориши хабаргузориҳо, даҳҳо нафар аз тарафдорон ва аъзои хонаводаи Саркози, ки аз субҳи барвақт дар назди хонаи ӯ ҷамъ омада буданд, ҳангоми хуруҷи вай аз хона ҳамроҳи ҳамсараш Карла Бруни фарёд мезаданд, "Николаро озод кунед".
Кормандони зиндон ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтаанд, ки Саркози эҳтимолан дар бахши инфиродии зиндон нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи онҳо, ин кор аз тамос бо дигар зиндониён ё гирифтани акс аз ӯ бо телефонҳои ҳамроҳи қочоқшуда, пешгирӣ хоҳад кард.
Дар утоқи инфиродӣ зиндониён рӯзона як бор иҷоза доранд ба танҳоӣ дар ҳавлии хурди зиндон қадам зананд. Саркозӣ ҳамчунин ҳафтае се бор иҷозаи мулоқот хоҳад дошт.
Саркози аз замони шикаст дар интихоботи 2012 бо чанд мушкили қонунӣ рӯбарӯ шуд ва дар ду парвандаи алоҳида маҳкум шудаст.
Дар яке аз онҳо, ӯ бинобар фасоди молӣ таҳти боздошти хонагӣ қарор дошт.
Саркози пештар низ бинобар маҳкумияти қаблӣ дар парвандаи фасод, аз баландтарин нишони ифтихории Фаронса, Legion of Honour, маҳрум шуда буд.
Гуфтугӯ