Нахустин нишасти хабарии нозирони САҲА, ки барои назорат ба ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, бидуни баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ анҷом ёфт. Дар ҳоле ки намояндагони САҲА 60 расонаро даъват карда будаанд, ҳамагӣ чаҳор нафар ширкат карданд.
"Моро бегуноҳ донед ва озод кунед." Ин сухани охирини гумонзадҳо дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон аст, ки рӯзи 22-юми январ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Душанбе садо додааст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Дар шаҳри Турсунзода, баҳси гурӯҳе аз сокинон бо як соҳибкор идома дорад, ки мехоҳад, дар ҷойи ҳавлиҳои онҳо хона бисозад. Сокинон мегӯянд, пуле, ки барои хонаҳояш пешниҳод мешавад, назар ба арзиши бозор кам аст ва рафтори соҳибкор одилона нест.
Доналд Трамп дар як рӯз даҳҳо фармону қарор имзо кард; Эмомалӣ Раҳмон як вазиру чанд раисро гирифт; Ҳизби сотсиал-демократ ба интихобот нарафт; Дар Турсунзода кашмакаш барои хонасозӣ идома дорад ва хӯроки кӯдакон беҳтару қадашон баландтар шудааст.
Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ дар мақоми раисҷумҳури Амрико савганд хӯрд. Ӯ корро бо имзои чанд қарор ва аз байн бурдани баъзе аз созишҳои имзокардаи президенти пешин, Ҷо Байден, оғоз бахшид. Тафсилот дар видео.
Дар шаш соли охир хӯроки кӯдакон дар Тоҷикистон беҳтар шуда, ба рушди онҳо мадад кардааст. Агар соли 2017 мизони қадпастии кӯдакони то панҷсола ҳабдаҳуним дарсадро ташкил медод, акнун он то 14 дарсад поин омадааст. Ин нукта рӯзи 21-уми январ дар нишасте дар шаҳри Душанбе садо дод.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март ягон номзад пешниҳод накардааст. Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ хабарро тасдиқ кард. Масъулони ҳизб мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
19-уми январ, дар рӯзи нахустин аз марҳилаи аввали оташбаси Ғазза, се гаравгони исроилӣ ва 90 зиндонии фаластинӣ озод карда шуданд. Табодули зиндониён ва гаравгонҳо бар асоси созиши оташбас, ки бо миёнаравии Амрико, Қатар ва Миср ба даст омад, сурат мегирад.
Бозгашти Доналд Трамп ба Қасри Сафед, иҷрои оташбаси Исроил бо "Ҳамос", эътирозҳои миллатгароҳои рус зидди як оилаи серфарзанди тоҷик, кумаки Арабистони Саудӣ ба ниёзмандони тоҷик ва матолиби дигар.
Доналд Трамп савганд ёд намуда, ба Қасри Сафед бармегардад.
Тақдими манзил ба оилаи серфарзанди тоҷик дар вилояти Маскав миллатгароҳои русро ба ғазаб овард
Ёфтҳои бештар