Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтарони мо чорво нестанд, ё узр пурсад, ё истеъфо диҳад" ВИДЕО


Баҳси арӯсрабоӣ дар Қирғизистон авҷ гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Наздикони қурбониёни арӯсрабоӣ дар Қирғизистон аз як вакили порлумони ин кишвар талаб доранд, ки ё аз онҳо узр пурсад ва ё истеъфо диҳад.

Мавзӯи арӯсрабоӣ баъди як ҷаласа дар порлумони Қирғизистон доғ шуд. Вакил Мейкинбек Абдалиев ҳангоми баррасии тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ гуфт, дуздии чорво ҷиноятест бадтар аз рабудани арӯсон. Изҳороти мазкур ҷомеа ва махсусан наздикони духтаронеро, ки баъд аз рабудан кушта шудаанд, ба хашм овард.

"Мо духтарамонро аз даст додем"

Ойзода Канатбекова
Ойзода Канатбекова

Бактигул Шакенова, холаи Ойзода Канатбековаи 27-сола, яке аз қурбониёни арӯсрабоӣ аст. Марде дувуним сол пеш Ойзодаро, ки пешниҳои издивоҷро напазируфт, дуздид ва сипас кушт.

Ин фоҷеа он замон дар Қирғизистон сарусадои зиёд ба по кард. Бархе хулоса карданд, ки касе чунин амалро дигар пуштибонӣ нахоҳад кард, аммо баҳси охир дар порлумон нишон дод, ки арӯсрабоӣ дар Қирғизистон ҳанӯз тарафдор дорад.

“Ман талаб дорам, ки Вакил Мейкинбек Абдалиев ин суханонашро пас гирад ё истеъфо диҳад. Мо духтарамонро аз даст додем, ӯ ҳоло метавонист бо мо бошад. Талаб дорам, ки ӯ духтарони моро бо чорво баробар накунад. Ман дигар умуман гап надорам, ростӣ,” – гуфт Бактигул Шакенова, холаи Ойзода Канатбекеова.

Вакил Мейкинбек Абдалиев ва чанде аз ҳамкоронаш пешниҳод карданд, ки ҷазо барои дуздии чорво сахттар шавад. Абдалиев гуфт, чунин ҷинояткор бояд 12 сол ҳабс шавад. Ин дар ҳолест, ки барои дуздии одамон ҷазо дар Қирғизистон сабуктар аст. Фақат як вакил ба ин пешниҳод зид баромад.

"Чорво аз ҷони одам боарзиштар аст?”

Достон Бекешев
Достон Бекешев

Достон Бекешов, вакили мардумии Қирғизистон, гуфт, “ҷазо барои куштор бо бераҳмии хос тақрибан бо дуздии чорво баробар аст? Набояд ин хел бошад. Барои рабудани ду нафар ва зиёдтар аз он аз 7 то 11 сол зиндон бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст. Барои дуздии чорво ба миқдори калон аз 8 то 12 сол зиндон. Яъне, чорво аз ҷони одам боарзиштар аст?”

Вакил Мейкинбек Абдалиев дар посух мегӯяд, “арӯсрабоӣ анъана аст. Гузаштаҳои мо ин корро мекарданд. Инро бо дуздии чорво баробар накунед. Вақте чорворо медузданд, онро дубора мефурӯшанд, вале духтарро харидуфурӯш намекунанд. Дуруст?”

Барои чунин изҳорот, ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, вакил бояд аз ҷомеа маъзарат пурсад ва ё аз мақомаш биравад. Ба қавли ҳомии ҳуқуқ Лайло Нозгул, "ин метавонад барои зери суол бурдани одоб ва ваколати депутат дар порлумон асос шавад. Рабудани арӯс аслан анъана нест. Ин ҷиноятест, ки дар аксар ҳолат анҷоми фоҷеабор дорад.”

"Ала качуу"

Лайло Нозгул
Лайло Нозгул

Лайло Нозгул ду дафъа қурбонии «Ала качуу» ё арӯсрабоӣ шудааст. Тарҷумаи «Ала качуу» бигиру гурез аст. Бори аввал Лайлоро дар 16-солагӣ рабудаанд. Як шиносаш ӯ ва дугонаашро ба меҳмонӣ даъват кард ва он ҷо онҳоро гурӯҳи занон интизор буданд.

Сигор ӯро наҷот дод. Дар назди хешовандони ҷавоне, ки ӯро рабудан мехост, сигор кашид ва ӯро бетарбия хонданду озод карданд.

“Сигор ҳам аз рӯйи ҳавову ҳавас ба дастам афтод. Вале агар сигор намедоштам, маҷбур будам, роҳҳои дигари берун шуданро аз он вазъият ҷустуҷӯ кунам. Одам бояд барои худ мубориза барад. Таслим шудан ба назари ман аслан қобили қабул нест,” – гуфт Лайло Нозгул.

Тибқи қонун рабудани арӯсон дар Қирғизистон манъ аст. Пештар барои он то ҳафт сол зиндон пешбинӣ мешуд. Чор сол пеш қонунро ислоҳ карданд ва ҳоло ба нафаре, ки духтари ноболиғро медуздад, то 10 сол зиндон ва барои рабудани духтарони болотар аз 18-сола 7 сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар зимн, бо вуҷуди баҳсҳо, порлумони Қирғизистон барои дуздии чорво ҷазоро сахттар кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG