Намояндагони идораи ҷангал дар минтақаи Кӯлоб барои шикори гург ҷоиза эълон намудаанд ва шикори хукро бемаҳдуд кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки саршумори ин ҷонварон аз 5 ба 7 ҳазор сар расидааст.
Хайриддин Маҳмадшоев, ҷангалбоне дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар шаҳрвандон як хукро шикор кунанд барояшон имкони шикори як гург дода мешавад. "Пуст ва нохуни гургро оварда ба идораи ҳифзи муҳити зист месупоранд ва 70-80 сомонӣ туҳфа мегиранд".
Ин тасмим дар пайи шикояти сокинон гирифта шудааст, ки гургҳо ба чорвояшон ҳамла мекунанд ва галаи хукҳо киштзорҳояшонро хароб кардаанд. Маъмулан тирамоҳ ҷангалбонҳо саршумори тахминии ҷонваронро эълон мекунанд. Дар пасманзари иҷозаи шикори хуку гург ҷангалбонҳо аз афзоиши ҷонварони нодири дигар низ хабар доданд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷангалбонҳо се ҳазор бузи нодири морхур ҳисоб кардаанд. Онҳо тахмин мезананд, ки шумораи кабк ба 16 ҳазор расидааст. Сабаби афзоишро дар кам шудани шикори ғайриқонунӣ медонанд.
Ҷангалбон Хайриддин Маҳмадшоев мегӯяд, ҷарима барои шикори ғайриқонунӣ вазнин шуд ва назорати хуб боис шуд, ки шумораи ҷонварони нодир то 20 дарсад зиёд шавад.
Видеоро инҷо бинед:
То даҳ сол пеш шумораи чунин ҷонварону парандагони нодир рӯ ба нест шавӣ дошт. Ҳоло аз афзоиши ҳамагуна ҷаонварони нодир хабар медиҳанд. Бузи Морхур, кабк, хирс, бабри барфӣ ва амсоли онҳо дар китоби сурх шомиланд. Барои иҷозаи шикори бузи морхур беш аз 400 ҳазор сомонӣ ба давлат месупоранд. Як сабаби дигари афзоиши ҳайвоноту парандагонро дар ташкили мумнунгоҳ медонанд. Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб мамнунгоҳи “Дашти ҷум” ва “Сарихосор” фаъол аст.
Ҷангалбонҳо бовар доранд, ки дар оянда низ шумораи ин ҳайвонот афзоиш хоҳад ёфт. Аммо эътироф карданд, ки шикорҳои пинҳонӣ ҳам ҳанӯз аз байн нарафтааст. Қонунгузорӣ ҷаримаи бузурге барои шикори ғайриқонунии ҳавоноти нодир пешбинӣ кардааст.
Имсол мақомоти Тоҷикистон барои шикори 20 сар морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза додаанд.