Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҳамдуллоҳ Фитрат: Робитаи "Толибон" бо Тоҷикистон хуб мешавад

Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯйи ҳукумати "Толибон"
Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯйи ҳукумати "Толибон"

Як намояндаи ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, ин гурӯҳ дар пайи он аст, ки бо Тоҷикистон равобити хуб барқарор кунад.

Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯйи “Толибон”, бе овардани ҷузъиёт гуфтааст, рӯзҳои охир миёни ду ҷониб гуфтугӯҳо анҷом шуд.

Ба гузориши телевизиони "Тулуъ Нюс", муовини сухангӯйи "Толибон" гуфтааст, намояндагони ин гурӯҳ бо ҷониби Тоҷикистон дидор доштаанд. Ҳамдуллоҳ Фитрат мушаххас нагуфтааст, ки бо кӣ вохӯрданд.

Пештар Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати "Толибон" низ эълом карда буд, ки равобити Кобул ва Душанбе рӯ ба беҳбуд аст.

Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ҳукумати "Толибон"-ро сахт танқид мекунад.

Ҳарчанд моҳи августи имсол расонаҳои Афғонистон аз сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон ва дидораш бо мақомҳои ҳукумати "Толибон" гузориш доданд, аммо Душанбе ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накард.

Тоҷикистон ба Қазоқистон барқ мефурӯшад. Бо кадом шартҳо?

Ҳукумати Тоҷикистон ҷузъиёти шартномаи фурӯши барқи неругоҳи "Роғун"-ро ба Қазоқистон нашр кардааст.

Дар нусхаи ин санад, ки Радиои Озодӣ 19-уми ноябр бо он шинос шуд, омадааст, барқи "Роғун" ба Қазоқистон, "танҳо дар соатҳои норасоии нақшавӣ" дар шимолу ҷануби Қазоқистон интиқол дода мешавад.

Ҳаҷми интиқоли барқ аниқ нест ва он тахминӣ аст. Ду тараф дар ин бора ӯҳдадории аниқе нагирифтаанд. Нархи як киловат барқи неругоҳи "Роғун" барои Қазоқистон, 3,4 сент ё 36 дирам пешбинӣ шудааст.

Муҳлати амали созишнома 20 сол буда, Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонанд боз онро барои даҳ соли дигар тамдид кунанд. Дақиқ нест, ки интиқоли барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" барои Қазоқистон кай оғоз мешавад.

То имрӯз ду чархаи ин неругоҳ ба кор даромадааст ва мақомот гуфтанд, чархаи сеюм соли 2025 фаъол мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳад ба Қазоқистон барқ фурӯшад, ки дар дохили кишвар сокинон бо маҳдудият ё лимит барқ мегиранд.

Бахусус сокинони деҳот, ки 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, сар аз моҳи октябр шабонарӯз танҳо 8 соат бо барқ таъминанд.

Мавзӯи фурӯши барқ ба хориҷ, бахусус ба Афғонистон қаблан баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

Алишер Идизода дар ҲДТ ҷойгузини Аҳмадшоҳ Комилзода шуд

Алишер Идизода
Алишер Идизода

Алишер Идизода, хабарнигор ва бародари шоиру рӯзноманигор Искандари Хатлонӣ, муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд.

Интихоби ӯ рӯзи 18-уми ноябр дар ҷаласаи Шурои сиёсии ҳизб сурат гирифтааст.

Идизода дар ин мақом Аҳмадшоҳ Комилзодаро иваз кард. Комилзода аз моҳи июни имсол дар доираи парвандаи "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар боздошт аст.

Дар аввали моҳи майи имсол гурӯҳе, ки худро узви Ҳизби демократ медонистанд, дар ҷаласае раҳбари он Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва ба ҷояш Шаҳбози Аброр, рӯзноманигор ва молики чанд расонаи чопиро раҳбар интихоб карданд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, ки то он вақт муовини Усмонзода дар ҳизб буд, дар ҳамин анҷуман муовини аввали Шаҳбози Аброр интихоб шуд. Саидҷаъфар Усмонзода то замони боздошт шуданаш ин анҷуман ва раёсати нави ҳизбро ғайриқонунӣ медонист.

Аҳмадшоҳ Комилзода бо Шаҳбози Аброр
Аҳмадшоҳ Комилзода бо Шаҳбози Аброр

Комилзода дар поёни солҳои 90-ум узви раёсати созмони “Растохез” ва мудири Телевизиони Тоҷикистон буд. Соли 1993 ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар боздошт шуд ва муддатеро дар зиндон сипарӣ кард. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ташкили Кумисюни оштии миллӣ сухангӯйи ин Кумисюн буд. То соли 2011 хабарнигори “Садои Амрико” дар Тоҷикистон буд.

навшуда

4 соли дигар. Ҳукми нави Чоршанбе Чоршанбиев дар мурофиаи пӯшида

Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Размикори саршиноси бозиҳои Якҳарбаи омехта (ММА) Чоршанбе Чоршанбиеви 29-сола, ки аз соли 2022 ба ин сӯ бо ҳукми ҳаштуним сол зиндон дар маҳбас аст, дар як мурофиаи пӯшида боз ба 4 соли дигари ҳабс маҳкум шудааст.

Дар ин бора бори аввал рӯзноманигор Анора Саркорова хабар дод. Ду манбаи Радиои Озодӣ низ рӯзи 18-уми ноябр хабарро тасдиқ карданд.

Дар ҳоле ки ӯро ба вайрон кардани низоми зиндон гунаҳкор донистаанд, як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, “Чоршанбе Чоршанбиев дар маҳбас вориди занозанӣ шудааст”.

Тафсилоти бештар маълум нест, вале қаблан иттилоъ расида буд, ки Чоршанбе Чоршанбиев аз маҳбаси Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шудааст.

Ӯро дар соли 2022 бо айбномаи даъватҳои оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон маҳкум карда буданд, вале худаш ва наздиконаш ин иттиҳомро рад кардаанд.

Чоршанбе Чоршанбиевро дар моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳоми ҳаракати хатарзо бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ба Тоҷикистон ронд.

Дар Тоҷикистон ӯро бо гумони барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет дастгир карда, дертар иттиҳоми аввалро бардоштанд. Қазияи Чоршанбе Чоршанбиев вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва чанде аз варзишгарони муҳорибаҳои омехта аз Русия хоҳони озодии ӯ шуданд.

Далели асосии мақомот як навори суханронии Чоршанбиев дар бораи воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон аст. Дар он ҳодиса се кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Мақомот Чоршанбиевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки размикор мардумро ба муқобили ҳукумат даъват кардааст. Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород қаблан гуфта буд, ки "дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад."

Ҳашт сол зиндон – ҳукми раиси пешини "Маркази Сахаров"

Сергей Лукашевский
Сергей Лукашевский

Додгоҳи Русия раиси пешини "Маркази Сахаров" Сергей Лукашевскийро, ки берун аз кишвараш қарор дорад, ба ҳашт сол зиндон маҳкум кард.

Ҳукм рӯзи 18-уми ноябр эълон шуд.

Додгоҳ Лукашевскийро бар асоси панҷ навиштааш дар Фейсбук, ки ҷиноятҳои ҷангии нерӯҳои Русияро дар Украина маҳкум мекард, ба пахши "ахбори дурӯғ" дар бораи артиши Русия гунаҳкор донист.

"Маркази Сахаров" соли 1996 бо ҳадафи ҳифзи мероси физики барҷастаи рус, барандаи ҷоизаи Нобел, ҳомии ҳуқуқи башар Андрей Сахаров боз шуда буд.

Додгоҳи Маскав дар моҳи августи соли 2023 онро барҳам дод. Далелаш ҳам тамаркузи осорхона ба вазъи ҳуқуқи одамон дар Русия буд.

Сергей Лукашевский дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 ин кишварро тарк кард.

Кремл гуфтааст, Вашингтон "ба оташ равған рехт"

Владимир Путин ва Ҷо Байден, коллаж
Владимир Путин ва Ҷо Байден, коллаж

Кремл раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки бо лағви маҳдудиятҳо дар мавриди истифода аз мушакҳои дурпарвоз "ба оташ равған рехт" ва дар пайи ташдиди низоъ дар Украина аст.

Изҳороти Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 18-уми ноябр садо дод.

Ба гузориши расонаҳо аз 17-уми ноябр, Ҷо Байден ба Украина иҷоза додааст, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба дарунтари хоки Русия ҳамла кунад.

Қаблан дархости батакрори Украина дар ин маврид беҷавоб монда буд.

Чанд мақоми амрикоӣ ба хабаргузории “Reuters” гуфтаанд, Амрико ин иҷозаро пас аз он дод, ки Русия сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанг ҷалб кард.

Нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон “пеш аз муҳлат” иҷро шудааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш, ки моҳи октябри имсол оғоз шуда буд, "пеш аз муҳлат" иҷро гардид. Дар гузашта дар мавсими даъвати ҷавонон ба хидмат шикоятҳо аз "сарбозшикор"-и ҷавонон бештар садо медод.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорат, 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “нақша ду рӯз пеш сад дар сад иҷро шуд”.

Дар Тоҷикистон соле ду давра – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака олуда ба хабари “облава” ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон мебошад.

Баъзе аз волидон имсол шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.

Аксарият далели фирор аз артишро ба шароити нохуб ва “дедовишина” пайванд медиҳанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябр дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии КДАМ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".

"Не ҷанг, не Путин!" Эътирози садҳо нафар дар Берлин

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний. Берлин, 17-уми ноябри 2024
Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний. Берлин, 17-уми ноябри 2024

Тақрибан ду ҳазор зодаи Русия, аз ҷумла мухолифони президенти Русия Владимир Путин ва ҷанги идомадори ӯ дар Украина, рӯзи 17-уми ноябр дар Берлин гирдиҳамоӣ карданд.

Бархе дар даст шиорҳои "Не ҷанг, не Путин!", "Путин хоин", "Русия бидуни Путин" ва "Нест бод ҷанг" доштанд.

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, раҳбари пешини мухолифон, дар ин гирдиҳамоӣ Путинро "қотил" номид. Алексей Навалний моҳи феврали имсол дар зиндоне дар Русия ба таври мармуз даргузашт.

Владимир Кара-Мурза ва Иля Яшин, сиёсатмадорони мухолиф, низ роҳпаймоёнро ҳамроҳӣ доштанд. Онҳо тобистони имсол ҳангоми табодули маҳбусон байни Маскав ва Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ аз боздошт дар Русия озод шуданд.

Эътирозгарон дар баёнияе хуруҷи фаврии нерӯҳои Русия аз Украина, муҳокимаи Владимир Путин ҳамчун ҷинояткори ҳарбӣ ва раҳоии тамоми зиндониёни сиёсиро дар Русия талаб кардаанд.

Ҳамлаи Русия ба Сумӣ 11 касро кушт ва 89 нафарро маҷруҳ кард

Пайомади ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Сумии Украина
Пайомади ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Сумии Украина

Мақомоти Украина рӯзи 18-уми ноябр хабар доданд, ки дар ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Сумӣ 11 кас кушта ва 89 нафар маҷруҳ шуд. Маркази маъмурии Сумӣ бе барқ ​​мондааст.

Ин шаҳр дар 40-километрии сарҳади Украиа бо вилояти Курски Русия ҷойгир аст.

Иҳор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, гуфт, дар миёни кушташудаҳо дар Сумӣ ду кӯдак низ ҳастанд.

Зиёда аз 400 нафар аз бино берун карда шудаанд.

Сафорати Украина дар Тоҷикистон ҳамлаи Русияро ба Сумӣ маҳкум кард. Сафир Валерий Евдокимов дар баёнияе дар Фейсбук навишт, "Маскав мехоҳад, ки мо ҳаросем ва маҷбур мекунад, ки таслим шавем, лекин мо дар мубориза барои истиқлол боз ҳам қатъитар мегардем."

Ҳамла ба зербиноҳои ғайринизомӣ ҷинояти ҷангӣ ҳисобида мешавад. Маскав нишон гирифтани хонаҳои мардуму мактаб ва бемористону истгоҳҳои бақриро дар Украина ҳамвора рад мекунад.

Зарбаҳои густурдаи Русия ба Украина дар ҳоле сурат гирифт, ки ба гузориши расонаҳо раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Киев иҷоза додааст, бо истифода аз мушакҳои дурпарвоз ба дохили Русия ҳамла кунад.

Расонаҳо: ИМА ба Украина иҷоза додааст, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба Русия зарба занад

Мушаки ATACMS
Мушаки ATACMS

Баъзе расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки раисҷумҳур Ҷо Байден маҳдудиятҳои истифода аз силоҳҳои амрикоиро барои Украина бекор кардааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, пас Украина дар ниҳоят имкон пайдо мекунад бо мушакҳои дурпарвоз ба дохили Русия зарба занад.

Хабари бекор шудани маҳдудияти истифодаи силоҳро барои Украина, рӯзи 17-уми ноябр нашрияҳои The New York Times, «Вашингтон Пост», хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс ва Ройтерс бо такя ба манобеи худ нашр карданд.

Кохи Сафед ин хабарро шарҳ надодааст ва ба дархостҳои Радиои Озодӣ низ фавран посух надод. Шӯрои Амнияти Миллӣ низ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард.

Вале агар ин хабар тасдиқ шавад, тағйироти ҷиддие дар сиёсати Амрико хоҳад буд. Ҳукумати Украина чанд моҳ аст, ки аз муттаҳидони ғарбиаш, бахусус Амрико дархост дорад, иҷозат диҳанд бо силоҳҳои гирифтааш ба дохилтари хоки Русия ҳамла кунад. Аммо кишварҳои ғарбӣ барои бадтар нашудани вазъ, ин иҷозаро надода буданд.

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ин хабарро расман тасдиқ накард, аммо гуфт, яке аз бахшҳои асосии «нақшаи пирӯзи»-и ӯ, ки ба муттаҳидонаш пешниҳод кард, ҳамла ба дохили Русия бо мушакҳои дурпарвоз мебошад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки Киев қасд дорад нахустин ҳамларо бо мушакҳои дурпарвоз дар чанд рӯзи оянда анҷом диҳад. Аммо ин хабаргузорӣ ҷузъиёти бештари инро нашр накардааст.

“Ройтерс” бо такя ба се манбаи огоҳ аз ин масъала гуфтааст, ки Украина эҳтимол аз мушакҳои ATACMS истифода хоҳад кард, ки бо он мешавад, ба мавқеи душман дар масофаи то 300 километр ҳамла кард.

"Чиптаи Бонки Шӯхӣ." Ҳушдори мақомот аз пулҳои қалбакӣ

Акси пулҳои қалбакӣ аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон аст
Акси пулҳои қалбакӣ аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон аст

Бонки миллии Тоҷикистон баъди паҳн шудани чанд навори пулҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз шаҳрвандон хост, ки дар вақти додугирифт эҳтиёткор бошанд.

Чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус ронандагони таксӣ шикоят кардаанд, ки муштариён ба онҳо пулҳои қалбакӣ додаанд. Дар ин пулҳо, ба ҷойи Бонки миллии Тоҷикистон, "Чиптаи бонки Шӯхӣ" навишта шудааст.

Бонки миллӣ бидуни овардани номи касе навиштааст, "баъзе ашхос ё гурӯҳ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд.”

Дар хабарномаи Бонки миллӣ аз рӯзи 15-уми ноябр омадааст, пулҳои аслиро бо чанд роҳ, аз ҷумла нишонаи обӣ ва риштаи ҳимоявӣ аз пулҳои қалбакӣ мешавад фарқ кард.

Як зани 54-сола дар Хатлон барои азияти 5 наберааш боздошт шудааст

Пулиси Хатлон акси ин зан бо наберагонашро нашр кардааст.
Пулиси Хатлон акси ин зан бо наберагонашро нашр кардааст.

Як зан бо ҷурми азияти панҷ набераи хурдсолаш дар Хатлон боздошт шудааст.

Рӯзи 16-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки дар он зане панҷ кӯдаки хурдсолро бо химча дар хонае дароварда мезанад. Кӯдакон, ки рӯи фарш хобидаанд, дод мезананд ва зора мекунанд, ки онҳоро назанад. Корбарон аз мақомот талаб карданд, ки ин занро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки сокини 54-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо гумони "муносибати дағалона, мавриди азобу шиканҷа қарор додан ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакони хурдсол" боздошт кардааст.

Кӯдаконе, ки дар навор сабт шудаанд, зоҳиран аз 3 то 7 сола ҳастанд.

РВКД гуфтааст, ки рафтори ин зан таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз маълум нест, ки чаро ӯ нисбат ба наберагонаш чунин рафтор кардааст.

Назари худи ин зан низ ба расонаҳо дастрас нашудааст.

Дар як соли ахир чанд бор навори озору азияти кӯдакон аз ҷониби бузургсолон расонаӣ шуд. Мақомот аз боздошти онҳо хабар доданд, вале дар бештари маврид онҳо бо ҷарима ва ҷазои сабук раҳо шуданд.

Русия бо беш аз 200 мушаку паҳбод ба Украина ҳамла кард

Оташи пас аз ҳамлаи Русия ба вуҷудомадаро хомуш мекунанд.
Оташи пас аз ҳамлаи Русия ба вуҷудомадаро хомуш мекунанд.

Шаби 17-уми ноябр Русия бо беш аз ду сад мушаку паҳбод ба хоки Украина ҳамла кард.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки русҳо бо 120 мушак ва 90 ҳавопаймои бесарнишин сохторҳои барқрасониро нишон гирифтанд. Сохтори дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар 140 мушакро сарнагун кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар ин ҳамла русҳо мушакҳои дурпарвози "Калибр" ва "Кинҷал"-ро низ истифода кардаанд.

Дар тамоми хоки Украина бонги хатар садо дод ва таркишҳо дар аксар вилоятҳои Русия мушоҳида шудааст.

Дар Николаев ду зан кушта ва шаш тан маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Харков ва Днепр низ захмиён ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Ҳанӯз шумораи пурраи захмиёну кушташудаҳои шаби гузашта маълум нест.

Андрей Сибига, вазири корҳои хориҷии Украина дар шабакаи Х навиштааст, ки ин ҳамла бузургтарин ҳамлаи Путин ба сохторҳои барқрасонии кишвараш буд.

Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, ки ба корхонаҳои низомии Украина ҳамла кардааст.

Русия наздик ба се сол аст, ки дар Украина ҷанг мекунад.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил даҳҳо фаластинӣ кушта шудааст

Дар Ғазза аз ҳама бештар занону кӯдакон кушта шудаанд.
Дар Ғазза аз ҳама бештар занону кӯдакон кушта шудаанд.

Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаҳои Исроил дар ду рӯзи охир дар Ғазза кушта шудаанд.

Субҳи рӯзи 17-уми ноябр Исроил ба як бинои баландошёна ҳамла кард, ки дар он занону кӯдакон зиндагӣ мекарданд.

Пизишкони маҳаллӣ дар Байт Лаҳияи Ғазза ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки ҳанӯз шумораи кушташудаҳо дақиқ нест, вале “қурбониён хеле зиёд аст”.

Дар биное, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Исроил хароб шудааст, ҳудуди 70 нафар зиндагӣ мекардааст.

Рӯзи гузашта Исроил ба як мактаб дар паноҳгоҳи фаластиниён ҳамла кард, ки онҷо даҳ нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаҳои Исроил дар беш аз як соли гузашта дар Ғазза аз ҳама бештар занону кӯдакон кушта шудаанд.

Исроил мегӯяд, ҷангҷӯёни ҲАМОС-ро нобуд карданӣ ҳаст, ки 7-уми октябри соли 2023 беш аз 1200 исроилиро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.

Рӯи раиси Комиссияи интихоботии Гурҷистонро "сиёҳ карданд"

Давид Киртазде, аз Ҳизби мухолифи Ҳаракати ваҳдати миллӣ бар рӯи Георгий Каландаришвилӣ ранги сиёх пошид.
Давид Киртазде, аз Ҳизби мухолифи Ҳаракати ваҳдати миллӣ бар рӯи Георгий Каландаришвилӣ ранги сиёх пошид.

Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 26-уми октябрро тасдиқ кард.

Бар асоси натиҷаҳо, ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷиҳо” бо касби 54 дар сади раъйи мардум 89 курсии порлумонро ба даст овард, ки бештар аз нисфи курсиҳои порлумон аст. Порлумони Гурҷистон 150 курсӣ дорад. Ҷунбишу созмонҳои мухолифи давлат дар умум 61 курсиро соҳиб шудаанд.

Ҳангоми ҷаласаи комиссияи интихоботӣ байни Георгий Каландаришвилӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Давид Киртазде, аз Ҳизби мухолифи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ҷанҷол бархост ва сиёсатмадори мухолиф бар рӯи раиси комиссия ранги сиёҳ пошид.

Аҳзоби мухолиф иддао доранд, ки интихоботи порлумонӣ олуда ба тақаллуб будааст ва тарафдорони онҳо рӯзи 16-уми ноябр бо баргузории тазоҳурот талаб доштанд, ки ин корзори сиёсӣ аз нав баргузор шавад. Ҷомеаи байналмилал ҳам аз Гурҷистон хостааст, иддаоҳо дар бораи тақаллуб дар интихоботро одилона таҳқиқ кунад.

Мудири IAEA аз иншооти ғанисозии ураниум дар Эрон дидан кардааст

Рафаэл Гроссӣ аз тарафи чап дар назди таъсисоти ғанисозии ураниум дар Натанз дар рӯзи 15-уми ноябр.
Рафаэл Гроссӣ аз тарафи чап дар назди таъсисоти ғанисозии ураниум дар Натанз дар рӯзи 15-уми ноябр.

Рафаэл Гроссӣ, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз муҳимтарин иншооти ғанисозии ураниум дар шаҳрҳои Фордо ва Натанзи Эрон дидан кардааст. Дар ин бора матбуоти давлатии Эрон рӯзи 15-уми ноябр хабар доданд, вале ҷузъиёти зиёде нагуфтаанд.

Ҳукумати Эрон назорат бар иншооти ғанисозии ураниумро маҳдуд кардааст ва чанде аз нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро ба онҳо роҳ надодааст.

Рафаэл Гроссӣ барои мутақоид кардани Эрон ба музокирот сари барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар рафтааст ва мегӯяд, “фазо барои ин музокирот тангтар мешавад”.

Теҳрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ва ғанисозии ураниум бо ҳадафҳои осоишта ба роҳ монда шудаанд, вале кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад.

Сафари Рафаэл Гроссӣ дар остонаи нишасти мудирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ сурат мегирад, ки баъзе аз аъзои он хостаанд, ки ба зидди Эрон барои ин барномаҳояш “чора андешида шавад.”

Нерӯҳои Русия ҳамлаи васеъмиқёсеро ба Купянск оғоз кардаанд

Шаҳри Купянск пас аз ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми октябри соли 2024.
Шаҳри Купянск пас аз ҳамлаи Русия дар рӯзи 24-уми октябри соли 2024.

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия ҳамлаи васеъмиқёсеро ба шаҳри Купянск дар шимоли Украина оғоз кардаанд. Пештар аз ин онҳо сафи муҳофизатии нерӯҳои Украина дар шимоли ин шаҳрро рахна карда буданд.

Сарбозони украинӣ ҳафтаҳо боз барои монеъ шудан ба пешравии нерӯҳои Русия муқовимат доштанд, ки ба оҳистагӣ дар роҳҳои иртиботӣ дар шимол, шарқ ва ҷануби Купянск ба пеш ҳаракат мекарданд.

Шаҳри Купянск дар вилояти Харковро нерӯҳои Украина тирамоҳи соли 2022 аз дасти нерӯҳои Русия гирифтанд ва таҳти назорат доштанд. Аввали ҳафта воҳидҳои хурди низомии Русия ба канораҳои шимолии Купянск ворид шуданд, ҳарчанд фармондеҳони украинӣ иддао доштанд, ки ҳамлаҳои онро рафъ кардаанд.

Гуфтугӯи Шолтз ва Путин раиси ҷумҳури Украинаро нигарон кард

Гуфтугуи Шолз ва Путин мояи нигаронии Зеленский шуд.
Гуфтугуи Шолз ва Путин мояи нигаронии Зеленский шуд.

Олаф Шолтз, садри аъзами Олмон рӯзи 15-уми ноябр бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия телефонӣ сӯҳбат карда, аз ӯ хостааст, ки ба ҷанг дар Украина поён диҳад ва дар бораи “сулҳи одилона ва пойдор” бо ҳукумати Киев музокира кунад.

Дар ин бора дафтари матбуоти садри аъзами Олмон хабар додааст. Аввалин сӯҳбати мустақими раҳбарони Олмон ва Русия мояи нигаронии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шуд, ки гуфт, Олаф Шолтз “роҳи хатарноке”-ро боз кардааст, ки “инзивои Русияро сабук мекунад ва ба музокироти маъмулие мерасонад, ки ба ҳеч чизе поён намедиҳад.”

Олаф Шолтз “ба азми қавии Олмон барои кумак доимӣ ба Украина дар муқобила ба таҷовузи Русия” таъкид кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Русия гуфт, ду тараф “табодули ошкоро ва ҷузъии назар дар бораи авзои Украина” доштанд.

Дар баёнияи Маскав омадааст, ҳаргуна созише дар ин замина бояд манофеи амниятии Русия, “воқеиятҳои қаламравҳои нав ва муҳимтар аз ҳама аз байн бурдани решаҳои муноқишаро дар назар дошта бошад.”

Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ

Саида Мирзиёева ва Комил Алламҷонов
Саида Мирзиёева ва Комил Алламҷонов

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ шаҳрванди Узбекистон Ҷавлон Юнусовро бо гумони даст доштан дар суиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов, шахси наздики Саида Мирзиёева, духтари президент Шавкат Мирзиёев, дастгир кардаанд.

Дар ин бора манобеи мустақил дар Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон рӯзи 14-уми ноябр ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Намояндаи сафорати Узбекистон дар Сеул боздошти Ҷавлон Юнусовро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.

Пештар “Интерпол” (пулиси байнулмилалӣ) ба мақомоти интизомии саросари ҷаҳон дархост фиристода буд, ки Юнусови 36-соларо пайдо ва боздошт кунанд.

Комил Алламҷонов, сардори пешини Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон , шаби 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Чизе, ки мақомоти Узбекистон ҳамчун суиқасд таҳқиқ мекунанд.

Пулис гуфт, ки чанд тир ба мошини “Range Rover” задааст. Алламҷонови 40-сола ва ронандааш наҷот ёфтанд.

Тирборон кардани мошинҳо дар шаҳри Тошканд маъмул нест, чи расад ба худрави як сиёсатмадори маъруф. Ҳоло суол ин аст, ки дар паси ҳамла кӣ истодааст? Ва ин рухдод барои режими Узбекистон, ки аз сӯйи хонаводаи Мирзиёев идора мешавад, чӣ маъно дорад?

Додгоҳи Маскав коргардон Бережинскаяро 8 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Маскав коргардони театр Анастасия Бережинскаяро ба 8 сол зиндон маҳкум кард.

Ӯро барои он гунаҳкор донистанд, ки соли 2022 дар навиштаву шарҳҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" таҷовузи Русияро ба хоки Украина маҳкум карда, гуё ба "куштан" ва "аз байн бурдан"-и президент Владимир Путин даъват намудааст.

Андрей Плужников, додраси Додгоҳи ҳарбӣ, рӯзи 14-уми ноябр Бережинскаяро расман ба "дуруст шумурдани терроризм", "паҳн кардани маълумоти дурӯғ" ва "беобрӯ кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия" гунаҳкор хонд.

Пештар додситон талаб карда буд, ки ӯро 10 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Анастасия Бережинскаяи 43-сола, ки дар ҷараёни баррасии парванда аз баёнот додан худдорӣ варзида буд, қисман ба гуноҳ иқрор кардааст.

Ӯ ҳангоми суханронии ниҳоӣ хитоб ба додрас гуфт: "Чизе илова карданӣ нестам. Ҳар қароре қабул кунед, мепазирам."

Волии Краснодар аз ҳамлаи Украина ба ин минтақаи Русия хабар дод

Краснодар. Акс аз моҳи сентябри 2024
Краснодар. Акс аз моҳи сентябри 2024

Вениамин Кондратев, волии Краснодар, дар Телеграм хабар дод, ки Украина субҳи 15-уми ноябр бо ҳавопаймоҳои бесарнишин (дрон) ба ин минтақаи Русия ҳамлаи густурда анҷом додааст.

Ҳадафи эҳтимолии ҳамла як пойгоҳи бузурги Русия дар наздикии шаҳри Кримск гуфта мешавад.

Русия аз моҳи феврали соли 2022, ки ба хоки Украина таҷовуз кард, бо мушаку бесарнишин ба зербинҳои ғайринизомӣ ва энержии ин кишвар зарба мезанад.

Украина бештар иншооти низомии Русия, аз қабили анборҳои сӯзишворӣ ва фурудгоҳҳоеро нишон гирифтааст, ки барои ҳамлаҳо ба қаламраваш истифода мешаванд.

“Аз бемории қанд даргузашт”. Дафни Тоҷиддин Мардонӣ

Тоҷиддин Мардонӣ
Тоҷиддин Мардонӣ

Тоҷиддин Мардонӣ, ховаршинос ва дипломати тоҷик, шаби 14-уми ноябр бар асари бемории қанд даргузашт. 77 сол дошт.

Намояндагони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ рӯзи 15-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Дурбати Ҳисор, дафн карда шуд.

Аз соли 1995 то 2001 сафири Тоҷикистон дар Узбекистон буд. Дар солҳои 2001-2004 сафорати Тоҷикистонро дар Туркманистон раҳбарӣ кардааст.

Баъд аз поёни маъмурияти дипломатӣ ба Пажӯишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ баргашт. Як муддат муовини раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ буд.

Тоҷиддин Мардонӣ дар замони Шӯравии собиқ ба ҳайси тарҷумон дар Яман ва Ироқ хидмат кардааст. То дами марг раёсати ҷомеаи дӯстии Тоҷикистон ва кишварҳои арабро бар уҳда дошт.

“Пайдоиш ва инкишофи анъанаи дузабонӣ” ва “таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷик” кори илмии ӯст.

Як кушта ва даҳ захмӣ. Ҳамлаи Русия ба шаҳри бандарии Одесса

Одесса
Одесса

Дар ҳамлаи Русия ба шаҳри бандарии Одессаи Украина як зан кушта ва даҳ нафар, аз ҷумла як кӯдаки 9-сола, захмӣ шудаанд.

Олеҳ Кипер, волии Одесса, рӯзи 15-уми ноябр гуфт, ки як лӯла осеб дид ва ҳазорон нафар аз гармӣ маҳрум гаштанд.

"Таваллудхона, чор мактаб ва 7 кӯдакистон низ бе гармӣ монданд," – афзуд Кипер.

Ба иттилои ӯ, як бинои истиқоматӣ дар маркази Одесса пурра вайрон шуда, чанд бинои баландошёна ва даҳҳо мошин зарар дидаанд.

NYT: Илон Маск бо намояндаи Эрон мулоқот кардааст

Илон Маск
Илон Маск

Илон Маск, миллиардер ва ҳампаймони Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, бо мақсуди коҳиши таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон бо сафири Эрон дар Созмони Милал мулоқот кардааст.

Дар ин бора рӯзномаи The New York Times рӯзи 14-уми ноябр хабар дод.

Нашрия аз қавли як манбаи номаълуми эронӣ мулоқотро "мусбат" номид ва навишт, ки онҳо рӯзи 11-уми ноябр дар як макони махфӣ беш аз як соат суҳбат доштанд.

То кунун тими Трамп ё намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқотро тасдиқ накардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Франс-Пресс”, агар мулоқот таъйид шавад, метавонад нишонаи ибтидоии ҷиддӣ будани Доналд Трамп дар мавриди дипломатия бо Эрон ва ҳамчунин аломати нуфузи Илон Маск, молики ширкатҳои Tesla ва SpaceX дар маъмурияти нави Трамп бошад.

Ҷасади як мунтақиди ҳамлаи Русия ба Украинаро ёфтанд

Алексей Зимин
Алексей Зимин

Ҷасади Алексей Зимин, ошпази машҳурро, ки аз мунтақидони сарсахти ҳамлаи Владимир Путин, президенти Русия ба Украина буд, дар Белград – пойтахти Сербистон – пайдо кардаанд.

Ӯ як тарабхонаро дар маркази Лондон, маркази Бритониё, роҳбарӣ мекард.

Додситони Белград ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи марги Алексей Зимини 53-сола аз пулис хабар гирифт. Барои санҷиши ҷасад ва муайян кардани сабабҳои марги Алексей Зимин дастур дода шудааст.

Баъзе аз манобеъ шоми 12-уми ноябр дар бораи ёфт шудани ҷасади як хориҷӣ дар минтақаи марказии Белград ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд.

Алексей Зимин дар паёми охиринаш дар Instagram рӯзи 4-уми ноябр эълон карда буд, ки рӯзи 7-уми ноябр дар як клуби Белград зиёфати махсус омода ва китоби нави худро бо номи "Англомания" муаррифӣ хоҳад кард.

Дар Маскав чанд тарабхона таъсис дода, муовини сардабири маҷаллаи “Afisha” ва сардабири “Afisha Food” буд. Барои нашрияҳои русии "Комерсант" ва "Ведомости" низ мақола менавишт. Вай дар шабакаи телевизионии НТВ-и Русия як барнома дошт. Нашри он баъд аз паёмҳои зиддиҷангияш бас шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG