Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки таҷҳизоти нави низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини “Акинҷӣ” ва “Аксунгур” гирифтааст. Президенти он кишвар тасмимро “ба вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа” пайванд дод, аммо аз мушкил ва кишвари хосе ном набурд.