Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон, 150 километр дуртар аз Тоҷикистон маҳаллае аст бо номи Фирдавсӣ, ки дар он асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Гузаштагони онҳо 90 сол пеш аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Фасодкорӣ дар миёни нухбагон (элита), аз ҷумла хонаводаҳои қудратманди Осиёи Марказӣ, барои расонаҳои мустақили минтақа мавзӯи хатарноке шудааст. Ҳамзамон маҳдудиятҳои дигар ҳастанд.
Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд? Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд? Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?
Дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд ба масъалае дахл шуд, ки бо Тоҷикистон пайванд мегирад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд.
Мансабдорони Қазоқистон беш аз як миллион долларро дар қиморбозӣ ё казино бохтаанд. Харҷи ин миқдор маблағ, ки аз маошу даромади кормандони давлатӣ бештар аст, дар ҷомеа мавҷи танқидҳоро ба бор овардааст.
Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст.
Давраи сеюм ва номаҳдуди Сӣ Ҷинпин, дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин, идомаи рушди иқтисодиву сиёсиро мумкин хоҳад сохт, вале дар шароити нав ва душвортаре барои ин кишвар.
Пас аз ду ҳафта нишасти пурсарусадои Владимир Путин бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо рӯзи 27-уми октябр онҳоро дубора дар Остона гирди ҳам овард. Аммо қабл аз нишасти якҷоя Шарл Мишел бо чанд раҳбар алоҳида вохӯрд. Аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот рӯзи 26-уми октябр сабабашро як гузориши видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номиданд.
Пешниҳоди ҷалби ҷониби севум ба ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои охир зиёд садо медиҳад. Кӣ метавонад миёнравӣ кунад? Оё дахолати нерӯи севум боиси шиддати низоъ намешавад?
Тоҷикистон ва Қирғизстон пас аз як моҳи даргирии мусаллаҳона дар марз дубора ҳамдигарро барои нақзи созишҳо ва низомисозии минтақаҳои сарҳадӣ муттаҳам мекунанд. Баёнияҳои расмии ҳарду ҷониб беш аз пеш шадидтар мешаванд ва нишон медиҳанд, ки даргирӣ ҳанӯз ба таври комил мутаваққиф нашудааст.
Ёфтҳои бештар