Моликони чанд тарабхонаи “ҳалол” ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ошхонаҳои онҳо моҳи октябри имсол дар пайи амалиёти маъмурони милиса, амният, андоз ва хадамоти беҳдоштӣ баста шуд.
“Кормандони хадамоти беҳдоштӣ ошхонаро ва маъмурони андоз хазинаву ҳуҷҷатҳоро санҷиданд. Маъмурони амниятӣ ҳуҷраи намозхониро тафтиш карда, кормандонро дар бораи ақидаҳои мазҳабияшон пурсиданд ва ҳатто телефони онҳоро санҷиданд,” -- изҳор дошт яке аз ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ.
Ба нақли соҳибкорон, мақомот барои гузарондани “рейд” ҳеч санад нишон надоданд. “Онҳо гуфтанд, шароб бифурӯш ва бе мушкил кор кун. Илова карданд, ки хуб мешавад, агар ба мо муқобилият нишон надиҳед", - гуфт соҳиби яке аз тарабхонаҳои басташуда дар Тошканд.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ, онҳо “қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекунанд”, “биноҳоро озода нигоҳ медоранд” ва “коргарон бо либоси сафед мегарданд”.
Мақомоти Узбекистон бастани тарабхонаҳои ба истилоҳ “ҳалол”-ро то ҳол шарҳ надодаанд.
Бар асоси дини Ислом нӯшидани шароб мамнуъст. Узбекистон тақрибан 35 миллион аҳолӣ дорад ва аксари онҳо мусулмон ҳастанд. Вале ин кишвари Осиёи Марказӣ бар асоси Қонуни асосияш дунявист ва нӯшидани шароб иҷоза аст.
Шарти мақомот чист?
Моликони баъзе аз тарабхонаҳо ба шарти фош нашудани ном гуфтанд, қабл аз амалиёт мансабдорон пинҳонӣ “вазъиятро меомӯзанд”.
“Онҳо ҳамчун муштарӣ омада, месанҷанд, ки оё тарабхона ҷойи намозхонӣ дорад ё не. Дар тарабхона шароб менӯшанд ё не,” – мегӯяд яке аз соҳибони тарабхонаҳо.
Соҳибкорон ба ин боваранд, ки дар натиҷаи чунин боздидҳои пинҳонӣ рӯйхати муассисаҳоро барои гузарондани амалиёт тартиб додаанд. Чун, ба нақли онҳо, “тарабхонаҳоеро, ки шароб мефурӯшанд, тафтиш намекунанд”. Бахши узбекии Радиои Озодӣ натавонист ин иддаоро мустақилона таъйид кунад.
Молики як тарабхона дар Тошканд мегӯяд, пас аз чанд рӯзи баста шудани муассисааш маъмурони амниятӣ ба ӯ занг зада, маслиҳат додаанд, ки барои фурӯши шароб иҷозанома бигирад.
Соҳибони тарабхонаҳои дигар низ айни гапро гуфтанд. Ба қавли онҳо, “ултиматум”-и нерӯҳои амниятӣ бештар ба маслиҳат монанд буд, на таҳдид. "Гуфтанд, мо ҳам мусулмон ҳастем, шуморо мефаҳмем, вале ин барои сайёҳони хориҷӣ зарур аст,” – нақл кард як соҳибкор ба бахши узбекии Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи яке аз соҳибони тарабхонаҳо, тасмими ӯ дар мавриди нафурӯхтани шароб ба бовари динияш рабт надорад. Ин мард ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тарабхонае кор мекард ва он ҷо аксар вақт байни муштариёни маст занозанӣ мешуд ва “баъзеҳо якдигарро бо корд таҳдид мекарданд”.
Соҳибкор ҳамчунин аз як мавриди заҳролудшавӣ аз шароб дар ҷойи кори пештарааш ёдовар шуд. “Баъд ба худ гуфтам, ки вақте тарабхонаи худро мекушоям, дар он ҷо шароб нахоҳам фурӯхт,” – афзуд ӯ.
Маҳдудиятҳо баргаштанд?
Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 дар Узбекистон ба қудрат расид, дар ибтидо барои аз байн бурдани баъзе аз маҳдудиятҳои боқимонда аз президенти собиқ Ислом Каримов ситоиш шуд. Ҳукумати ӯ садҳо маҳбуси мазҳабиро озод кард ва ҳазорон нафари дигарро аз рӯйхати сиёҳи ифротгароён берун баровард.
Аммо тайи моҳҳои охир дар бораи маҷбурӣ тарошидани риши мардон ва бозпурсиву боздошти диндорон дар Узбекистон гузориш мерасад.
Нуриддин Холиқназаров, раиси Идораи мусулмонони Узбекистон, моҳи сентябри имсол дар робита ба бурқапӯшии занон гуфт, “ҳар миллат анъана ва либоси хоси худро дорад.”
Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ моҳи сентябри имсол дар бораи поин шудани садои азон, аз ҷумла дар яке аз ноҳияҳои Тошканд, чандин шикоят гирифтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукумати Узбекистонро барои иҷро накардани ваъдаҳои супурдааш барои беҳбуди вазъи озодиҳои динӣ танқид мекунанд.
Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) моҳи сентябр гуфт, "мақомоти Узбекистон пешвоёни мазҳабиро ҷарима баста, бисёриҳоро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд."
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши нав дар бораи Узбекистон гуфт, Тошканд ба мисли пештара “динро таҳдид арзёбӣ мекунад ва дар натиҷа маҳдудиятҳои беасос ҷорӣ мекунад".
Гуфтугӯ