Муҳокимаи 22 нафар аз иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ дар Қарақалпоқистон, ки ба кӯшиши барҳам задани низоми конститутсионии Узбекистон гумонбаранд, рӯзи 28-уми ноябр дар Бухоро сар шуд.
Гуфтугӯ бо Ҳю Вилямсон, мудири Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар бораи фишор ба расонаҳои мустақил, маҳдудияти кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва боздошти фаъолон дар минтақа.
Чанд бахши калонтарин бозорҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистонро “растаҳои тоҷикӣ” ном мебаранд. Дар ин ҷо асосан фурӯшандагони тоҷик кор мекунанд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, гуфтааст, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.
Наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик, ки аз ҷониби як ниҳоди ҳукуматӣ ба Қазоқистон фиристода шуда буданд, мавриди фиреби корфармо қарор гирифтаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми 20-уми ноябр, ки ба хулосаи нозирони байнулмилалӣ бе рақобати воқеӣ гузашт, дигарбора раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Вай ба иҷрои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш 7 сол муҳлат дорад.
Интихоботи Қазоқистонро, ки ба гуфтаи мақомоташ бо пирӯзии раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев хотима ёфт, вале ба иддаои мухолифону нозирони байнулмилалӣ бе рақобат гузашт, дар Тоҷикистон ҳам дидаанд.
Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, рӯзи 20-уми ноябр интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд.
“Гўшае аз Тоҷикистон”. Ин номи ошхонаест, ки як зани тоҷик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъсис додааст.
Ҳукумати Қазоқистон талош дорад донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатиро ба ҳайси нозири мустақил дар интихобот ҷалб кунад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон, 150 километр дуртар аз Тоҷикистон маҳаллае аст бо номи Фирдавсӣ, ки дар он асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Гузаштагони онҳо 90 сол пеш аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Ёфтҳои бештар